ЧОРАҲОИ ТАБДИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ПОЧТА БА СОҲАИ ДАРОМАДНОК БАРРАСӢ ШУДАНД

Президент Шавкат Мирзиёев 5 октябр доир ба масъалаҳои ислоҳоти низоми почтаи миллӣ машварат баргузор кард.

Президент Шавкат Мирзиёев 5 октябр доир ба масъалаҳои ислоҳоти низоми почтаи миллӣ машварат баргузор кард. 

Таъмин кардани эътидоли соҳа аз ҳисоби тахассуссозии низоми почта барои расонда додани  мактубҳо, фиристода ва борҳо, хидматрасонии бонкӣ, молиявӣ ва давлатӣ муҳим ба шумор меравад. Дар низоми ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон почтаси» дар тамоми мамлакат беш аз 2 ҳазор шуъба амал мекунад, дар онҳо 7 ҳазор нафар кор мекунанд. Вале бинобар набудани эътибори зарурӣ рушди оммавии соҳаи хидматрасонии почта коҳиш ёфт. Аз ҷумла, тӯли 15 соли охир 1,3 ҳазор шуъба баста шуданд. Соли гузашта аз 6 ҳазор тонна бор, ки аз хориҷа фиристода шудаанд, танҳо 10 фоизашон ва 30 фоизи хидматрасонии курерӣ ба зиммаи низоми почтаи миллӣ буд.
Вобаста ба ин вазъият дар маҳалҳо омӯхта, бо иштироки коршиносони Бонки рушди осиёӣ бобати ислоҳоти низоми почта таклифҳо андешида шуданд. Дар машварат нақшаҳо оид ба татбиқ намудани ин таклифҳо дар мисоли шуъбаҳои почтаи ноҳияҳои Сергелӣ, Янгиқӯрғон ва Тошканд пешниҳод гардиданд. 
Роҳбари давлат таъкид сохт, ки барои рушди низоми почта он бояд ба соҳае, ки даромад меорад, табдил дода шавад. Имконияти зиёд кардани даромади шуъбаҳои почта аз ҳисоби ба роҳ мондани  шарикӣ бо операторони хусусӣ, ҷорӣ намудани хидматҳои иловагӣ таъкид гардид. 
Чунончи, алҳол савдои электронӣ хеле ривоҷ меёбад. Хидматҳо бобати расонда додани борҳое, ки аз тариқи интернет харид шудаанд, тақозо мегарданд. Ғайр аз ин ширкатҳои боррасонии байналхалқие, ки дар кишвари мо амал мекунанд, дар минтақаҳо бахшҳои худро надоранд. Агар ин имкониятҳо самарабахш истифода, расонда додани борҳои почта ва маҳсулот то соҳиби он ба роҳ монда шаванд, натиҷаи хуб хоҳад дод. 
– Вазифаи асоситарини соҳаи почта ин наздик кардани дур, сабук сохтани душвор ба шумор меравад, – гуфт Президент.
Дар машварат барои дар ноҳияҳо кор карда баромадани низоми мазкур ва аз 1 марти соли оянда дар маркази вилоятҳо, аз 1 июл дар тамоми мамлакат ҷорӣ намудани он вазифа гузошта шуд.  Зарурияти ба роҳ мондани низоми маълумот, ки имкон  медиҳад қабул, ба навъҳо ҷудокунии фиристодаҳои почтавӣ ва назорати онҳо дар режими онлайн автоматиконида шавад, таъкид гардид. 
Ҳамчунин супориш дода шуд, ки то охири соли равон онлайн-платформаи миллии савдо ба роҳ гузошта шавад.  Аз тариқи низоми мазкур соҳибкорон маҳсулоти худро тақсим мекунанд, оператори миллӣ барои то ба соҳибаш расонда додани он машғул мешавад. Дар ин маврид «Ӯзбекистон почтаси» дар кори  байни харидор ва фурӯшанда ба сифати кафил хидмат мекунад. Бо ин мақсад бояд соли оянда дар Тошканд маркази логистикӣ ташкил карда шавад, зикр гардид дар машварат. 
Боз як манбаи даромад барои соҳа ин ба роҳ мондани хидматҳои асосии давлатӣ дар шуъбаҳои почта ба шумор меравад. Вобаста ба ин барои ташкил кардани 13 намуди хидматҳои давлатӣ дар 300 шуъбаҳои ноҳиявии «Ӯзбекистон почтаси» вазифа гузошта шуд. Супурда шуд, ки чунин хидматҳои бонкӣ, аз ҷумла инкасатсияи маблағҳои нақд, амалиётҳо бо кортҳои пластикӣ дар шуъбаҳои почтаи ноҳияҳои Сергелӣ, Янгиқӯрғон ва Тошканд ҷорӣ карда шаванд. 
Тӯли чор соли охир ҳаҷми тақсимкунии  нашрияҳои чопӣ аз тариқи низоми «Ӯзбекистон почтаси» 3 баробар коҳиш ёфт, саҳми он дар ҳаҷми умумии расонда додани матбуот 13 фоизро ташкил медиҳад. 
Ба шахсони масъул супурда шуд, ки ба инкишоф додани низоми паҳнукунии матбуот, ташкил кардани обунаи онлайн барои рушди нашрияҳои даврӣ эътибор диҳанд. 
Ба масъалаҳои бозомӯзонии кадрҳо барои ба роҳ мондани навъҳои нави хидматрасонии почтавӣ, истифода бурдани бинои шуъбаҳои почта дар асоси шарикии давлативу хусусӣ эътибор дода шуд.

ӮзА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: