ЧОРАҲО ОИД БА ТАШКИЛ КАРДАНИ КЛАСТЕРҲОИ МЕВАВУ САБЗАВОТ МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 декабр бахшида ба масъалаҳои ташкил кардани кластерҳои ба меваву сабзавот махсусонидашуда, баланд бардоштани сифати тайёркунӣ ва афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти меваву сабзавот ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Ба мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва ҳосилнокии зироат дар сектори аграрӣ мувофиқи фармони Президент Стратегияи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2023 қабул шуд. Дар он оид ба диверсификатсияи истеҳсолот, фароҳам овардани иқлими мусоид барои агротиҷорат, силсилаи ташаккул додани арзиши баланди иловагӣ, истифодаи технологияҳои пешқадам вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд.
Ташкил кардани кластерҳо дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ натиҷаҳои хуб мебахшанд. Аз ҷумла, дар натиҷаи он ба пахтакорӣ технологияҳои нав ворид шуда, ҳосилнокӣ нисбат ба соли гузашта  20-30 фоиз баланд гардида, манфиатдории моддӣ афзуд. Соли ҷорӣ 73 фоизи ҳосили пахта ба саҳми кластерҳои пахтаву бофандагӣ рост омад.
Дар ин бобат дар соҳаи меваву сабзавоти мамлакат имкониятҳои бузург мавҷуд мебошанд, ки онҳо дар айни ҳол ба дараҷаи бояду шояд истифода намегарданд. 
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар Ӯзбекистон соле беш аз 21 миллион тонна маҳсулоти меваву сабзавот рӯёнда шуда, танҳо 1,5 миллион тоннааш содир карда мешавад. Инро бо он тавзеҳ додан мумкин, ки мо маҳсулоти дар бозори хориҷӣ рақобатпазир истеҳсол намекунем. Ҳосилнокии боғу токзорҳо паст мебошад. Масалан, агар дар хориҷа аз як гектар боғҳои интенсивӣ 70-100, дар баъзе намудҳои мева то 130 тонна ҳосил рӯёнанд, дар мамлакати мо аз як гектар 10-30 тонна, аз боғу токзорҳои анъанавӣ – 4-5 тонна маҳсулот ба даст меоранд. 
Дар мамлакатамон оид ба саракунӣ, қадоқкунӣ, азнавкоркард ва содироти маҳсулот 31 маркази агрологистикӣ созмон дода шудааст. Аммо аз сабаби нарасидани  маблағҳои дар муомила ва доимӣ набудани маҳсулот аксарияти онҳо танҳо дар мавсим кор карда, ҳамагӣ аз 10-15 фоизи иқтидорҳои мавҷуд истифода мебаранд. 
Аз сабаби мавҷуд набудани маркетинг, омӯхта нашудани ҳолати бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти ҷавобгӯи талабот ба миқдори зарурӣ рӯёнда намешаванд. Байни деҳқонон, корхонаҳои азнавкоркард ва содиргарон ҳамкорӣ ба роҳ монда нашудааст. Кишоварзон зироатро бидуни нақшаи ҷиддӣ кишт менамоянд ва дар натиҷа маҳсулот ба фурӯш намеравад, содиргарон бошанд, дар ҷустуҷӯи меваву сабзавот сарсон мегарданд. Ин дар кори ба роҳандозии шарикии дарозмуҳлат бо содиргарони хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки бо назардошти ҳамаи ин бояд дар соҳаи меваву сабзавот низоми кластерӣ ба роҳ монда шавад. Ҷалб намудани соҳибкороне, ки дар ин соҳа таҷрибаи бисёрсола  доранд ва барои нигоҳ доштану  азнавкоркарди маҳсулот соҳиби инфрасохтор мебошанд, бояд натиҷаҳои хуб бахшанд. 
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки муносибатҳои байни тайёркунандагони маҳсулот ва корхонаҳои кластериро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим оварда, манфиатҳои ҳар ду ҷонибро таъмин кунанд. 
Қайд гардид, ки сари вақт расонда додани захираҳои моддӣ ва пардохтани бунакпулиҳо, нав кардани боғу токзорҳои камсамар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд вазифаҳои асосии кластерҳо гарданд. 
Муҳим будани ташкил кардани курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ барои ташаббускорони кластерҳо бо ҷалб намудани коршиносони хориҷӣ, дар навбати худ, аз ҷониби кластерҳо оид ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои пешқадам, тайёр кардани маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ  барои фермерон баргузор намудани семинарҳои амалӣ таъкид гардид. Супориш дода шуд, ки дар мактабҳои олии ҳар як вилоят кафедраҳои дахлдор ташкил карда шаванд.
Президент ба масъалаҳои бо воситаҳои гардон таъмин кардани кластерҳо эътибори алоҳида дод. Оид ба дастгирии молиявии чунин иттиҳодияҳо то ба роҳ мондани фаъолияташон, аз он ҷумла аз ҳисоби маблағи Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ чораҳо муайян шуданд. 
Муҳим будани дар асоси имтиёз додани боғҳои интенсивӣ, токзор ва гармхонаҳо, ки аз ҷониби кластерҳо ташкил карда мешаванд, ба аҳолӣ ва соҳибкорон, инчунин сабукиҳо бинобар вомҳо дар давраи то пухта расидани ҳосил ва даромад ба даст овардани соҳибон қайд гардид. 
Ба Вазорати кишоварзӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шуд, ки  бинобар диверсификатсияи зироати рӯёндашаванда дар асоси таҳлили амиқи ҳаҷм, намуд, сифат, нерӯи содиротии ҳар як ноҳия чораҳо андешанд. 
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки дар ин ҷараён созмон додани плантатсияҳои серҳосил дар заминҳои истифоданамешуда, дар ҷойи боғу токзорҳои  каммаҳсул, рӯёндан ва вусъат додани содироти маҳсулоти меваву сабзавоти ҷавобгӯйи талаботи бозори хориҷӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ахбори шахсони масъули соҳа ва ҳокимони вилоятҳо шунида шуданд. 

ӮзА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: