ЧОРШАНБЕ – РӮЗИ САРМОЯГУЗОРӢ

Бо дарназардошти иҷрои вазифаҳое, ки дар маърӯзаҳои сарвари давлат омадааст, аз 17 апрели соли ҷорӣ ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта рӯзи сармоягузорӣ гузаронида мешавад.

Маркази ба тадбиркорӣ кӯмакрасони ноҳияи Янгиобод бо иштироки соҳибкорони ботаҷриба ва ҷавононе, ки майли соҳибкорӣ доранд, машварат гузаронд.
Дар ин машварат нақшаҳои асосии марказ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ходимони раёсати савдои хориҷӣ ва сармоягузории вилояти Ҷиззах соҳибкориро аз пешомадҳои асосии ҷодаи сармоягузорӣ, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Янгиобод амалӣ хоҳанд гашт, хабардор карданд.
Дар ноҳия корхонаи калони паррандапарварӣ бунёд мегардад, ки корҳои сохтмони он ду миллиард сӯм арзиш дорад.
Ба ғайр аз ин дар майдони 300 гектар замин боғ барпо карда мешавад. Қисми асосии онро чормағззор, себу зардолу ташкил мекунанд. Амалӣ гардидани ин корҳо боиси коҳиш ёфтани бекории аҳолӣ хоҳад гашт, – таъкид гардид дар машварати навбатӣ.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: