«ЧУ ДАР ВОДӢ — ҲАМЕГАШТАМ ПИЁДА...»

Дар адабиёти ҳар халқ чеҳраҳое вуҷуд доранд, ки марги новақти онҳо барои фарҳанги миллат талафоти гарон буд.

Аз адабиёти рус номҳои Пушкин, Лермонтов, Александр Блок, Борис Пастернак, адабиёти Ғарб – Мопассан, Лорка, Эдгар По, Ҷек Лондон, адабиёти форс-тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Пӯлод Толис, Фурӯғи Фаррухзод, Суҳроби Сипеҳриро метавон ба забон овард, ки ҳарчанд умри кӯтоҳи ҷисмонӣ дидаанд, умри рӯҳониашон идома дорад.
Дар адабиёти ӯзбек ба қатори ин номҳо метавон шоир, драматург, тарҷумон, олим ва арбоби ҷамъиятӣ Ҳамид Олимҷонро низ ворид намуд. Шоир басе каму кӯтоҳ зист – ҳамагӣ сию панҷ сол, аммо нафаси гарми ӯ дар шеърҳои ҳамешасабзаш боқӣ монданд, Агар гӯем, ки имрӯз дар ҳар як хонадони ӯзбек шеърҳои ӯ садо медиҳанд, муболиға намешавад.
Дар шеърҳои шоир манзараҳои нотакрор – баҳори гулафшон, тобистони шаҳдбор, тирамоҳи заррин ва зимистони симини Ӯзбекистони биҳиштосо инъикос ёфтаанд.
Водийларни яёв кезганда,
Бир аҷиб ҳис бор эди менда...
Ин байти сабзро ба тоҷикӣ баргардон кунем, тақрибан чунин сурат мегардад:
Чу дар водӣ ҳамегаштам пиёда,
Зи гулҳо завқ мебурдам зиёда...
Ба қарибӣ ба муносибати 110-умин солгарди ин симои бузург дар Театри миллии академӣ-драмавии Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони адабиёту фарҳанг, донишҷӯён ва алоқамандони каломи бадеъ маҳфили адабию бадеии бошукӯҳе баргузор шуд. 
Чорабинӣ бо намоиши видеофилме доир ба зиндагиномаи Ҳамид Олимҷон оғоз ёфт.  Баромадкунандагон раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Шоири мардумии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, адабиётшинос Нурбой Ҷабборов, шоир Саъдулло Ҳаким ва дигарон доир ба ҳунари сухангустарӣ, осори таълифнамуда ва ҷойгоҳи шоир дар адабиёти навини ӯзбек сухан ба миён оварданд. Шоири мардумии Ӯзбекистон Маҳмуд Тоир шеъри ба Ҳамид Олимҷон бахшидаи худро ба самъи ҳозирин расонд. Аз оғоз то поёни чорабинӣ дар паҳлӯи шоире, ки ҷомаи беқасаби миллӣ дар бар дошт, чеҳраи ёри вафодори ӯ – шоира Зулфия ба назар мерасид.
Бояд ёдрас намуд, ки бо ташаббуси роҳбари давлати фарҳангпарварамон ҳайкали бисёр адибон дар хиёбони адибони пойтахт ва вилоятҳо, аз ҷумла, ҳайкали Ҳамид Олимҷон ва Зулфия дар шаҳри Ҷиззах қад афрохтанд. Тавассути видеофилм ҳайкалҳои зебои Ҳамид Олимҷон ва Зулфия  намоиш дода шуданд, ки хонандагон, донишҷӯён, намояндагони ҳокимият, аҳли адаб ва алоқамандони каломи бадеъ дар зери пояшон гул мегузоштанд. 
Дар рафти чорабинии хотирмон шеърҳои ҷаззоби Ҳамид Олимҷон, ки ба онҳо оҳангсозони номии кишварамон оҳанг бастаанд, садо доданд. 

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: