ЧОРАҲО ОИДИ САРПУРСОЗИИ РАСТАҲО БО МЕВАЮ САБЗАВОТ

Моҳи аввали фасли зимистон низ қафо мемонад.

Дар арафаи Соли нав қарор дорем. Натиҷаи меҳнати таҳтидилона ва кордонию ташаббусҳои наҷиби фермерҳо ва заҳматкашони деҳот, боғбон ва зироаткорҳои соҳибтаҷрибаи мост, ки растаи бозорҳоямон аз маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни озуқаворӣ ва меваю сабзавот сарпур мебошад. Меваю сабзавот ва дигар анвои истеъмолие, ки дастархонамонро оро медиҳанд, хусусан, дар ярмарка-фурӯшгоҳҳои солинавие, ки дар бозорҳои деҳқониамон, аз ҷумла, дар бозорҳои хурду калони шаҳри Тошканд ташкил карда шудаанд, бо нархи арзоншуда фурӯхта мешаванд. Бо ин гуфтанием, чорабиниҳое, ки аз ҷониби ҳукумат доир ба рушди муттасили меваю сабзавот ва, умуман, ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ андешида мешаванд, самара бахшида, барои инкишофи бемайлони некӯаҳволӣ ва баланд шудани дараҷаи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.


Дар низоми идораи хоҷагиҳои боғдорӣ, ташкил кардани гармхонаҳо, дар зимистону аввали баҳор нигоҳдории беосеби маҳсулоти рӯёнидашуда механизмҳои замонавӣ истифода мегарданд. Ҷидду ҷаҳди комил  ба истеҳсоли маҳсулоти сифатнок, баробари сарпурсозии растаи бозорҳои дохилӣ ба зиёд кардани содироти маҳсулоти соҳа раҳнамунгашта, баробари ҳамин, саноати хӯрокворӣ рӯ ба ривоҷ ниҳодааст. Комёбиҳо зиёд, вале корҳое, ки дар самт бояд ба иҷро расонда шаванд,  бисёранд. Вақти он расида, ки ба вазифаҳое, ки иҷро шуданд, бо назари холисона ва бо чашми танқид назар афканем, бо хулосаҳои дуруст аз воқеият барои рафъи норасоиҳо сари вақт шурӯъ намоем. Бахшида ба ин мавзӯъ чанде пеш роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселекторӣ гузаронд. Дар он баробари зикри муваффақиятҳои боғдорону кишоварзон ва умуман алоқамандони соҳа норасоиҳое, ки дар парвариши меваю сабзавот, таъмини истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлӣ, дараҷаи ҳосилнокӣ ба назар мерасанд, қайд карда шуданд.
Ҳосилнокӣ ба дараҷаи дилхоҳ нест, он бояд камаш то ду-се баробар зиёд карда шавад. Даромад низ қонеъкунанда намебошад. Ба талафот ва нобудшавии ҳосиле, ки деҳқон ё боғбон бо сад ранҷ парвариш намудааст, роҳ гузошта мешавад. Ташкили дурусти нигоҳдории маҳсулот чашмикордонии бештар талаб менамояд.
Замин ва боғҳоямон серҳосил, мамлакатамон офтобӣ, мавқеи ҷуғрофиамон мусоид. Дар бозори ҷаҳонии меваю сабзавот, ки дар дараҷаи 205 миллиард доллари ИМА қарор доштааст, саҳми кишвари мо ҳатто ба як фоиз намерасад.
Ба барҳам додани «яккаҳокимии пахта» якчанд сол гузашт, пас аз оптимизатсияи майдонҳои «тиллои сафед» барои дар қитъаҳои васеъ парвариш намудани меваю сабзавот имкониятҳо фароҳам оварда шуданд. Боғ ва токзорҳои нав кайҳо ба мева даромаданд.
Вале самараи иқтисодии онҳо ҳанӯз паст, гуфт Президент дар ҷамъомад ва изофа намуд, то ба ҳол услуби кайҳо пешниҳодшудаи «таҳия– харид – нигоҳдорӣ ва коркард – содирот» татбиқи амалии худ наёфтааст. Корҳои илмию тадқиқотие, ки мутахассисони соҳа, аз ҷумла, селексионерон пеш мебаранд, ба талаботи замон чандон ҷавобгӯ не. Як қисм тухмиро ҳанӯз аз хориҷ меорем, ки ба иқлим ва шароити ҷуғрофии майдонҳои кишт носозгориашон гоҳо ба заҳматкашони деҳот душворӣ меоранд. Саршумори чорвое, ки бонӣ мекунем, сол то сол зиёд мегардад, вале усули бобоӣ – бо поруҳои маҳаллӣ таъминсозии киштзор аз эътибор дур мондааст. Муборизаи саривақт алайҳи зараррасонҳои кишоварзӣ на ҳамеша натиҷа мебахшад. Баъзан ба ин кор вақте ҷиддан шурӯъ мекунанд, ки ҳашароти зараркунанда ё алафҳои бегона аллакай таъсири худро гузошта ва ҳосилро ба дами беморӣ расонидаанд. Дар расонда додани меваю сабзавот ҳанӯз истифода бурдан аз низоми куҳна ба пешравии корҳо халал мерасонад. Низоми нави кооператсия ва кластер, ки ду-се соли охир воқеан қулай, дуруст ва самарабахш будани худро ба исбот расонд, на дар ҳама хоҷагиҳо дастгирӣ меёбад. Самаранокии кластер дар бозори ҷаҳонӣ низ кайҳо исботи худ ёфтааст. Вақти он расида, ки дар парвариши меваю сабзавот ва умуман равнақи соҳаи озуқаворӣ ба ташкил сохтани кластерҳои калон шурӯъ намоем ва мусоидии онро дар дастёбӣ ба даромад гаштаю баргашта гӯшзад созем.
Гуногунии шароити табиӣ, обу хоки кишвари паҳновари мо, баробари ин, дар ин ё он мавзеъ ба дараҷаи дилхоҳ пухтарасии навъҳои ҷудогонаи меваҷот ва рустаниҳои полизӣ аз касе сир нест. Бинобар ҳамин нафақат мавзеъҳои ҷудогона, балки ноҳияҳои алоҳида ба парвариши ин ё он навъи маҳсулот махсусонида мешаванд ва роҳбари давлати мо вазифа гузошт миқдори ин гуна ноҳияҳо ба 55-то расонида шавад. Ҷалб сохтани мутахассисони хориҷӣ дар асоси ивазсозии таҷрибаи байниякдигарӣ бояд ба роҳ гузошта шавад.
Дар мамлакати мо барои ташкили кооператсияҳои замонавӣ ҳаракатҳо оғоз ёфтанд ва интизор меравад қитъаҳои замин аз як то панҷ гектар ба иҷора супурда шавад. Муҳимтарин вазифа – дарёфти боғбон ва кишоварзоне, ки ба дарахт, замин ва об муносибат барқарор карда метавонанд. Замин ё дарахтро навозиш нанамоем, сари вақт ба ғизо таъмин насозем, он ҳеҷ вақт ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Бояд шахсони сазовор ба кооператсия фаро гирифта шуда ва қитъаҳои кишт, боғу токзорҳо ба соҳибони ҳақиқиашон супурда шаванд.
Аз деҳқон ва боғбони ҳақиқӣ деҳқонзодаву боғбонзодаҳо таҷриба омӯхта, аъзои хонадон тавре дар қитъаҳои наздиҳавлиашон дар майдонҳое, ки ба иҷора гирифтаанд, бояд таҳтидилона меҳнат кунанд. Ин ба татбиқи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» мусоидат мекунад. Барои барпои боғу токзорҳои нав дар асоси ин барнома бошад, ҷудо карда шудани як триллион сӯм маблағ ба нақша дароварда шудааст.
Вазифа гузошта шудааст дар соли 2020 миқдори маҳсулоте, ки марбут ба кишоварзӣ ва боғу токпарварианд, дар бозорҳои ҷаҳонӣ на камтар аз 2,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил намоянд. Дар се соли оянда бошад, ба 5 миллиард доллар расонда шудани ин миқдор ба нақша даромадааст.

М. ШОДИЕВ,
шореҳи иқтисодии 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: