ЧУНҒАРА: СОКИНОНИ ОН АЗ САХОВАТУ МУРУВВАТ БАҲРАМАНД МЕГАРДАНД

Дар оғози моҳи шарифи Рамазон як гурӯҳ аъзои Ҷунбиши умумимардумии “Саховат ва кӯмак” таҳти раёсати ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев барои дидору мулоқот ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ ба деҳаи Чунғараи ноҳияи Риштон омаданд.

Дар оғози моҳи шарифи Рамазон  як гурӯҳ аъзои Ҷунбиши умумимардумии “Саховат ва кӯмак” таҳти раёсати ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев барои дидору мулоқот ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ ба деҳаи Чунғараи ноҳияи Риштон омаданд. Он аз чаҳор тараф бо вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамҳудуд аст. 
Онҳоро дар марз ҳокими вилояти Ботканд Алишер Абдураҳмонов истиқбол гирифт ва мулоқоти самимӣ ба вуқӯъ пайваст.  Президентҳои Ӯзбекистону Қирғизистон талош ба харҷ медиҳанд, ки риштаҳои дӯстии ду халқ беш аз пеш мустаҳкам гардад, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар ривоҷу равнақ ёбанд. 
– Мо аз ҳокимияти вилояти Фарғона хеле сипосгузорем. Чанде муқаддам ба вилояти мо барои пешгирии коронавирус кӯмаки беғараз интиқол ёфт. Мардуми мо беҳуда намегӯянд: «Дӯстро вақти ба сарат омадани мушкилот мешиносӣ», – изҳор кардааст Алишер Абдураҳмонов.
 Чун анъана дар моҳи мубораки Рамазон расонидани кӯмак ба мардуми ниёзманд аз корҳои неку басо савоб ба шумор меравад. Ҳадаф аз ин сафар низ расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии ин минтақаи эксклав будааст. Мошинҳои пурбор дар кӯчаҳои Чунғара  ба мардум  орду равған ва маводи дигари истеъмолӣ тақсим намудаанд. 
– Мо аз ғамхориҳои Президенти мамлакат хеле сарфарозем. Ин гуна эътибор ба минтақаи мо воқеан боиси сарфарозиҳост, – мегӯяд  раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чунғара Муродҷон Сотволдиев.
Дар Чунғара 300 хонавода зиндагӣ мекунад. Ҳоло аъзои хонаводаҳои зиёд аз саховату мурувват  баҳраманд гардиданд. Ҳамон рӯз Шуҳрат Ғаниев бо мардуми Чунғара мулоқоти рӯ ба рӯ низ анҷом дода, бо аҳволи онҳо, дарду доғ ва мушкилоташон шинос шуд. 
 Ба муштариёни рӯзнома ҳамин нуктаро хотиррасон карданиам, ки солҳои пеш аз табиати хушу гуворои Чунғара мардуми зиёд баҳра мебурданд.  Онҳо аз вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷони Ӯзбекистон, вилоятҳои Боткент, Ҷалолобод ва Ӯши Қирғизистон, ҳатто вилояти Суғди Тоҷикистон  ба ин ҷо меомаданд. Дар миёни онҳо як идда  ин ҷо хайру эҳсон мекарданд.  
Ин минтақа тобистони ҳар сол манзараи аҷибро касб менамуд. Бӯйи ғизоҳои бомазаву гуворо ба димоғ мезаду дар як они воҳид иштиҳоро карнай менамуд.  Одамон рӯйи катҳои қатор бароҳат нишаставу шодиву хурсандӣ мекарданд. 
Як тараф овозхонҳо дар хидмати мардум буданд. Суруду тарона бо мусиқӣ даромехта, ба ҳаво дакка мезад. Занону духтарон гурӯҳ-гурӯҳ машғули рақсу бозӣ мешуданд. Кӯдакон ба чаҳор тараф давутоз намуда, аз хурсандӣ меболиданд. Дар як гӯша дорбозону масхарабозон ва сангбардорон барои мардуми гирдомада ҳунарнамоӣ мекарданд. Баъзан аз серодамӣ дар ин ҷо кас на ҷойи мошинмонӣ пайдо мекард ва на дар катҳои қатор ҷойи нишаст буд.  Онҳое, ки бо аъзои хонаводаву дӯстон барои зиёрату хурсандӣ меомаданд, ҳарчи доштанд, болои замин дасторхон паҳн карда ва анвои хӯрдании худро рӯйи он мегузоштанд.
– Мо ҳар сол  бо ҳамсинфон дар ин ҷойи хушбоду ҳаво гирди ҳам меомадем ва чанд лаҳза вақти худро бо  хуррамӣ сипарӣ мекардем, – ба ёд меорад омӯзгори бознишаста аз деҳаи Хуррамободи ноҳияи Риштон Сайфиддин Иноятов. 
Аммо дар ҳамин ҳол ин манзараҳои дилфиреб дар зеҳни мардуми зиёд фақат чун хобу хаёл боқӣ мондааст. 
Ҳоло  ҳамон Чунғараи зебову биҳиштосо ва пур аз мардум ба як харобазор бадал шудааст.  
— Ба ин ҷо равуо кардани мардуми минтақаҳои дигар кайҳо қатъ шудааст. Баъзан танҳо намояндагони идораҳои гуногуни давлатӣ ба манзури вохӯриву мулоқотҳо бо мардум ба он ҷо меоянд, – мегӯяд қаламкаши сӯхӣ Раҳимбердӣ Тошматов.   
Ногуфта намонад, ки солҳои пеш аксари мардуми деҳаи Чунғара аз ҳисоби меҳмондорӣ маишати хонаводагиашонро хеле хуб таъмин мекарданд. Зеро баъзе хонаводаҳо чанд утоқи худро барои яку ду шаб ё бештар дар ихтиёри мизоҷоне мегузоштанд, ки бо оилаашон барои истироҳату фароғат ба ин ҷо меомаданд. Ҳамчунин мардуми Чунғара ба ташрифовардагон ширу ҷурғот, сабзавоту мева ва кабудӣ мефурӯхтанд. 
 Хоссатан, дар даҳсолаҳои пеш ва имрӯз пухтани оши палав бо биринҷи машҳури девзираи Чунғараро ҳар як кас орзу мекунад. Алҳол ин биринҷ дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он маъруфу машҳур мебошад. Ривоят мекунанд, ки амирони аҳди Сомонӣ пухтани оши палав бо чунин девзираро танҳо рӯзҳои ид воҷиб медонистанд.
Пошхӯрии шӯравии собиқ мардуми деҳаи Чунғараро ба эксклав табдил дод. Вақте ки роҳи Сӯх – Риштон баста шуд, чанд муддат убуру мурури посгоҳи марзии Риштони вилояти Фарғона ва Қайтмаси вилояти Боткент барои чунғарагиҳо низ ғайриимкон гашт. 
Онҳо қаблан бо тай кардани 20-25 километр худро ба шаҳри Риштон мерасониданд. Аммо баъди баста шудани роҳи Риштон–Сӯх чунғарагиҳо барои равуо ба маркази вилоят мебоист ду бор марзи Қирғизистонро убур мекарданд. Онҳо ба марзи ин кишвар гузашта, вориди ноҳияи Сӯх мешуданд ва дубора бо убури марзи Қирғизистон худро ба марзи Ӯзбекистон мерасониданд. 
Масофаи умумии роҳи байни Чунғара то марзи Ӯзбекистон бештар аз 170 километрро ташкил мекунад. Онҳое, ки ба идораҳои ноҳияи Риштон коре доштанд, иловатан 80 километр масофаро тай менамуданд. Баъд тибқи муоҳидаи комиссияҳои байниҳукуматии Ӯзбекистону Қирғизистон танҳо барои мардуми Чунғара посгоҳи Қайтмас – Риштон боз гардид. Онҳо метавонистанд бидуни воситаи нақлиётиашон ин посгоҳро убур кунанд. 
Дар Чунғара як мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад. Бунгоҳи тиббӣ, нуктаҳои маишӣ ва савдо барои аҳолии ин деҳа хидмат мерасонанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: