ЧӢ ТАВР БОҒЧАИ ТОҶИКӢ ТАШКИЛ НАМУДЕМ?

Азму талоши мо дар роҳи кушодани як муассисаи томактабӣ ба забони тоҷикӣ дар деҳаи Кӯшкаки ноҳияи Бойсун тақрибан моҳи майи соли 2022 оғоз гардид.

Деҳаи Кӯшкак дар соҳили чапи дарёчаи шӯхоби Бойсун, дӯш ба дӯш бо деҳаҳои Пасурхиву Ҳардурӣ ҷой гирифта, мардумаш саросар тоҷиконанд. Дар мактаби рақами 7, ки маскани ягонаи илму маърифати деҳа аст, аз азал фарзандони мардум ба забони модариашон мехонданд, аммо дабистон дар даҳ соли охир забони таълимашро тағйир дод ва кунун ҷойгоҳи таълим ба забони тоҷикӣ танг шудааст. Чуну чароҳо дар ин бобат мавзӯи як мақолаи дигарест. 
Ҳоло аз он сухан ба миён гузоштан мехоҳам, ки мо чӣ тавр ба кушодани як боғчаи оилавии таълимаш ба забони тоҷикӣ мушарраф гардидем. Умедворам, ин таҷрибаи мо ба ҳаммиллатонамон, ки хоҳиши ифтитоҳи боғчаи тоҷикиро доранд, аммо ба далели бехабариҳо орзуи худро наметавонанд рӯйи об бароранд, бисёр муфид хоҳад буд. Дар назари аввал чунин метобад, ки таъсис додани муассисаҳои томактабӣ ба забони тоҷикӣ дар ватани мо хеле душвор ва шояд як амали тасаввурнопазир аст. Аммо вақте қонуну қоидаҳои ҷориро медонед, муҳим дар дил чунин як хоҳиши нек доред, ҳатман муваффақ мегардед.
Мо корро аз чӣ сар кардем? Аввал аризае навишта, дари шуъбаи таълими халқи муассисаҳои томактабии ноҳияро кӯфтем. Дар ариза аз ду қонун иқтибос овардаву дархости худро асоснок сохтем.  Иқтибоси нахустини мо ба сифати далел аз Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки дар раъйдиҳии умумӣ қабул гардидааст. Дар моддаи 4-уми Конститутсия омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ мебошад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтироми забон, урфу одат ва анъанаҳои миллату халқҳои  дар ҳудуди худ истиқоматкунандаро таъмин менамояд ва ба пешравии онҳо шароит фароҳам меорад».
Баъдан «Қонун дар бораи забони давлатӣ»-ро варақ задем ва ин иқтибосро ҳам  дар аризаи худ дарҷ намудем. Дар моддаи 5-уми «Қонун дар бораи забони давлатӣ» омадааст:« Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар ҷойҳое, ки забони давлатӣ фаъолият дорад ва дар мавзеъҳое, ки дигар миллатҳо зич истиқомат мекунанд, ташкили муассисаҳои таълимии томактабӣ ба забони онҳо таъмин карда мешавад».
Мо дар аризаи худ ҳамин ду иқтибосро аз ду қонун, ки ҳуқуқҳои мо дар бораи таълим гирифтан ба забони модарӣ равшан дарҷ ёфтааст, овардаву дархост намудем, ки барои фарзандони мо ба кушодани як муассисаи томактабии оилавии ғайридавлатӣ ба забони тоҷикӣ иҷозат диҳанд. Шуъбаи муассисаҳои таълими томактабии ноҳия дар иҷрои талаби мо дасткӯтоҳ монд ва фармуданд, ки ба мутасаддиёни вилоят муроҷиат кунем. Мо ба Саридораи муассисаҳои таълими томактабии вилояти Сурхондарё бо ҳамин ариза рафтем. Онҳо сар печиданд ва гуфтанд, ки ба мутасаддиёни сатҳи ҷумҳурӣ бояд арз кунем. Агар онҳо иҷозат диҳанд, мо монеъгӣ надорем.
Хуллас, мо аризаи худро ба Вазорати таълими томактабии ҷумҳурӣ супоридем. Ва ин ниҳоди давлатӣ 7-уми ноябри соли 2022 ба мо мактуби расмӣ фиристод ва дар он омадааст, ки вазорат дар робита ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудани як муассисаи оилавии ғайридавлатии томактабӣ  муқобил нест.
Ҳамин тавр, мо дар деҳаи худ аввалин боғчаи оилавии ғайридавлатиро кушодем, ки таҳти рақами 66 ба қайд гирифта шуд. Ҳоло дар он 33 нафар фарзандони мардум тарбият меёбанд ва таълими томактабиро ба забони модарии худ – тоҷикӣ мегиранд. Мунира Назриева ва Шаҳодат Йӯлдошева мураббиёни ин боғча ҳастанд.
Бояд таъкид кард, ки дар ин авохир дар деҳаи Пасурхии ноҳия ҳам муассисаи давлатии томактабӣ ифтитоҳ ёфт, ки таҳти рақами 20 номнавис шуда ва 150 нафар бача қабул хоҳад кард. Қарор шуд, ки дар ду гурӯҳи ин боғчаи бачагон таълим ба забони тоҷикӣ, якгурӯҳӣ ӯзбекӣ ва русӣ бурда мешавад.  
Назари бархе аз одамон, ки кушодани муассисаҳои томактабӣ ба забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон номумкин аст, ботил аст ва таҷриба нишон дод, ки агар мо худ хоҳиш ва кӯшиш дошта бошем, ба муроди дил хоҳем расид.

Ғаффор НОРБОЕВ, 
раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳияи Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: