ЧОРВОИ ЗОТӢ – БОИСИ АФЗОИШИ ГӮШТУ ШИР

Ҳоло бо истеҳсоли пахтаю ғалла маҳдуд нашуда, баҳри зиёдтар кардани намуди истеҳсоли маҳсулот дар хоҷагии фермерӣ азму кӯшиш намудан тақозои замон аст.

Ҳоло бо истеҳсоли пахтаю ғалла маҳдуд нашуда, баҳри зиёдтар кардани намуди истеҳсоли маҳсулот дар хоҷагии фермерӣ азму кӯшиш намудан тақозои замон аст.
  Боиси хушнудист, ки як қатор хоҷагиҳои фермерии ноҳияи Қарокӯл бо мақсади зиёд кардани намудҳои истеҳсоли маҳсулот ба соҳаи чорвопарварӣ низ рӯ овардаанд. 
Дар ин бобат корҳое, ки дар хоҷагиҳои фермерии «Фарангис», «Субҳон-Тоҳир-чорводор» ва «Кӯксарой»ба амал меоянд, ҷолиби диққат аст. Чорвопарварони ин хоҷагиҳо аз Русия, мамлакатҳои назди Балтика ва дигар давлатҳо чорвои калони зотӣ аз қабили «Аngus», «Golshteyn» оварда ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мешаванд. Мувофиқи барномаи сармоявии рушди ҳаматарафаи ҳудуд дар солҳои 2020-2021 хоҷагии фермерии «Кӯксарой» лоиҳаи ба 2 миллиарду 500 миллион сӯм оварда нигоҳубин кардани чорвои калони наслдор, бо ин роҳ дар хоҷагӣ фароҳам овардани 10 ҷойи нави кориро ба нақша даровардааст. Чорвопарварони хоҷагӣ аз ҳисоби худ молхона сохта аз шӯъбаи ноҳиявии бонки халқӣ ба миқдори 100 ҳазор евро (аз ширкати «Cargill Financial Services International Ink»-и ИМА) кредит гирифта, аз Олмон 92 сар чорвои сиёҳи зотдори «Angus» оварданд. Ҳоло чорвопарварони хоҷагии фермерӣ ба ғайр аз ин 200 сар моли сиёҳ, бештар аз 100 сар гови ҷӯшоӣ доранд.  Онҳо ният доранд, ки солҳои наздик саршумори чорвояшонро ба 500-то расонанд.  Сарвари хоҷагии фермерӣ Амон Рӯзиев ният дорад, ки соли оянда бо мақсади коркарди шир сех ташкил намояд.  

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: