Ғизошиносон мегӯянд, ки микроэлементҳо дар таркиби чормағз метавонанд ба ғадуди сипаршакл таъсири мусбат расонанд, хусусан ҳангоми истеъмоли якҷоя бо хурмо
Истеъмоли мунтазами чормағз метавонад масъуниятро баланд кунад, инчунин таъсири стресс ва фишори асабро коҳиш диҳад. Дар ин бора ғизошинос Олга Кораблева гуфт.
Ба қавли ӯ, дар ин равандҳо мелатонин, гормоне, ки барои хоб рафтан ва бедор шудани инсон масъул аст, нақши муҳим дорад.
"Дар 100 грамми чормағз 270 нанограмм мелатонин мавҷуд аст", - гуфт Кораблева.
Аз ин рӯ, ба гуфти мутахассис, агар хоби шумо халалдор шавад, метавонед барои хӯроки шом чормағз бихӯред.
Илова бар ин, чормағз дорои витаминҳои C ва E мебошад - онҳо раванди пиршавиро суст мекунанд. Инчунин, дар таркиби ин мева равғании зиёд мавҷуд аст, ки хотираро беҳтар мекунад ва тамаркузро зиёд менамояд.
Чормағз махсусан барои занон муфид аст, ки нисбат ба мардон бештар ба камхунӣ гирифтор мешаванд.
Гап дар сари он аст, ки чормағз дорои консентратсияи баланди оҳан ва руҳ мебошад.
Синк барои солимии пӯст, нохунҳо ва мӯй муҳим аст. Синк инчунин ба ғадуди сипаршакл таъсири судманд дорад.
"Барои фаъолияти мӯътадили ғадуди сипаршакл йод лозим аст. Мо метавонем онро аз чормағз, алафҳои баҳрӣ, маҳсулоти баҳрӣ, моҳӣ, фейхоа ва хурмо ба даст орем", - мегӯяд парҳезшинос Ирина Рил.
Илова бар ин, тирозин барои истеҳсоли гормонҳо лозим аст, меафзояд коршинос. Ин кислота дар авокадо, киви, анҷир, зардолу ва банан мавҷуд аст.