Чораҳои пурзӯр гардондани бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳокима шуданд

  • Чораҳои пурзӯр гардондани бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳокима шуданд
  • Чораҳои пурзӯр гардондани бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳокима шуданд
  • Чораҳои пурзӯр гардондани бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳокима шуданд
  • Чораҳои пурзӯр гардондани бехатарии ҳаракат дар роҳ муҳокима шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 11 феврал оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

– Дар давоми панҷ соли охир ин масъала аз тарафи ягон роҳбар ё ташкилот ҷиддӣ муҳокима ва таҳлил карда нашудааст. Қонунҳо ва кор дар ин соҳа тамоман ғайриқаноатбахш аст. Масъалаи бехатарии ҳаракат дар роҳ аз назорат баромадааст. Ин боиси эътирози мардум мегардад”, – гуфт сарвари давлат.

Дар соли 2021 дар кишвари мо беш аз 10 ҳазор садамаҳои нақлиётӣ рух дода, дар онҳо беш аз 9 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд, қариб 2,5 ҳазор нафар фавтидаанд.

Тибқи таҳлилҳо, 25 дарсади садамаҳо аз сабаби бад будани ҳолати роҳ ва муташаккил набудани инфрасохтор ба амал меоянд. Масалан, дар роҳҳои байни Попу Тӯрақӯрғон, Ҷарқӯрғону Деҳнав, Самарканду Ғузор, дар участкаи роҳи А-373, ки аз ноҳияи Ёзёвон мегузарад, ҳар сол даҳҳо одамон ҳалок мешаванд. Мутаассифона, дар ҳар вилоят, ҳар ноҳияву шаҳр чунин ҷойҳои хавфнок мавҷуданд.

Дар ҷамъомад ҳудудҳое номбар гардиданд, ки дар онҳо ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бештар рӯй медиҳанд, чорабиниҳои интизомӣ нисбати шахсони мансабдор муайян гардиданд. Роҳбари садорати корҳои дохилии вилояти Намангон, роҳбарони садоратҳои бехатарии ҳаракати роҳи вилоятҳои Андиҷон ва Самарқанд аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.

Таъкид шуд, ки сабаби аксарияти ҳодисаҳои роҳу нақлиёт барқасдона нописандӣ кардан нисбат ба қоида аз тарафи ронандагон ва бетаҷрибагии онҳо ва ҳамчунин ба қоида риоя накардани пиёдагардон мегардад. Бинобар ин соли ҷорӣ дар тамоми ҳудудҳо барномаи миллии «Роҳҳои бехатар ва бехатарии пиёдагард» татбиқ мегардад.

Ба Палатаи қонунгузорӣ ва идораҳои босалоҳият супурда шуд, ки таҷдиди назар намудан ва куллан такмил додани меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳаракати роҳ бо назардошти ҳодисаҳои рӯйдодаи дағалона ва такроран вайрон намудани қоида зарур мебошад.

Бо мақсади бебозгаштии таъмини ҷазо низоми холҳои ҷаримавӣ барои ҳар як вайрон намудани қоида ба нақша гирифта шудааст. Барои мисол, агар ронанда суръатро аз муқарраршуда баланд кунад, вай як хол, агар дар чароғаки сурх убур кунад, 3 холи ҷаримавӣ мегирад. Агар миқдори умумии поймолсозии қоида соле аз 12 хол зиёд гардад, ронанда аз идора кардани автомобил маҳрум карда, ба такроран супурдани имтиҳон равон карда мешавад.

Ғайр аз ин тартиби муайян намудани мукофоти суғуртавӣ дар бобати суғуртаи маҷбурии масъулияти ронанда дар асоси холҳои ҷаримавӣ ҷорӣ карда мешавад.

Намуди нави ҷавобгарӣ – авбошии роҳ – барои бемасъулиятона рондани автомобил ва ба вуҷуд овардани мамониат ба дигар иштирокдорони ҳаракат ҷорӣ карда мешавад.

Роҳбари давлат дар ҳоле, ки аз кӯҳна гардидани қоидаи ҳаракати роҳ ёдовар мешуд, супориш дод, ки он бинобар стандартҳои байналхалқӣ – бо назардошти фикри мутахассисон ва ронандагон нав карда шавад.

Дар ҷамъомад масъалаҳои тарбия ва озмоиши ронандагон баррасӣ гардиданд. Миқдори воситаҳои нақлиёт дар мамлакатамон сол то сол меафзояд, маданияти эҳтироми ҳамдигар ва малакаи ронандагон, баръакс, коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, 75 фоизи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби ронандагони то 35-сола содир шудааст. Барномаҳои таълимӣ ва воситаҳои таълимӣ, ки аз рӯи онҳо дар автомактабҳо таълим дода мешаванд, ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нестанд.

Бинобар ин ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ назорати сифати таълим дар автомактабҳо гузошта шуд. Супурда шуд, ки талабот ба чунин мактабҳо ва марказҳои озмоишӣ таҷдиди назар гардида, самаранокии таълими ронандагӣ ва малакаи муаллимон баланд бардошта шавад.

Усули самарабахштарини идора кардани мавҷҳои нақлиёт рақамисозӣ аст. Аммо кор дар ин самт хеле суст меравад. Аз он ҷумла, идораи рақамӣ ҳамагӣ аз 602 чорроҳаи шаҳри Тошканд танҳо 111-тоашро фаро мегирад. Дар шаҳрҳои дигар чунин низом умуман ҷорӣ нашудааст.

Дар назди ҳокимияти шаҳри Тошканд вазифаи рақамисозии идораи ҳаракати роҳ дар роҳҳои пойтахт, дар сурати дар ду соли наздик бо ин васила фаро гирифтани тамоми чорроҳаҳо гузошта шуд. Татбиқ намудани чунин низом дар минтақаҳо ба зиммаи ҳокимони вилоятҳо гузоша шуд.

Зарурияти таҳияи консепсияҳои нави ташкили ҳаракати роҳ ва таъмини бехатарӣ дар шаҳри Нуқус ва марказҳои вилоятҳо таъкид шуд.

Дар ҷамъомад инчунин ҳолати роҳ ва мушкилоти инфрасохтор таҳлил гардид.

Соли гузашта аз аҳолӣ беш аз 10 ҳазор муроҷиат аз рӯи масъалаҳои ҳаракати роҳ расидааст. Аз он ҷумла, беш аз 2 ҳазор чорроҳаи серҳаракат ва қариб 10 ҳазор гузаргоҳи пиёдагардӣ бо светофор ва дигар воситаҳо муҷаҳҳаз нагаштааст. Дар маҳалҳои аҳолинишин қариб 15 ҳазор километр пайроҳаҳои пиёдагард ва велосипедронӣ намерасад.

Ғайр аз ин, нимаи аломатҳои роҳ ва нишондодҳо ба талаб ҷавоб намедиҳанд. Аксарияти корхонаҳои назди ҳокимиятҳои вилоятҳо, яъне масъулони гузоштани аломат ва светофорҳои роҳ, аз техникаи куҳна истифода мекунанд. Муайян карда шуд, ки корхонаҳои мазкур ба ихтиёри садорати бехатарии ҳаракати ҳудуди мазкур дода мешавад.

Аз ин пас барои гузоштани аломати светофор ва василаҳои равшанидиҳӣ, хаткашии роҳ, муайян намудани пайроҳаҳои пиёдагард дар марказҳои вилоятҳо ва ноҳияҳо, барои ташкили техникии ҳаракати роҳ дар маҷмӯъ танҳо низоми бехатарии ҳаракати роҳ масъулиятро ба гардан мегирад. Барои таъмини молиявии ин кор фондҳои ҷумҳурӣ ва вилоятии «Бехатарии роҳ ва бехатарии пиёдагард» ташкил карда мешавад.

Ғайр аз ин, монополияи Кумитаи роҳҳои автомобилгард барои истеҳсоли аломатҳои роҳ бекор карда шуда, ба ин соҳа соҳибкорон ҷалб карда мешаванд.

Роҳбари давлат супориш дод, ки ҳаракат дар роҳҳо барои ронандагон ва пиёдагардон ҳарчи қулайтар гардад.

– Қоидаи ҳаракати роҳ аз лиҳози илмӣ асоснок бояд бошад. Дар кӯчаҳои марказии шаҳрҳои калон андешамандона суръати ҳаракат бояд маҳдуд карда шавад. Аз он ҷумла, дар назди мактаб ва боғчаҳои бачагона суръати ҳаракат соате набояд аз 30 километр зиёд бошад. Дар баъзе кӯчаҳои серодам суръат аз 70 километр соати имрӯза то 60 километр бояд кам карда шавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бинобар ин вазифаи ташкил кардани маркази илмиву амалӣ, ки ба соҳаи мазкур ихтисос меёбад, гузошта шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дар  ҷамъомад муҳокимагардида шахсони масъули соҳа ва ҳокимон баромад карданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: