ЧӢ ТАВР БАЙТИ ГУЛНАЗАР ВАСИЯТИ АМИР ШУД?

Ин байтро аксарият медонанд.

Амири бе Ватан хору ҳақир аст,
Гадо гар дар Ватан мирад амир аст!
Ин байтро аксарият медонанд. Аз 80 фоизи онҳое, ки медонанд, агар суол кунед, ки он аз кист, посух медиҳанд: «Аз Амир Олимхон!». Дар аксар мақолаҳое, ки ба рӯзгори охирин Амири Бухоро бахшида шудаанд, низ муаллифон онро ба сифати васияти амири фирорӣ зикр кардаанд. Бисёриҳо, вақте дар мавзӯъҳои ватандорӣ мақола менависанд, барои исботи бебаҳо ва муқаддас будани Ватан, сарнавишти Амири ғариб ва байти мазкурро мисол меоранд. Аҷиб он аст, ки дар байни чунин муаллифон мутахассисон, муаррихон ва онҳое низ ҳастанд, ки марқади Амир Олимхонро шахсан зиёрат кардаанд. Зикри номи ин муаллифонро зарур намедонам, зеро онҳо зиёданд. Барои исботи ин кофист, ки онро дар интернет биҷӯед... Ҳатто дар Википедия – Донишномаи озод ин байт катибаи гӯри Амир Олимхон зикр шудааст. Дар манобеъи русӣ, аз ҷумла дар Википедия низ, тарҷумаи байт ҳамчун васияти амир ва катибаи гӯри ӯ машҳур аст. 
Ҳол он ки ин байт ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар тааллуқ дорад. 
Пас он кай эҷод шудааст? Чӣ гуна ҳамчун васияти Сайид Амир Олимхон вирди забонҳо гардид? Ба ин пурсишҳо посух меҷӯем.
Гулназар соли 1975 ба Афғонистон ҳамчун тарҷумон фиристода мешавад. Дар ин давр таҷрибаи қариб даҳсолаи журналистӣ дошт, дар идораи рӯзномаи бонуфузи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекард ва ҳамчун шоир низ ном бароварда, ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр гардида, ду китобаш – «Расми сарбозӣ»  ва «Дастархон» ба табъ расида, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  пазируфта шуда буд. Бинобар ин дар Афғонистон натанҳо тарҷумонӣ мекард, балки ба ҷустуҷӯҳои эҷодӣ низ машғул буд. Аз диду боздидҳои хеш очерку лавҳа ва сафарномаҳо таълиф кард, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо нашр шудаанд. Муаллиф баъдан навиштаҳои худро дар қолаби ёддоштҳои сафарӣ таҳти унвони «Дар хонаи дӯст» ба дасти чоп супорид. Дигар дастоварди эҷодии Гулназар дар Афғонистон эҷоди силсилаи шеърҳои «Тахти Рустам» аст. 
Беҳуда аз силсилаи «Тахти Рустам» ёдовар нашудем, зеро шеъри «Дар сари гӯри Амир Олимхон» низ аз он аст. Силсилаи мазкур аввал дар матбуот ва баъдан соли 1988 дар китобе бо ҳамин унвон нашр шудааст. 
Гулназар таърихи иншои ин шеърро дар ду нигоштаи хеш қайд кардааст. 
Нахуст, соли 1980 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (26 апрел) очерки сафарӣ  таҳти унвони «Амири беватан» нашр шудааст. Муаллиф дар охири  очерки аввал менависад: «Ман дар яке аз қабристонҳои шаҳри Кобул марқади Амир Олимхонро дидам. Қабр бесоҳиб аст. Ҳар кас дар санги болои гӯр чизе навиштааст. Он ҷо чанд дашном ҳам сабт шудааст. Шояд онҳое, ки беватананду дарбадариҳои худро аз Амир Олимхон медонанд, аз мурдаи ӯ қасос гирифтаанд... Ҳамроҳи ман ронанда ҳам буд. 
Ӯ гуфт: 
– Ту ҳам чизе бинавис. Ана тобошир, – ӯ ба ман бӯр дароз кард.
Ман навиштам:
Гадо чун дар Ватан мирад 
амир аст,
Амири беватан зору 
ҳақир аст.»
Бармеояд, ки ин байтро Гулназар нахуст бадоҳатан дар сари гӯри амири фирорӣ гуфта, баъдан онро шомили силсилаи «Тахти Рустам» намудааст. Чун шеър «Дар сари гӯри Амир Олимхон» ном дорад, бисёриҳо фикр мекунанд, ки байт воқеан, дар марқади амир ҳаккокӣ шуда бошад. 
Сониян, бо гузашти солҳо хотироти Гулназар таҳти унвони «Ду ҳазор лола рӯяд» дар бораи Аҳмад Зоҳир таълиф гардид. Шоир дар он аз қабристони «Шуҳадои солеҳин», ки овозхони машҳури Шарқ низ он ҷо мадфун аст, ёдоварӣ карда менависад: 
«– Чанд сол пеш дар ҳамин ҷо гӯри Амир Олимхонро дида будам. 
Мӯйсафед аз рафтан бозистод. Ду қадам ба дасти рост гашту моро даъват кард: 
— Гӯри Амир Олимхон ин ҷост. 
Ба назди мӯйсафед рафтем. Ӯ як гӯри ободеро нишон дода гуфт: 
— Хеле хароб шуда буд. Авлодаш аз Амрико омада, бозсозӣ карданд. 
Дар санги рӯйи гӯр тахминан чунин навишта шуда буд: «Ин ҷо Амири ғозии Бухоро Олимхон мадфун аст. Ватанашро кофарон забт карданд ва ӯ дар ғарибӣ даргузашт». 
Воқеан, он гӯре, ки соли 1975 дида будам, дигаргуна метофт. Ман дар шеъри «Дар сари гӯри Амир Олимхон» навишта будам, ки гӯё касе дар санги гӯри Амир ҳаккокӣ кардааст: 
Гадо чун дар Ватан мирад, амир 
аст, 
Амири беватан зору ҳақир аст. 
Бисёриҳо гумон кардаанд, ки ин ҳақиқат аст ва ман борҳо хондаву шунидаам, ки гӯё дар болои гӯри Амир чунин сатрҳо ҳастанд. Ин тавр нест, ин як хаёли шоирона асту бас».
Пас, дигар шубҳае нест, ки байт аз устод Гулназар аст. 
Акнун дар бораи катибаи гӯри Амир Олимхон.
Достони марги Амир Олимхон гуногун нақл мешавад ва аз даҳон ба даҳон гузашта, обуранги дигар гирифтааст. Вале дар меҳвари аксари ривоятҳо омада, ки гӯё Олимхон ба фарзандонаш васият карда бошад, то ин байтро дар турбаташ ҳаккокӣ кунанд. Ин ривояти дурӯғ дар Афғонистон низ будааст. Далели ин, яке аз наворҳои охири Аҳмад Масъуд сардори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ин қиссаро нақл мекард...
Ҳол он ки дар сари гӯри Амир Олимхон чунин навишта шудааст: 
«Ин ҳазираи пуралам ҳомили қабзаи хоки аморат ва фахомати бунёни сиёдатпаноҳи подшоҳи ҳафтум ва ахири силсилаи монғитаи Бухорои шарифи аъно, Ҷаноби олии мағфур амир Сайид Олимхон ибни марҳум амир Сайид Абдулаҳадхон, ибни амир Сайид Музаффархон, ибни амир Сайид Насруллоҳхон, ибни (амир Сайид) Сайид Ҳайдархон, ибни амир Шоҳмурод мулаққаб ба Маъсуми Ғозӣ, ибни амир Донёлхон мебошад, ки дар соли даҳуми салтанати он марҳум аморати Бухорои шариф аз тарафи куффори рус истило ва худаш ба сурати муҳоҷир фисабилуллоҳ ба хоки ҳамсояи муҳассан ва мусаллами худ Афғонистон паноҳанда шуда ва баъд аз инқизои бисту се соли зист дар ин хоки исломӣ ба умри 64 солагӣ, рӯзи шанбеи 9-уми саври 1323-уми шамсӣ, мутобиқи панҷуми ҷимоди-юл-аввали 1363-юми ҳиҷрӣ нидои арҷаъиро лаббайк (гуфт) ва чашм аз дунёи фонӣ пӯшид – Ҳақ Таъоло рӯҳашро дар ҷавори раҳмати хеш ҷо диҳад, омин.»
Тавре мебинед, дар сари гӯри Амир Олимхон ягон мисраъ шеър нест. 
Қазияи байти «Амири беватан...»-и Гулназар мисли қазияи дар минбари СММ ҳаккокӣ шудани «Бани одам аъзои якдигаранд»-и Шайх Саъдӣ аст. Ҳарчанд тӯли солҳо менависанд, ки дар СММ ин байт ҳеҷ гоҳ набуд, боз ҳам ин дурӯғро такрор мекунанд. 
Дар масъалаи аз номи Амир Олимхон вирди забонҳо шудани ин байт Гулназар бепарво буд, зеро бисёр абёти эшон моли халқ шудаанд. Барои мисол:
Бо тарозуе, ки ҳоло 
фанди мардум мекунӣ,
Рӯзи фардо бори аъмоли 
туро бармекашанд!
Ин байтро аксарият дар бозорҳо дида, гумон мекунанд, ки аз шуарои классик аст, ҳол он ки муаллифи он низ устод Гулназар мебошад. Шоир мисли ҳамин матни Суруди миллии Тоҷикистонро ба халқ бахшида, дар суҳбатҳо мегуфт: «Суруди миллӣ дигар моли ман нест, балки аз халқ, давлат ва миллат аст!»... 

Одил НОЗИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: