ЧУН НУРЕ ДАР ТОРИКИСТОН ДАМИД

Барномаи «Деҳаи обод» – дар амал

Вақте зоҳиран ба ин деҳа назар мекунед, гӯё мисли дигар деҳаҳои атроф – бо ҳамин ҳотаҳои атрофи замини ҳавлиҳо, ғарамҳои тори пахтаи хоҷагиҳои пас аз пахтачинӣ барои ҳезум ғункарда, чанд сар гову гӯсола ва моли реза ба чашм мехӯранд. Аммо замоне, ки ба ҷамоати шаҳрвандони «Тонг юлдузи» аз рӯи асфалти тозапахшкардаи ҳамвору торбар ворид мегардед, манзараи боло чандон пурраву ба он мос ба назар намерасад, зеро атрофи роҳ-ҳошияҳои ҳавлиҳои мардум бо блокбетонҳои нозуку шинам ва тунукаҳои ранга девор гирифта шудааст.
«Гӯшаи фаромӯшшуда буд»
Ин деҳот дар 45-50 километри роҳ аз пойтахт ба самти вилояти Сирдарё ҷой гирифта, аз шоҳроҳи Тошканд – Самарқанд ба тарафи рост печида, боз 10-15 дақиқагӣ роҳи мошинсавор ҷойгир шудааст. То дохил шудан ба ҳудуди он аз деҳаи қазоқнишини ба номи А. Худойберганов убур мекунед ва дар ҳамсоягии он ҷамоати шаҳрвандии «Тонг юлдузи» ҷойгир шудааст.
Тавре ки гуфта шуд, то дохил шудан ба ҳудуди он аз ободии роҳ ва мумфарши ҳамвори он эҳсос мегардад, ки ба ин макон қадами ободӣ ва нури равшанӣ расидааст.
– Тасаввур карда наметавонам, ки ҳамин ободӣ, эъморӣ ба ин гӯшаи фаромӯшшудаи мо ҳам расида бошад,– мегӯяд муаллими собиқадори мактаби деҳа Абдуҳаким Раҳмонов. – Ин барои ҳамдеҳагони ман бахти бузург ва ҳатто бе муболиға рӯзи равшан аст, – идома медиҳад суханашро муаллими адабиёт, дар ҳоле ки дар дидагонаш ашки шодӣ ва алам бо ҳам меомезанд.
Бинобар нақли муаллим, аввалин бошандагони ин маконҳо – хешовандони онҳо солҳои сиюми асри гузашта ба ин ҷо омадаанд. Пасон як-дуву се-чор нафарӣ ва баъдан хонаводагӣ омада, дар ҳамин заминҳои даштӣ иқомат ихтиёр карда, ҳоло ҷамоаташон то 1500 нафар расидааст.
– Бо решаҳои худ дар Мастчоҳ ҳанӯз то солҳои навадум рафтуо доштем. Ҳоло акнун ду сол аст, ки дубора ҳамдигарро дарёфта, чашмҳоямон равшан гардид,– аз шодӣ чеҳраи муаллим Раҳмонов  мисли кӯдак мешукуфад.
Суҳбат бо аҳли ин маҳал худ баёнгари ҳоли табоҳи баъзе аз бечорагону ятимон аст. Дар манзилҳое, ки баъзе аз онҳо зиндагӣ мекарданд, хеле риққатовар ва тоқатнопазир будааст. Бо девору бомҳои рехта, норасоии оби тозаву газ, шароити оддии гигиена, хонаҳои сарду танг зиндагӣ кардан тоқатфарсо буд.
Барои онҳое, ки дар чунин шароити ногувор зиндагӣ мекарданд, ҳоло ҳамааш ба моли таърих табдил ёфт.

Ин ҷашни ҳама буд

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Қонуни Асосӣ дар маҳаллаи Садриддин Айнии ин ҷамоат чунон одами зиёд ҷамъ шуда буд, ки ба таъбире ҷои сӯзанзанӣ набуд. На танҳо аз деҳот ва маҳаллаҳои атроф, балки шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят низ меҳмонон ва дастандаркорони зиёде ҷамъ омада буданд. Ҳамаро ба ин ҷо, тақрибан бунёд гардидани як деҳкадаи том бо тамоми шароиту васила ва инфрасохтораш, ҷалб намуда буд.
Ҳар яке аз ин Маркази маданияти ӯзбеку тоҷик, кӯдакистон, мағозаву боғи истироҳат, сеху ҳаммом дар як муддати кӯтоҳ сохта шудаанд. Аммо барои мардуми маҳаллӣ 28 иморати тоза қадафрохта аз муҳимтарин кор дар маҷмӯи ин сохтмонҳо буд.
Дар маросими кушоиши Маркази маданияти ӯзбеку тоҷик муовини ҳокими вилояти Тошканд Одилхон Рустамов гуфт, ки дар доираи Барномаи «Маҳаллаи обод» дар 59 маҳаллаи вилоят чунин амали ободонӣ ва муҷаҳҳазсозӣ бо заруртарин васила ва ҷиҳозҳои зиндагӣ анҷом дода шуд. 
– Дар деҳшӯрои ин ҷо бошад, барилова барои 180 хонанда синфхонаҳо, барои 60 кӯдак боғчаи бачагона ва барои 150 коргар сехи дӯзандагӣ сохта шуд, – гуфт дар поёни суханаш муовини ҳоким.
Бинои шинам ва баланде, ки «Маркази маданияти ӯзбеку тоҷик» номгузорӣ шудааст, аз беруну дохил хеле шинам ва боҳаво аст. Дар он маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар ӯтоқҳое, ки барои фаъолияти маҳфилҳои гуногун муқаррар гаштааст, вуҷуд доранд.
Дар китобхонаи ихчаму зебое, ки дар рафҳояш адабиёти чопи Ӯзбекистону Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ чида шудаанд, мудири шуъбаи маънавият ва маърифати ноҳия Вазира Эракаеваро ба суҳбат ҷалб кардем.
– Барои фаъолияти пурраи марказ ба кори доимӣ ҷалб намудани 27 нафар ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо маҳфилҳои гуногун вобаста ба ҳунари саҳна, адабиёт ва дигар шохаҳои маданият ба роҳ андохта хоҳад шуд. Табиист, ки пойгоҳи ҳамаи ин корҳо ба забон ва фарҳанги тоҷик тааллуқ хоҳад дошт, – гуфт ӯ ва илова кард, ки ба ин бино ҳавасам меояд, ҳатто дар маркази ноҳия чунин имконият вуҷуд надорад.
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ маҳз дар назди ҳамин бино гуфт, ки «умед аст аз ин даргоҳи ҳунар номварони воқеии маданият ва адабиёт ба воя мерасанд».
Дар ин ҷашн ҳама омехта буданд. Тавре гуфтем, аз тамоми вилоят. Меҳмонон аз шаҳрҳои Чирчиқу Ангрен, марказҳои фарҳангии ҷумҳурии қазоқу қирғиз, туркману рус, роҳбарияти вазоратҳои таълиму тандурустӣ, таълими томактабӣ, вазорати корҳои хориҷӣ омада буданд.
– Ман ва дугонаҳоям Заррина, Дилноза, Ҳадисаро муаллимамон ба ин ҷашн овард,– мегӯяд аз хушҳолӣ болида Нозанин Убайдуллоева, ки дар мактаби таълими ҳамагонии рақами 17 шаҳри Ангрен таҳсил мекардааст. – Рости гап, ҳамаи инро дида ҳавасам омад, ин шароити таълим ва дигар имконот ҳатто дар шаҳри мо нест. Аз ин ҷо дугонаҳо пайдо кардем, бо ҳам хушӣ ҳам кардем.

Таърихи кӯдакистон аз имрӯз оғоз хоҳад ёфт

Дар паҳлуи Маркази маданияте, ки ном бурдем, боғчаи бачагона барои 60 кӯдак бунёд гаштааст ва ба он рақами 8-ро додаанд.
– Ман ва боз се нафар мураббия дар ин ҷо ба кор пардохтем, – мегӯяд мураббия Таҳмина Восиева. – Мудираи мо Нағима Сартаева аз қазоққишлоқи ҳамсоя мебошад. Вай чандин сол дар мактаби тоҷикии мо кор карда, тоҷикӣ ёд гирифтааст. Дар мо ду гурӯҳ – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ташкил мешавад. Ҳоло акнун чанд даст китобу дигар адабиёт ба забони тоҷикӣ дастрасамон гардид. Бароямон дастур ва дигар китобҳои услубӣ зарур мегардад.
Аз суҳбати Таҳмина маълум гардид, ки ӯ коллеҷи педагогии Янгийӯлро хатм намудааст.
Дар ин маҳал бисёр падидаҳои замонавӣ ва кӯҳна низ бори аввал ба вуҷуд омадааст. Ҳамин ҳаммом, сехи дӯзандагӣ барои 150 нафар, боғи истироҳатии шафати Маркази маданият, мағозаи шинами озуқаворӣ – ҳамаи ин тӯҳфаи давлат, ки дар ин чанд моҳи охир бунёд гардида, ба аҳли деҳаи Айнӣ армуғон шуд.

Ҳоло аз ноумедиҳо дарак нест

Валекин дар қатори ин навгониҳо ҷойгоҳи 28 иморати иқоматии нав алоҳида аст. Бистои он барои хонаводаҳои эҳтиёҷманд ва дасттанҳо дар асоси кредити имтиёзнок дода шудааст.
– Пас аз вафоти шавҳарам бо панҷ фарзанд мондам, – мегӯяд соҳиби яке аз ин хонаҳо Маърифат Бекова. – Соли 1993 ба ин ҷо аз Тоҷикистон арӯс афтода будам. То ба қарибӣ шиноснома ҳам надоштам. Ҳоло, хушбахтона, шиносномаи иқомат доданд ва ваъда карданд, ки соли оянда бароям шиносномаи шаҳрвандӣ ҳам медиҳанд. Дар мактаб фаррошӣ мекунам, зуд-зуд ба хона омада, аз духтари ногирои гурӯҳи дуюмам хабар мегирам.
Тавре ки М. Бекова мегӯяд, тамоми ҷиҳозҳои се хона ва ошхонаву душхонаро давлат ҳадя кардааст.Ҳатто 13 миллиону 700 ҳазор сӯм пешпардохти кредити имтиёзноки понздаҳсоларо ҳам давлат аз ҳисоби худ ҷудо кардааст.
– Дар хонаи кӯҳна вазъиятамон хеле мураккаб буд,– мегӯяд ӯ. – Ҳатто ноумед будем, ки бо ин фарзандони ноболиғ ва як нафар ногиро, болокорӣ бе кору шуғл ҳоламон чӣ мешавад. Дар ду хонаи тангу тор намеғунҷидем. Ҳоло дар сари мо гӯё паррандаи бахт нишаста бошад, ин мӯъҷиза аст.
Ҳамин гуна кайфият дар хонаҳои дигари маҳалла низ ҳукмрон. Як кӯча дар ин маконҳо дар алоҳидагӣ манзараи куллан дигарро гирифтааст. Дар байни роҳ сутунҳои замонавии барқ, сӯзанбаргҳои зебои ҷавон шинонда шудаанд.
Ба яке аз хонаҳои қатори дигар медароем. Кадбону худро чун Саодатмоҳ Замонова шинос кард.
– Ҳафт фарзанд ва 20 набера дорам. Тамоми умр дар хоҷагии қишлоқ меҳнат кардам. Дар хонаи кӯҳна ҳатто шароити либосшӯӣ надоштем. Водор мегаштем ҳатто оби нӯшиданиро харид кунем.Ҳоло ҳама шароит дар дохили як хона муҳайё.

Дар зарурат – равост

Дари мактаби таълими ҳамагонии рақами 47 дар гаронтарин давраҳо ҳам барои таълими тоҷикӣ баста нашудааст.Дар он ҳоло қариб 400 нафар хонанда таълим ва тарбия мегирад. Барои он ки ғунҷоиши теъдоди хонандагон мувофиқи талаб бошад, бинобар лоиҳаи барномаи сохтмон ва ободонии маҳал як бинои дуошёнаи дигар низ сохта шуд.
Ба синфхонае сар задем, ки он ҷо дар синфи 4 «А» дарси математика ҷараён доштааст. Муаллима Шаҳноза Латифова дарс мегуфт. Ӯ се сол пеш коллеҷи педагогии Сирдарёро хатм карда, ба мактабаш баргаштааст. Ҳоло бо маълумоти миёнаи махсус дарс медиҳад.
Идомадиҳандаи анъанаи сулолаи муаллимон Умед Ғоибов дар синфи 3 «А» дарс мегуфт ва ӯ низ бо дипломи маълумоти миёнаи махсус.
– Мо хонаводагӣ дилбастаи ин касбем, – мегӯяд Умед. – Падару модарам низ дар ҳамин мактаб муаллимӣ кардаанд.
– Мавзӯи дипломи маълумоти олӣ барои мактабамон дарднок аст,– мегӯяд директор Абдуҷаббор Латифов. – Ҳоло аз 27 нафар 8 кас маълумоти олӣ надорад. Чанд нафарашон имсол ба шуъбаи ғоибонаи тоҷикии Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ рафта, аз сабаби гаронии қарордод хоҳиши таҳсил накарданд ва фақат як нафар бо вуҷуди мушкилӣ ба таҳсил пардохт. Аз идораҳои алоқадори таълим ваъда карданд, ки соли оянда дар таҳсили ғоибонаи онҳо мусоидат хоҳанд кард. 
Масъалаи норасоии кадрҳо ҳатто ба забони таълим низ бетаъсир намондааст. Дар синфи XI аз фанни таърих Дилшод Сағдуллоев дарс мегуфт, ки ӯ дар маркази ноҳия – дар мактаби рақами 40 дарс медодааст ва бинобар зарурат ин хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Гулистон барои хонондани бачаҳои ин мактаби тоҷикӣ ҳар дафъа 15 км роҳро тай карда, ба ӯзбекӣ таълим медиҳад. Даъват кардани кадрҳо аз маҳалҳои дур боз бо як мушкили дигар мувоҷеҳ месозад. Аз ин рӯ муаллими ҷавон Миродил Қосимов дастпарвари гурӯҳи тоҷикии филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамин чанд рӯз пеш ба ин мактаб барои кор омадааст. «Ман аз Демурсади Сӯх ҳастам. Агар бароям шароити зист муҳайё карда шавад, дар ин ҷо монда метавонам, вагарна...» мегӯяд Миродил.
Директор А. Латифов ин нигаронии муаллими ҷавонро дарк карда, хотирҷамъ мекунад, ки мо ҳама корро мекунем, то ки чунин омӯзгорон хотирҷамъ кор кунанд.

Сарпо ҳам зарур, китоб ҳам 

Дар даҳлези васеи ошёнаи якуми бинои нави мактаб чанд мизи паст ва дар рӯи онҳо якчанд ноотбук гузошта шуда, дар девор навиштаи «минтақаи Wi-Fi» насб карда шудааст.
Каме пештар аз он дар пушти дар навиштаҷоти «Китобхона»-ро дида, беихтиёр ба он даромадам. Чанд нафар аз калонсолон саргарми суҳбат буданд ва бо дидани ман каме таваққуф намуданд. Баъди шиносоӣ яке ҷавонтар аз онҳо «ман мудири китобхона Малоҳат Бегалиева»,– худро шинос кард ӯ.
– Ҳоло ҳамагӣ 480 нусха китоб дорем, ки 220-тои онҳо тоҷикианд,– гуфт китобдор.
Тавре ки ман аз мазмуни суҳбати онҳо бардошт намудам, баҳс рӯйи китобу рӯзномахонӣ буд. Яке хеле оташину дилсӯзона мегуфт, ки ҳоло муаллимон ба хониши озод ҳеҷ таваҷҷӯҳ надоранд. Гузашта аз ин далел меоранд, ки «вазирамон обуна озод гуфтанд». Агар муаллим нахонад, болои худ кор накунад, ӯ чӣ гуна устод аст. Муаллимоне, ки бе ин ҳам ба хондан эътибор намедоданд, акнун ба онҳо худо дод, мегуфт ӯ бо алам.
Тавре ки ӯ худро шинос кард, услубшиноси шуъбаи таълими халқи ноҳияи Чиноз Муқаддас Собирова будааст.
– Вақте ман духтарамро ба шавҳар додам, бар замми сарпои хоксорона дусад дона китоб ҳам илова кардам,– мегуфт ӯ. – Баъзе тааҷҷуб мекарданд, ки «ба сарпо китоб ҳам гузоштан мумкин?!» 
Ман мегуфтам, ки чаро не.
Аз номгӯ ва тозагии чопи китобҳо маълум буд, ки онҳо ҳама маҳсули солҳои охир. 
– Медонед, – боз ҳамон муаллими собиқадори адабиёт Абдуҳаким Раҳмонов ба мавзӯъ равшанӣ андохтан хост, – хеле фонди бойи китоб доштем. Ягон даҳ соле пештар ҳамаи онро бо баҳонаи тамғаи «чопи давраи шӯравӣ» аз мактаб чинда бурданд. Дар байни онҳо беҳтарин осоре классикӣ аз ашъори Устод Рӯдакиву «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ кашида, то муаллифони муосири тоҷик буданд, – бо алам дарди дил мегуфт муаллим.
***
Дар тозамаҳаллаи ба номи Айнӣ шом фаро мерасид. Сутунҳои нақли барқ ҳама равшан гардида, кӯчаро бо ниҳолу ороишоти иморатҳои тозасохт мунаввар мекард. Сокинони он зуд кӯчаи сарди бе барфи замистонро тарк кардан намехостанд. Чунки онҳо аз ин кӯчаи равшан, ки гӯё истиқболи ҳаёташонро нур мебахшид, дил канда наметавонистанд. 

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: