Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 11 май ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба муҳокимаи масъалаҳои таъмини энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақаҳо ба вуқӯъ пайваст.
Дар мамлакатамон масъалаи вусъат додани потенсиали энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи энергия ба дараҷаи сиёсати давлат бардошта шудааст. Дар шаш соли охир иқтидорҳои нави тавлидкунандаи энергия дар ҳаҷми бештар аз 5 ҳазор мегаватт ба вуҷуд оварда шудааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ барилова 726 миллион киловатт-соат электроэнергия тавлид гаштааст.
Ҳамзамон интизор меравад, ки соли ҷорӣ норасоии электроэнергия 3 миллиарду 400 миллион киловатт-соатро ташкил менамояд, талаби якшабонарӯзӣ дар рӯзҳои гарми тобистони оянда метавонад аз 195 миллиони ҳозира то 255 миллион киловатт-соат зиёд гардад.
Дар ҷамъомад чораҳои сарпур намудани ин талаб ва таъмини бефосилаи кори шабакаҳои электрикӣ муҳокима гардиданд.
Шахсони масъул дар бораи чораҳо оиди ба кор андохтани неругоҳҳои офтобиву шамолӣ дар соли ҷорӣ ба иқтидори 2 ҳазор мегаватт, инчунин насб кардани девораҳои офтобӣ бо иқтидори 1,2 ҳазор мегаватт дар биноҳои корхонаҳо, бомҳои манзилҳо ва объектҳои иҷтимоӣ маълумот доданд.
Роҳбари давлат дар асоси рақамҳои дақиқ ба норасоиҳо дар ин кор ишора намуд. Ба ҳокимони баъзе ноҳияву шаҳрҳо, ки ба ин масъала аз паси панҷа нигоҳ мекунанд, танбеҳ дода шуд.
Президент гуфт, ки бо мақсади рағбатноксозии истифодаи манбаъҳои муқобили энергия қарорро дар бораи ҷорӣ намудани низоми сертификати «Энергияи сабз» имзо намудааст. Ҳамин тариқ, аз 1 июл ба неругоҳҳои барқи обӣ сертификати «сабз» дода мешавад. Ин низом аз 1 октябр нисбати тамоми энергияи электрикие, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешаванд, татбиқ мегардад.
Аз ҳисоби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба тамоми корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ ба миқдори 4 фоизи кредите, ки барои насби девораҳои офтобӣ ҷудо мегардад, ҷуброн карда мешавад. Аз ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ 100 миллион доллар барои минбаъд ҷудо намудани кредити имтиёзнок ба аҳолӣ ва соҳибкорон ҷалб мегардад.
Ба шахсони масъул татбиқи ин низом, рағбатноксозии аҳолӣ ва соҳибкорон, идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ барои насби девораҳои хурди офтобӣ супориш дода шуд.
Дар ҷамъомад ба таъмири шабакаҳои электрикӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Барномаи таъмир дар шаҳри Тошканд ба амал татбиқ мегардад. Ҳоло 667 километр шабакаҳои электрикӣ ва 175 трансформатор нав карда шудааст.
Ба ҳокимони ҳудудҳо супурда шудааст, ки захираи таҷҳизот ва масолеҳи электрикӣ ба вуҷуд оварда шуда, то 1 август таъмире, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ба анҷом расонда шавад. Барои ин бригадаҳои иловагӣ ба вуҷуд оварда шуда, мутахассисони баландмалака интихоб мегарданд.
Бо мақсади роҳ надодани қатъ гардидани нақли электроэнергия то 1 июн таъмин намудани неругоҳҳои барқии гармӣ бо ҳаҷми гази иловагӣ ба миқдори 6 миллион метри мукааб вазифа гузошта шуд. Тобистони соли ҷорӣ инчунин навбати якуми иқтидори 500 мегаватт неругоҳи барқӣ ба баҳрабардорӣ супурда мешавад, ки аз ҷониби ширкати «ACWA Power» дар вилояти Сирдарё сохта мешавад.
3 феврали соли ҷорӣ қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои гармиву энергетикӣ» қабул гаштааст. Бинобар ин вазифаи муовини Сарпрокурор ҷорӣ гаштааст, ки барои риояи қонунгузорӣ масъул мебошад ва низоми маҷмӯии назорат ба вуҷуд оварда шудааст. То ҳол ғайриқонунӣ истифода гардидани захираи барқ ба миқдори 250 миллиард сӯм фош гардида, ин зарар ситонда шудааст.
Роҳбари давлат ногузирии идома додани ин кор ва ҷилавгирӣ намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии захираи энергияро таъкид кард.
Инчунин масъалаҳои сарфаи энергия ва афзоиши истихроҷи ангишт муҳокима гардиданд.
Масъалаи мунтазам гузоштани бензин ва сӯзишвории дизел низ аҳамияти муҳим дорад. Маҳдудияти ворид намудани ин маҳсулот ба мамлакатамон аз байн бурда шудааст. Дар маҳалҳо иқтидорҳо барои нигоҳдошти 1 миллион тонна сӯзишворӣ вуҷуд доранд. Зикр шуд, ки ҳар як минтақа аз ин имконот истифода намуда, бояд захираи бензин ва сӯзишвории дизелро ба вуҷуд оварад.
Дар вақтҳои охир электромобилҳо оммавӣ мегарданд. Аз аввали соли ҷорӣ ба мамлакат қариб 5 ҳазор чунин воситаи нақлиёт оварда шудааст. Дар ҷамъомад ногузирии васеъ намудани шароит барои нақлиёти электрикӣ бо истифода аз имтиёзоти бавуҷудоварда ва афзоиши миқдори таҷҳизоти қувватдиҳанда дар маҳалҳо таъкид гардид.