«ЧӢ ТАВР БОЯД ТАЪЛИМ ДОД?»

Дар ҷараёни таълим дарс машғулияти мураккабтарин ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Ташкили дарс кори эҷодӣ, фардӣ ва услубии омӯзгор аст. Он омодагии ҷиддӣ ва мураккабу мукаммалро тақозо менамояд. Омодагии пеш аз дарс ба муаллим имконият медиҳад, ки мавқеи дарсро дар байни силсилаи дарсҳо муайян намояд, қаблан дар хусуси чӣ тавр фаҳмонидани мавзӯъ, мустаҳкам намудани он, бо кадом роҳҳо пурсидани мавзӯи гузашта, супоридани вазифаи хонагӣ мулоҳиза ронад ва тарз, усулҳову воситаҳои мувофиқро интихоб кунад. Муаллим бояд мундариҷа ва омӯзиши пайдарҳами фанҳои таълимиро хуб тасаввур карда тавонад ва донад, ки минбаъд донишҳои имрӯз додаашон дар синфҳои болоӣ ба пешрафти донишомӯзон чӣ хизмате мекунанд.
Дарс дар ҷараёни таълим машғулияти рӯзмарра ва кори муҳими омӯзгор буда, барои ташкили дарс ва муфиду босамар гузаронидани он омодагии ҷиддии муаллим ба тарзи қатъӣ пурсида мешавад. Хусусан, барои муаллими замони нав лозим аст, ки дар баробари дорои тахассуси хеш будан, ҷаҳонбинии мукаммали фалсафӣ, ҳаётӣ дошта бошад.
Дарс дар шароити имрӯза меҳнат ва машаққати ба худ хосеро тақозо дорад. Муаллим, пеш аз ҳама, бо толибилм бояд кор карда тавонад. Яъне муаллими фан равоншинос низ бояд бошад. Инчунин, рушди босуръати замон ва ҷараёни таълим тақозо менамояд, ки муаллим аз лойиҳаҳои нави омӯзгорӣ, тамоюлоти тозаи рӯҳӣ, усулҳои нави дарс, технологияҳои нави таълим ба хубӣ огоҳ бошад. Ин ҳама ба ҷараёни модернизатсияи таълим вобастагӣ дошта, яке аз самтҳои муҳимтарини он низ мавҷуд будани афроди баландихтисос ва рақобатпазир аст. Яъне, ҳунару санъат ва маҳорату қобилияти муаллими ҳар як фан барои пурсамар гардидани дарс ва натиҷаи он муҳимтарин ҷиҳат ба шумор меравад.
Тамоилҳои асосии ҷараёни таълими имрӯз аз инҳо иборат аст: «Чиро бояд таълим дод?», «Чӣ тарз бояд таълим дод?», «Киро бояд таълим дод?», «Дар асоси кадом мавод бояд таълим дод?», «Бо кадом метод ва усул таълим дод?», «Таълимгиранда кист?», «Таълимдиҳанда дар кадом поя қарор дорад?», «Пойгоҳи техникии муассисаи таълимӣ дар кадом сатҳ аст?».
Барои самараи таълими ҳар як фан тамоюлот аз принсипҳои муҳим ба шумор мераванд. Тамоми ин тамоюлот якҷоя бо воситаҳои дидактикӣ барои таъмини самараи дарс муҳиманд.

Инъомҷон ОХУНОВ,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: