ЧОРВОДОРӢ ЭЪТИБОРИ МАХСУС МЕХОҲАД

Семинари навбатии ҳокимияти вилояти Қашқадарё соҳаи чорводориро фаро гирифта, дар яке аз ноҳияи чорвопарвари қаламрав – Муборак баргузор гардид.

Муротҷон Азимов – ҳокими вилояти Қашқадарё аз ҷумла гуфт, ки чорводорӣ аз қадим шуғли дӯстдоштаи мардуми мо ба ҳисоб меравад ва яке аз ҳафт хазина маҳсуб меёбад. Агар дар соҳаи чорводорӣ сидқан меҳнат бикунанд, даромади шоёне ба даст хоҳад омад. Иқлим ва муҳити зист дар кишвари мо ба соҳаи чорводорӣ хеле мусоид аст ва аз ин ҷост, ки бошандагони қаламрав ба соҳаи мазкур эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аммо ба таъкиди ӯ талаботи рӯзафзун ба маҳсулоти гӯшту шир дар бозори дохиливу хориҷӣ сарваронро водор кардааст, ки ба ривоҷи соҳаи чорводорӣ эътибори махсус диҳанд. Таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза яке аз нақшаҳои стратегии ҳукумат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки ташкили хоҷагиҳои фермерии ба чорводорӣ махсусгардонидашуда ва ҳамчунин дар байни аҳолӣ зиёд намудани саршумори чорвои калону реза ба дастури махсуси ривоҷ додани соҳаи мазкур ворид гаштааст ва кунун бо роҳандозӣ шудани ислоҳоти иқтисодӣ дар саросари кишвар тарҳҳои махсусе рӯи даст қарор доранд, ки маҳз ба пешбурди соҳаи чорводорӣ нигаронида шудаанд. 
Дар ҷараёни дидору мулоқот таъкид гардид, ки имрӯз дар ноҳияи Муборак 139 хоҷагии фермерии махсуси чорвопарварӣ амал мекунанд ва фаъолияти хубу муназзаме мебаранд. Як қисми талаботи бозори дохилии вилоят ба маҳсулоти гӯшту шир бар зиммаи фермерҳои чорводори ноҳияи Муборак вогузор аст ва онҳо ин корро сарбаландона иҷро мекунанд. 
Дар семинар роҳбарони секторҳои вилоят аз мушкилоти имрӯзи чорводорони ноҳияи Муборак воқиф гардида, ваъда доданд, ки дар зудтарин фурсат роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо хоҳанд намуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: