Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд

  • Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд
  • Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд
  • Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд
  • Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд
  • Чораҳои рушди саноати электротехника баррасӣ гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 6 май оид ба масъалаҳои рушди саноати электротехника ҷамъомад баргузор намуд.

Тайи панҷ соли охир ба ин соҳа 465 миллион доллар сармоягузорӣ шуда, 163 лоиҳаи нав роҳандозӣ шудааст. Истеҳсоли маҳсулот 4 баробар, содирот 3 баробар афзуд. Аз ҳама муҳимаш, шумораи ҷойҳои корӣ ду баробар афзуда, ба 32 ҳазор нафар расид.

Дар баробари ин дар соҳа  имкониятҳои истифоданашуда бисёранд. Дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав вазифаи ду баробар зиёд гардондани истеҳсоли маҳсулоти электротехникӣ ва се баробар афзун гардондани содирот дар соли 2026 гузошта шудааст. Дар ҷамъомад вазифаҳои муҳими самти мазкур муҳокима шуданд.

Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ роҳандозии 86 лоиҳа ба маблағи 250 миллион доллар дар назар аст. Сарвари давлат зарурати омӯхтани талаботи аҳолӣ ва таркиби воридот, истеҳсоли маҳсулоти муносиб, ташаккули лоиҳаҳои нав дар минтақаҳоро таъкид кард.

Дар мамлакати мо конҳои нав кашф карда мешаванд, захираҳои мис зиёд мегарданд. Мувофиқи ҳисобҳо истеҳсоли мис дар солҳои наздик ду баробар меафзояд. Мутобиқи ин, дар кластери нави миси ноҳияи Оҳангарон иқтидорҳо оид ба коркарди 90 ҳазор тонна мис дар доираи 12 лоиҳаи арзишашон 168 миллион доллар созмон дода мешаванд Ба корхонаҳое, ки дар ин кластер иштирок мекунанд, имкони харидории мис аз рӯи шартномаҳои дарозмуддат бо тахфиф аз нархҳои биржавӣ дода мешавад.

Сарвари давлат оид ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва молиявии кори ин кластер супоришҳо дод.

Тавре маълум аст, дар мамлакати мо энергетикаи муқобил инкишоф меёбад. Лоиҳаҳои нав дар ин соҳа ҷузъҳоро ба маблағи на камтар аз 1 миллиард доллар талаб мекунанд. Инро ба назар гирифта, муҳим будани маҳаллӣ гардондани истеҳсоли ҷузъҳо кайд гардид дар ҷамъомад.

Вазифа гузошта шуд, ки барномаи махсуси насби системаи гармидиҳии об дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва равшании кӯчаҳо дар асоси манбаъҳои алтернативии энергия таҳия карда шавад.

Соҳа иқтидори бузурги содиротӣ дорад. Ҳамин тариқ, кишварҳои ҳамсоя ҳамасола ба маблағи миллиардҳо доллар маҳсулоти электротехникӣ мехаранд. Аммо ҳиссаи молҳои тавлиди Ӯзбекистон дар воридоти онҳо ночиз аст.

Зимнан зикр гардид, ки содироти ин соҳа метавонад дар соли ҷорӣ ба 700 миллион доллар ва соли оянда то ба 1 миллиард доллар расонида шавад. Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки дар ҳудуди гумрукӣ бо мисоли асбобу анҷоми рӯзгор низоми коркард ташкил карда шавад.

Барои дар саноат ҷорӣ намудани инноватсияҳо  ва вусъат додани содирот ба фонди электротехникӣ ҷудо кардани 20 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст.

Ба идораҳои масъул аҳамияти пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат ба бозори дохилӣ, ҷорӣ намудани системаи тамғагузории техникаи маишӣ зикр карда шуд.

Оид ба ташкил кардани Маркази лоиҳакашӣ ва инжиниринги назди ассотсиатсияи “Ўзэлтехсаноат”, инчунин марказҳои тадқиқот ва рушди (Research and development) дар пойгоҳи корхонаҳои “Ӯзэлектроаппарат”, “Артел”, «Узкабел» ва технопаркҳо, ҷалби мутахассисони соҳибихтисоси хориҷӣ ва маҳаллӣ ба онҳо супоришот дода шуданд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои тарбияи кадрҳо дахл карда шуд. Дар се соли наздик ба саноат 4 ҳазор нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 14 ҳазор нафар коргарони дорои маълумоти миёна лозиманд.

Ба вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус супурда шуд, ки барномаҳои таълимӣ оид ба электротехникаро аз нав дида баромада, такмил диҳанд. Қарор дода шуд, ки коллеҷи касбу ҳунари радиотехникии Тошканд, техникумҳои хидматрасонии Самарқанд ва Чирчиқ, коллеҷи электротехникии Фарғона ба ихтиёри ассотсиатсияи «Ӯзэлтехсаноат» дода шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: