ЧӢ ҲОЛ ДОРЕД, МАКТАБҲОИ ТОҶИКӢ?

ё худ «дар навмедиҳо басо умед аст»

Бино ба маълумоти Садорати омори вилояти Сирдарё дар ноҳияи Сайҳунобод 11173 нафар тоҷикон истиқомат мекунанд.
Қисми асосии тоҷикони ноҳия охири солҳои сиюму аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бо даъват ба азхудкунии биёбони Мирзочӯл аз деҳоти тоҷикнишини қаторкӯҳҳои Нурато ба ин сарзамин омадаанд. Боиси хушнудист,ки аз ҳамон солҳо то имрӯз дар ҳамаи мавзеъҳои сукунати онҳо дар ноҳия мактабҳои тоҷикӣ ҳастанд ва фарзандони ин деҳаҳо ба забони модарии худ таълиму тарбия мегиранд.
МАҚОЛАИ ЯКУМ

Алҳол дар ноҳия шаш мактаби тоҷикӣ ҳаст ва дар дутои онҳо таълиму тарбия танҳо ба забони тоҷикист.
Чун ба мақсади шинос шудан бо вазъи кунунии мактабҳои тоҷикии ноҳия ба шуъбаи таълими халқии  Сайҳунобод омадем, мутаассифона, мудирро пайдо карда натавонистем. Ҷонишини ӯ Дониёр Маматов аз нияти мо огоҳ гашта, ходими шуъба Алишер Рӯзимбоевро ба мо роҳбалад кард.
Деҳаи ба маркази ноҳия наздиктарин хоҷагии «Ғалаба», ё худ ҷамоати шаҳрвандони «Дӯстлик» аст. Мактаби замоне номдору овозадори чорзабонаи рақами дуюми ноҳия, ки ба номи устод Садриддин Айнӣ буд, дар ҳамин деҳа воқеъ аст. Ҳоло дар ин маскани таълим насли наврас ба се забон: ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ таҳсил мегиранд. Мактаб соли 2017 аз таъмири хушсифати асосӣ баромадааст, аммо кабинетҳои кимиё, биология ва физика то имрӯз муҷаҳҳаз карда нашудаанд. Хонаҳои лаборатории ин фанҳо низ холистанд. Бармеояд, ки хонандагон аз фанҳои мазкур машғулоти амалӣ намегузаранд... Дар мактаб норасоии кадрҳои педагогӣ эҳсос мешавад. Алҳол ин таълимгоҳ ба муаллимони фанҳои биология, кимиё ва забони русӣ эҳтиёҷ дорад. Азбаски муаллими фанни физика ба  забони тоҷикӣ нест, хонандагони синфҳои тоҷикӣ онро бо забони ӯзбекӣ меомӯзанд.
Китобхонаи мактаб дорои 400 китоби бадеӣ асту фақат 15 адади онро асарҳои тоҷикӣ ташкил медиҳанд. Ин теъдод, албатта, барои зиёда аз 580 нафар шогирдони мактаб хеле ва хеле кам аст... Шумораи шогирдон дар синфҳои тоҷикӣ сол аз сол кам мешавад. Соли гузашта нӯҳ нафар дастпарварони ин таълимгоҳ ба донишкадаҳои гуногуни олӣ дохил шуданд, як нафари онҳо аз синфи тоҷикӣ буд.
Зимистони сипаришуда шогирдону устодони мактаб дар синфхонаҳои хунук (хайрият, ки зимистон сахт наомад) дарс гузаштанд. Роҳбарони мактаб, ҳарчанд саъйу кӯшише ба харҷ доданд, ба гарм кардани мактаб муваффақ нашуданд... Ҳарчанд аз ин ҳоли мактаб ҳам шуъбаи таълими халқӣ, ҳам ҳокимияти ноҳияи Сайҳунобод ва ҳам Садорати таълими халқии вилоят бохабар буданд. Эҳтимол дар синфхонаҳои хунук, ларз-ларзон дарс хондани фарзандони халқ хоби ширини онҳоро низ нороҳат карда бошад. Боз Худо медонад.

МАҚОЛАИ ДУЮМ

Хоҷагии ба номи Шариф Раҳимов дар ноҳияи Сайҳунобод калонтарин деҳаи тоҷикнишин аст. Дар деҳа се мактаби таълими ҳамагонӣ амал мекунад. Ҳоло сухан аз хусуси таълимгоҳи нахустини ин деҳа – мактаби рақами даҳум меравад.
– Медонед, бародар, алҳол ҳоли мактабе, ки ҳомӣ надорад, ё падару модарони ҳимматбаланд онро дастгирӣ намекунанд, вой аст, – гап сар кард директори мактаб Абдунабӣ Набиев,  баъди огоҳӣ аз матлаби мо. – Аммо муаммоҳо ду хел мешаванд. Муаммоҳое ҳастанд, ки онҳоро бо кӯмаки ҳомиён ва ҷидду ҷаҳди ҷамоа ҳал кардан имконпазир аст, вале, мутаассифона, мушкилоте, ки ҳаллу фасли онҳо аз дасти ҳомиён намеояд, низ ҷой доранд. Чунончи, мо таъмири мактабро ҳар сол бо ёрии ҳомиён ва муаллимон анҷом медиҳем. То оғози соли хониши нав мактаб, аз он ҷумла кабинету лабораторияи кимиёро, ки харҷи нисбатан калон талаб мекард, бо ёрии ҳомиёни ҳимматбаландамон таъмир карда, барои гузаронидани машғулотҳои амалӣ шароит фароҳам овардем. Аммо ку таҷҳизоти зарурӣ, ки муаллим машғулот гузаронад? Лабораторияи фанҳои физика ва биология низ дар чунин аҳвол аст. Муроҷиатҳои чандкаратаи мо ба мақомоти болоӣ дар ин боб барҳадар рафтанд.
– Барои хонандагони синфҳои тоҷикӣ асбобҳои аёнӣ нестанд, – мегӯяд муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Гулчеҳра Ҳакимова. – Мо, албатта, то ҳадди имкон худамон асбобҳои аёнӣ омода мекунем, аммо аёниятҳои бо тавсияи мутахассисони соҳа дар матбаа тайёршуда, бешубҳа, беҳтаранд. Ғайр аз ин маҷмӯи диктантҳо ва нақли хаттӣ барои мактабҳои тоҷикӣ то имрӯз тухми анқост. Дар озмуни «Санҷиши дониш» иштирок накардани хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик хеле аламовар аст, гӯё, ки ин фанҳо ятим бошанд. 
Дарҳақиқат, роҳбари мактаб ва муаллима Гулчеҳра Ҳакимова рост мегӯянд. Ҳоло дар мактабҳои  тоҷикии ноҳия (эҳтимол дар ҷумҳурӣ низ) муаммоҳое ҳастанд, ки на бо ёрии ҳомиён ва на бо кӯмаки Садорати таълими халқии вилоят ҳалпазиранд. Бигирем, озмунҳоро. Ба озмуни «Санҷиши дониш» иштирок накардани хонандагон аз  фанҳои забон ва адабиёти тоҷик як дард бошад, ба забони давлатӣ будани саволнома ва тестҳо дар ҳамаи (ба ҷуз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар синфҳои болоӣ) озмунҳо дарди дигар аст, охир дар тарҷумаи тестҳо душворӣ кашидани талабаи тоҷик табиист.
Тайи ду соли охир дар як қатор донишгоҳҳои педагогӣ факултаҳои тоҷикӣ кушода шуданд, ки ҷойи шукргузорӣ аст. 
– Пас аз кушода шудани синфҳои даҳуму ёздаҳум маҷбур  шудем, ки маҷлисгоҳи мактабро ба кабинети информатика табдил диҳем, – инони суҳбатро боз ба даст гирифт директори мактаб. — Ҳоло барои гузаронидани тадбирҳо, ё худ ҷамъомади  умумии хонандагон шароит надорем. Бо системаи кабинетӣ  гузарондани дарсҳо низ ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, барои мактаби мо бинои иловагӣ зарур аст. Орзу дорем, ки ин зарурати таъхирнопазири мо рӯзе ҷомаи амал хоҳад  пӯшид. Охир беҳуда «дар навмедиҳо басо умед аст» намегӯянд.
– Дар китобхонаи мактаб ҳамагӣ 350 нусха адабиёти бадеӣ дорем, – мегӯяд китобдор Бахтиёр Бозоров, – аз онҳо ҳамагӣ навад ададаш китобҳои тоҷикист. Қисми асосии китобҳои тоҷикиро ба мактаб китобдӯстони маҳаллӣ туҳфа кардаанд. Ба наздикӣ ҳомии ҳамешагии мо – тадбиркор Аъзам Ҷӯраев ба маърифатгоҳ боз 55 китоб туҳфа кард. Агар мактабамон ба шабакаи интернет васл карда мешуд, метавонистем аз асарҳои адибони тоҷики ба адабиёти дарсӣ дохилшуда тавассути он истифода барем...
Тафаккуру ҷаҳонбинии хонандаи имрӯз аз фикру андешаи талабаи солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Онҳо тавассути оинаи нилгун ва интернет аз шароити сабақомӯзии ҳамсолони шаҳрии худ огоҳанд, мебинанд, ки дар шаҳрҳо ҳар як дарс дар кабинети фаннии мукаммал ҷиҳозонидашуда мегузарад. Мебинанду мешунаванд,ки ҳамсолони шаҳрии онҳо дар лабораторияҳои муҷаҳҳази кимиё машғулотҳои амалӣ мегузаранд, кашфиёт мекунанд, ғолибу ҷоизадори озмунҳои байналхалқӣ мегарданд. Ва аз устодони худ мепурсанд: то кай мо дар чунин шароит мехонем? Ё мо барои он ки дар деҳа зиндагӣ мекунем, гуноҳкорем? Устодон гоҳ сурху гоҳ сафед мешаванду устокорона ба дили беқарори шогирдон таскин мебахшанд, тухми умед мепошанд...
Боз ҳамон гап: «дар навмедиҳо басо умед аст».

МАҚОЛАИ СЕЮМ

Мактаби рақами 34-ум низ дар ҳамин хоҷагӣ, яъне дар хоҷагии ба номи Шариф Раҳимов ҷойгир аст. Дар ин мактаб ҳам чун дар мактаби рақами даҳум хонандагон ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ таълиму тарбия мегиранд, агарчи ҳама тоҷиканд.
Вақте мо ба ин таълимгоҳ омадем, чанд омӯзгорро дар сари баҳс дарёфтем. Баҳси онҳо аз хусуси сифати китобҳои дарсӣ буд. Муаллима Фирӯза Нурова бо исрор мегуфт, ки вожаи «чақрим» тоҷикӣ нест, наход муаллифони китоби хониш барои синфи чоруми мактабҳои тоҷикӣ муродифи тоҷикии онро наёфтаанд? Охир ин калимаро бо калимаҳои «санг», «фарсанг» иваз кардан мумкин буд. Ғайр аз ин дар ин китоб хатоҳои дигар ҳам ҷой доранд. Масалан, дар саҳифаи 144-ум шеъри Зулфия Атоуллоева хато чоп шудааст...Дар китоби математикаи синфи чорум, ки Ш.Турдиқулов тарҷума кардааст, китоби математикаи синфи дуюм (мутарҷим Б.Эшонзода) мисолҳо хато дода шудаанд...
– Баҳсу мунозираатон оид ба китобҳои дарсӣ, албатта, хуб аст, – ба суҳбати муаллимон ҳамроҳ шуд директори мактаб Ҳамза Юлдошев, — аммо агар ҳамин фикрҳоро ба шуъбаи тоҷикии Маркази таълими ҷумҳурӣ навишта фиристонем, боз ҳам хубтар мешуд, зеро дар нашри оянда хатоҳо бартараф мегардиданд. Маврид, ки муносиб афтод, бояд гӯям, мо аз шуъбаи тоҷикии Маркази таълими ҷумҳурӣ умедҳои зиёд дорем. Масалан, нақшаи намунавии дарсҳои кушод, намунаи нақшаи дарси яксоата, тарҷумаи тоҷикии нақшаи соатҳои тарбиявӣ... Алҳол муаммои асосии мо норасоии ҷой аст. Бовар мекунед, рӯҳшиноси мактабамон дар озмуни рӯҳшиносони вилоят ҷойи якумро ишғол кард, аммо дар мактаб хонаи алоҳидаи корӣ надорад. Ба сарвари ташкилоти ибтидоии ҷавонон низ хонаи алоҳида ҷудо карда наметавонем. Синфхонаҳо намерасанд, маҷлисгоҳ надорем, як маҷмӯи компутер обу ҳаво барин зарур аст...
Аз суҳбат бо сарвари ҷамоаи педагогӣ маълум шуд, ки аҳволи кабинетҳои кимиё, биология ва физика аз мактабҳои ҳамсоя бартарӣ надорад, яъне дар ин мактаб низ бо сабабҳои ба мо маълум машғулоти амалӣ доир ба ин фанҳо гузаронида намешаванд. Роҳбарону мутасаддиёни соҳа аз тамоми ин мушкилоти мактабҳо хабардоранд, аммо муддатҳост, ки имрӯзро ба фардо мегузоранд.
– Кушодани гиреҳҳо, ҳалли ҳамаи муаммоҳо бо маънавият вобастагии узвӣ дорад, – мегӯяд китобдори таълимгоҳ Абдумӯъмин Турсунов. — Китоб сарчашмаи маънавият аст. Тарғиби китобхониро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардоштани Президенти кишварамон беҳуда нест. Мо бояд ҳар чӣ зудтар холигии маънавии солҳои рукудро пур кунем... Дар китобхонаи мактаб ҳамагӣ 520 адад адабиёти бадеӣ дорем. Мутаассифона, китобҳои тоҷикӣ, ақаллан 10 фоизи онро ташкил намекунад. Барои 506 нафар хонанда 520 адад китоб... Худатон қазоват кунед, магар аламовар нест? Агар дар маънавияти халқи мо холигӣ вуҷуд намедошт, тайи ду соли охир дар китобхонаи мактаб китоб намеғунҷид...

МАҚОЛАИ ЧАҲОРУМ

Дар ҷамоати шаҳрвандони «Фаровон», ки байни деҳаҳои тоҷикнишини атроф бо номи «Шӯрезак» маъруф аст, ду мактаби сирф тоҷикӣ ҳаст.
Мактаби рақами 19 пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, охири солҳои чилуми асри сипаригашта ташкил ёфтааст. Бинои мактаб пас аз даву този зиёди директори ҳолоинаи он Исмат Мирзоев соли гузашта аз таъмири асосӣ баромад. Дуруст аст, ки бинои мактабро хеле хуб таъмир карданд. Мувофиқи дастур пас аз таъмир мебоист 70 фоизи инвентари мактаб низ нав мешуд, аммо аз мебели ваъдагӣ то имрӯз дарак нест... «Хонаи наву палоси куҳна», гуфтагӣ барин шогирдони босабру боодоби мактаб аз партаҳои лиққонак, мизу курсиҳои чанд бор таъмиршуда бо эҳтиёти тамом истифода мебаранд, то дар оянда додару хоҳаронашон бе мизу курсӣ намонанд...
«Хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад» мегӯянд, ки рост аст. Лабораторияи фанҳои кимиё, биология ва физикаи ин таълимгоҳ низ орӣ аз таҷҳизоти зарурист. Шогирдони мактаб чӣ будани компутеру имкониятҳои бепоёни онро аз ҷиҳати назарӣ медонанд, аммо худи компутерро то имрӯз надидаанд.
Бино ба шаҳодати китобдор Зилола Ривоҷиддинова китобхонаи мактаб дорои 302 осори бадеӣ асту китобҳои тоҷикӣ ангуштшумор. Ба наздикӣ шогирди собиқи ин даргоҳ Ҳикматулло Мирзоев ба китобхонаи мактаб 50 адад китоб туҳфа кардааст.
Як хонандаи ҳамин мактаб зиёда аз 50 ғазали шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишер Навоиро беист азёд гуфта, ҳар як ғазалро то андозае маънидод карда метавонад, аҳсант! Аммо сад дареғ, ки ягон хонандаи мактаб девони Ҳофизи лисонулғайб, «Марги судхӯр»-и устод Садриддин Айнӣ, романи «Фирдавсӣ»-и устод Сотим Улуғзода, ё «Фарёди бефарёдрас»-и устод Лоиқро бо чашми худ надидааст...
Мактаби рақами 25-ум низ дар ҳамин деҳа аст. Банда шароиту имкониятҳои ин маърифатгоҳро ба хубӣ медонам, зеро аз соли 2015 то сентябри соли 2018 омӯзгори ҳамин мактаб будам. Аз ин рӯ, агар гӯям, ки мактаб ҳоли табоҳ дорад, хоҳишмандам, бовар кунед. 
Мактаб китобхона надорад. Ҷойе, ки 150 адад китобро дар он ҷойгир карда, ба он «Китобхона» ном мондаанд, на танҳо беҳурматӣ, балки нисбат ба китоб таҳқир аст!
Аз рӯзе, ки он мақоми мактаби ҳамагониро гирифтааст, аз фанҳои кимиё, биология ва  физика машғулоти амалӣ гузаронида нашудааст. Хайрият китоби дарсӣ ҳаст, ки дарс мегузаранд, дигар на аёнияту на асбобу анҷоме..., толори варзиш, маҷлисгоҳ нест. Психологи мактаб бо ҷонишини директор дар як хоначаи хурд «муросову мудоро» доранд..., тахтаҳои фарши ду синфхона шикастааст. Мизу курсиҳо намерасанд, хонандагони синфҳои болоӣ дар курсиҳои барои синфҳои ибтидоӣ пешбинишуда нишаста дарс мехонанд. Харитаву глобусҳо фарсуда шудаанд, анҷомҳои варзишӣ нестанд, низоми гармкунӣ муҳтоҷи таъмир аст...
Хонандаи азиз, шояд гумон кунӣ, ки ин мактаб дар ягон деҳаи дурдасти вилоят воқеъ асту гузори роҳбарони мутасаддӣ ба он кам меафтад. Дуруст аст, ки гузори роҳбарон ба ин даргоҳ кам меафтад ва ҳар гоҳ, ки афтад дидаро нодида мегиранд. Аммо мактаб дар деҳаи дурдаст не, дар масофаи 15 километр дуртар аз маркази ноҳия ва 25 километр дарозо аз маркази вилоят, сари роҳи Гулистон – Сайҳун воқеъ аст.
Сухан гуфтан мисли ҷонканист, мегӯянд дар урфият. Шоире «Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст» гуфта будааст. Шукри беҳад, ки банда қадри суханро медонам, аз ин рӯ навиштани ин мақола бароям хеле гарон буд. Фикри «Оё суханатро мешунаванду қадр мекунанд, оё он суде мебахшад?» ҳеҷ аз хаёлам дур намерафт... Алъон худро бо байти зерини шоир тасаллӣ медиҳам:
 ...В-ар нашуд аз ҷаҳди ман коре ба ком,
  Ман дар он маъзур бошам, вассалом!

                                                
Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори  «Овози тоҷик» дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: