Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд

  • Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд
  • Чораҳо оид ба рушди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 26 май оид ба чораҳои ташкили минтақаҳои хурди махсуси иқтисодӣ ва саноатӣ дар ҳудудҳо, таъмини инфрасохтори зарурии онҳо ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Минтақаҳои саноатӣ ба туфайли дар як ҷо ҷамъ шудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дастрасии ягонаи алоқа барои рушди саноат аҳамияти калон доранд. Дар панҷ соли охир дар кишвар 19 минтақаи озоди иқтисодӣ ва беш аз 400 минтақаи хурди саноатӣ ташкил карда шуда, зиёда аз ҳазор лоиҳа амалӣ гардид. Натиҷаи ҳамин аст, ки 100 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда, соле ба маблағи 45 триллион сӯм истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шуд. Ба ғайр аз ин, корхонаҳои минтақаҳои саноатӣ ҳар сол содироти маҳсулотро ба 750 миллион доллар ва беш аз 1 триллион сӯм мадохилоти андозро таъмин мекунанд.

Ҷиҳати муҳими дигар ин аст, ки саноат ба ҳар ноҳия, минтақаҳои дурдаст ва дастнорас меояд. Аз чумла, дар 11 ноҳияе, ки умуман объектҳои саноатӣ набуданд, 205 корхонаи нав ба кор даромад.

 Бо вуҷуди ин захираҳои калони истифоданашуда ва як қатор камбудиҳо мавҷуданд. Нақшаҳои генералии баъзе минтақаҳои хурди саноатӣ то ҳол тасдиқ карда нашудаанд, баъзе минтақаҳои саноатӣ бо инфрасохтор пурра таъмин нестанд, бинобар ин татбиқи лоиҳаҳои тайёр кашол меёбад.

Ба ғайр аз ин, соҳибкорон то ки дар минтақаҳои саноатӣ кор кунанд, бояд аз тартиботи панҷзинагӣ гузаранд, беш аз даҳ ҳуҷҷат ҷамъ оваранд.

Президент қайд кард, ки ҳалли ин мушкилот барои рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои корӣ муҳим аст.

– Дар шароити иқтисоди бозорӣ бояд ба ҳар як ноҳия, ҳар маҳалла сармоя ворид шавад, – гуфт сарвари давлат. – Танҳо дар соли ҷорӣ 2 ҳазор лоиҳаро татбиқ карда, 110 ҳазор ҷойи нави корӣ созмон дода, ба 1 миллион доллар маҳсулот содир намудан мумкин аст. Ҷамъомади  имрӯзаи мо ба ҳамин мақсадҳо равона карда шудааст.

Вобаста ба ин, дар ҷамъомад тадбирҳо оиди бо нерӯи барқ, об, роҳ ва дигар шароитҳо таъмин кардани 6,6 ҳазор гектар замини озоди минтақаҳои саноатӣ баррасӣ шуд. Барои ин ҷудо намудани 1,5 триллион сӯм ё ки нисбат ба соли 2021 ду баробар зиёд маблағ ба нақша гирифта шудааст.

 Дар минтақаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагиву рангуборӣ ва коркарди ашёи хоми чарм бисёр лоиҳаҳои нав тартиб дода шудаанд. Барои онҳо иншоотҳои марказонидашудаи тозакунӣ лозиманд. Вобаста ба ин, оид ба бунёди иншооти муосири тозакунӣ дар ҷойҳое, ки барои чунин лоиҳаҳо ҷудо карда шудаанд, супоришҳо дода шуданд.

Чунон ки маълум аст, давлат хароҷоти бо инфрасохтор таъмин намудани лоиҳаҳои арзишашон беш аз 200 миллиард сӯмро маблағгузорӣ мекунад. Соҳибкорон аз вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд, Сурхондарё, Фарғона ва Тошканд аз ин имконият истифода бурда, лоиҳаи оид ба истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баландро ба маблағи 630 миллион доллар ба амал татбиқ намуданд.

Таъкид гардид, ки имсол барои чунин лоиҳаҳо дар минтақаҳо 170 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Аҳамияти ташрифи ҳокимони вилоятҳо ба дигар минтақаҳо, омӯзиши таҷрибаи ҳамкорон зикр гардид.

Дар Самарқанд таъсис додани минтақаи нави махсуси саноатии майдонаш 300 гектар эълон гардида,  оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва ташаккули лоиҳаҳо,  ки барои воридотивазкунӣ ва содирот нигаронда шудааст, супоришот дода шуданд.

Сарвари давлат ба масъалаи бюрократизм дар ташкили фаъолият дар минтақаҳои саноатӣ алоҳида дахл кард. Барои содда кардани ин тартиб тадбирҳо муайян карда шудаанд. Ҳамин тариқ, ваколати экспертизаи лоиҳаҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ татбиқшаванда ба Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ вогузор мешавад. Тартиби гирифтани хулосаи Маркази экспертизаи комплексии лоиҳаҳо ва шартномаҳои воридотӣ ҷиҳати татбиқи имтиёзҳо дар воридот бекор карда мешавад.

Дар айни ҳол қитъаҳои замин дар минтақаҳои саноатӣ ба савдои музояда аз ҷониби ҳокимиятҳо гузошта мешаванд. Минбаъд қитъаҳо аз ҷониби маъмуриятҳои минтақаҳои саноатӣ бо муайян кардани ӯҳдадориҳои сармоягузорӣ гузошта мешаванд. Инчунин, пас аз иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои сармоягузорӣ ба хусусигардонии объектҳои дар музояда харидашуда иҷозат дода мешавад.

Ба шарофати ин шумораи марҳилаҳои ҷойгиркунии лоиҳаҳо дар минтақаҳои саноатӣ коҳиш ёфта, мӯҳлатҳо аз 3 то 1 моҳ кам карда мешаванд.

Президент ҳамчунин дастур дод, ки масъалаҳои бақайдгирии ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва биноҳои соҳибкороне, ки солҳои тӯлонӣ дар минтақаҳои хурди саноатӣ фаъолият доранд, ҳал карда шаванд.

Таъкид гардид, ки барои таъмини мувофиқати содироти маҳсулот, мутобиқати онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи истеъмолкунандагон бояд минтақаҳои саноатӣ ба ихтиёри ширкатҳои хориҷӣ дода, сармоягузорони хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ҳокимон ҳисобот дода, соҳибкорон пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: