ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ МУАЙЯН ШУДАНД

  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД
  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД
  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД
  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД
  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД
  • ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ  МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 14 март бахшида ба масъалаҳои рушди устувори иқтисодиёт ва трансформатсияи корхонаҳои давлатӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Чунон ки маълум аст, дар мамлакати мо бо мақсади инкишоф додани иқтисодиёти бозаргонӣ ва беҳтар намудани муҳити рақобат корхонаҳои давлатӣ тағйир дода мешаванд. Дар ҷамъомад масъалаҳои суръат бахшидан ба равандҳои табдилдиҳӣ ва хусусигардонии активҳои давлатӣ баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, суст будани суръати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти 25 корхонаи давлатӣ ишора гардид. Зарурати комилан даст кашидан аз амалияи дастгирии давлатии корхонаҳое, ки ба талаботи замон ҷавоб намедиҳанд ва бо зарар кор мекунанд, кайд гардид.

Вазъияти кор дар соҳаи нақлиёт низ баррасӣ шуд. Чораҳо оид ба вусъат додани ҳаракати мусофирони транзитӣ, содда гардондани низоми додани  рухсатнома ба рейсҳои чартерӣ, ба хабҳои транзитии минтақавӣ табдил додани аэропортҳои маҳаллӣ муайян шуданд.

Ба Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ўзбекистон ҳаво йўллари»  зарурати ҷорӣ кардани муносибатҳои замонавӣ барои кор дар шароити рақобати озод ва роҳ нагузоштан ба баланд шудани нархҳо ба авиабилетҳо таъкид карда шуд.

Дар ҷамъомад натиҷаҳои дар иқтисодиёт дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ пешбинишуда таҳлил карда шуданд. Ба истифода додани корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши даромад ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.  

Ба ҳокимон ва роҳбарони соҳаҳо супориш дода шуд, ки ба пешбурди лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ беасос роҳ надиҳанд. Вазифа гузошта шуд, ки назорат ба иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ пурзӯр карда, ба меъёрҳои иқтисоди бозаргонӣ мувофик будани лоиҳаҳои сармоягузорӣ омӯхта шавад.

Зимни баррасии масъалаҳои содирот дастур дода шуд, ки масъалаҳои нақлиётию логистикӣ бо дарназардошти вазъи кунунии бозори хориҷӣ, васеъ намудани ҷуғрофияи содирот ва пешниҳоди маҳсулот ба бозорҳои нав сари вақт ҳал карда шаванд.

Ҳокимони вилоятҳо дар бораи иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ ва устувории нархҳо дар бозорҳо маълумот доданд.  

Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарё низ муҳокима шуданд. Ҳисоботи ҳокимони вилоятҳои мазкур дар бораи чораҳо оид ба васеъ гардондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба роҳ мондани хатсайрҳои нави интиқоли содиротӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ шунида шуданд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: