Президент Шавкат Мирзиёев 9 август бо тақдимоти рушд ва диверсификатсияи даҳлезҳои нақлиётии байналхалқӣ шинос гардид.
Дар мамлакатамон саноат ва соҳибкорӣ торафт инкишоф меёбад. Аз аввали сол 50 ҳазор корхонаи нав ташкил гардида, миқдори содиркунандагон аз 7,5 ҳазор зиёд гардид. Ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 баробар афзуда, ба 8 миллиарду 200 миллион доллар расид.
Дар қатори истеҳсоли маҳсулот роҳандозии ҷодаҳои баромадан ба бозори ҷаҳон низ аҳамияти муҳимро молик аст. Ин хусусан имрӯз муҳим мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон масъалаи логистика хеле ҳассос гаштааст.
Бинобар ин корхонаҳои содиркунанда аз ҳар ҷиҳат аз ҷониби давлат дастгирӣ мегарданд. Имсол содироти маҳсулоти ватанӣ ба 32 бозори нав ба роҳ гузошта шуд. Инчунин ҷараёнҳое, ки бо дохил шудан ба Ташкилоти савдои ҷаҳонӣ алоқаманданд, тезонда мешавад.
Бо назардошти афзудани харҷи боркашонии содиркунандагон аз ҷониби давлат 170 миллиард сӯм барои қисман ҷуброн намудани харҷ пешниҳод гаштааст. Инчунин ҳаҷми субсиди харҷи нақлиёт барои корхонаҳое, ки ба Аврупо маҳсулоти тайёр содир мекунанд, аз 50 то 70 фоиз зиёд карда шудааст.
Маҳсулот ба хориҷ асосан бо 9 даҳлези нақлиётӣ гузошта мешавад. Дар тақдимот масъалаҳои муҳим бинобар ҳар як даҳлези нақлиётӣ ва инчунин пешниҳодот оид ба ҳалли онҳо муҳокима гардиданд.
– Инкишофи соҳаи нақлиёт омили муҳими баланд бардоштани рақобатбардории иқтисодиёт ба шумор меравад. Содирот ва сармоягузорӣ замоне меафзояд, ки нархи аслии боркашонӣ паст гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар назди Вазорати нақлиёт вазифаи таҳияи хатҳои ҳарчи муносибтар барои соҳибкорон ва ноил гардидан ба коҳиши харҷи нақлиётии онҳо гузошта шуд.
Аҳамияти ҳалли масъалаҳое, ки бо ба даст овардани иҷозатҳои иловагӣ барои кашондани борҳои содиргарданда ба Аврупо алоқаманданд, таъкид гардиданд. Якҷоя бо Покистон ва Туркманистон барои боркашонии роҳи автомобил ташкил намудани ширкатҳои муштараки нақлиётӣ пешниҳод гардид.
Дар бобати тезондани таъмири роҳи автомобилии «Қӯнғирот – Бенав», комилан ба кор андохтани иқтидорҳои вагонсозӣ супоришҳо дода шуд.