ЧОҲКАН — ЗЕРИ ЧОҲ

Мақолу зарбулмасалҳо маҳсули заковати аҷдоданд.

. Онҳо, яъне гузаштагони мо, таҷрибаи дар пастиву баландӣ, гармиву сардиҳои рӯзгор андӯхтаашонро тавонистаанд дар ибора ва ҷумлаҳои кӯтоҳ ифода кунанд ва барои мо боқӣ гузоранд, то ба онҳо риоя кунему дар роҳу пайроҳаҳои пур аз шебу фарози зиндагӣ саҳву хато накунем, роҳгум назанем. Мақоли ба сифати сарлавҳа интихобкардаи моро, бешубҳа, ҳама медонанд, вале сад дареғ, ки на ҳама ба он амал мекунанд.

Шавкат Мусуров қабл аз ин ду маротиба ҳабс шуда, ҳар ду дафъа туфайли сиёсати инсонпарваронаи сарвари давлат тавассути авфи умум (амнитсия) пеш аз муҳлат озод шуда буд. Аммо боз ба ҷиноят даст зад. Ин бор ӯ қариб буд, як ҷавони бегуноҳро бо туҳмат ба доми бало гирифтор кунад.
Ҳамсинфи собиқи Шавкат Мусуров – Шуҳрат Сарибоев низ ду маротиба суд шудааст. Ба қавле, онҳо гули як боғ. Хуллас Шуҳрат Сарибоев ҳангоми молчаронӣ як бех моддаи гиёҳванд – нашъаи ёбоиро ёфта, ҷиноят будани ин рафторашро донад ҳам, ба хонааш оварда пинҳон мекунад. Ғайр аз ин ӯ 2,75 грамм “марихуанна”-ро ҳам дар ду қуттии гӯгирд ҷойгир карда, бо нияти фурӯхтан дар молхонааш пинҳон нигоҳ медошт. Ниҳоят харидор ҳам ёфт шуд. Шавкат Мусуров нисбат ба Бекзод Исомиддинов ғарази шахсӣ дошт. Аз ин рӯ барои ба доми бало гирифтор кардани ӯ аз Шуҳрат Сарибоев 2,75 грамм маводи нашъамандии ”марихуанна”-ро, ки дар ду қуттии гӯгирд ҷойгир карда шуда буд, ба ивази 500 000 сӯм харида, сипас ба Садорати корҳои дохилии вилояти Сирдарё рафта, арз мекунад, ки шаҳрванд Бекзод Исомиддинов дар дукони гӯштфурӯшии бозори шаҳри Гулистон кор мекунад ва бо хариду фурӯши маводи нашъамандӣ ҳам машғул аст. Пас аз ин аризаи иғвогарона, маводи нашъаманди дар даст доштаашро бо 200 000 сӯм пул ба халтачаи полиэтиленӣ печонда, ба назди шиносаш Ориф Халилов, ки низ дар бозори шаҳри Гулистон гӯшт мефурӯхт, омада, аз ӯ илтимос мекунад, ки 200 000 сӯм пулашро то фардо амонат нигоҳ дорад. Ориф Халилов бехабар аз найрангҳои ин шиноси деринаш амонати ӯро гирифта  мемонад.
Рӯзи дигар ходимони зудамали корҳои дохилии вилоят ба Шавкат Мусуров, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардан мехост, 600 ҳазор сӯм пул дода, ҳамроҳи ӯ ба бозори шаҳри Гулистон меоянд ва хоҳиш мекунанд, ки ӯ аз Бекзод Исомиддинов маводи нашъамандиро харидорӣ кунад. Шавкат Мусуров ба назди Бекзод Исомиддинов омада, 600 ҳазор сӯм пули аз ходимони корҳои дохилӣ гирифтаашро  медиҳад ва хоҳиш мекунад, ки ба ҳамин пул гӯшти лаҳм тайёр карда монад, ӯ пас аз чанде омада мегирад. Сипас аз шиносаш Ориф Халилов тавассути телефон илтимос мекунад, ки амонати дирӯзаашро ба назди дарвозаи бозор оварда диҳад. Ориф Халилов ба амонат хиёнат намекунад ва оварда медиҳад. Шавкат Мусуров маводи нашъамандии дар ду қуттии гӯгирд бударо ба ивази 600 ҳазор сӯм аз Бекзод Исомиддинов харидам, гуфта, ба ходимони корҳои дохилӣ месупорад...
Аммо Шавкат Мусуров ба нияти бади худ расида натавонист. Муфаттишони мӯшикоф, тавре ки мегӯянд, “қилро аз хамир“ ҷудо карданд ва Шавкат дар ҷараёни суд маҷбур шуд, ки гуноҳашро ба гардан гирад. Ҳаққу дуруст будани маҳсули заковати халқ бори дигар исбот шуд, яъне чоҳкан худ ба чоҳ афтид.
Суд Шавкат Мусуровро бо якчанд моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуноҳкор дарёфта, 6 (шаш) сол, шарики ҷиноии ӯ Шуҳрат Сарибоевро бошад, 5 (панҷ) сол аз озодӣ маҳрум кард.
                                 
Қодирбек АЛОВОВ, 
судяи суди ҷиноии
 шаҳри Гулистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: