«Бухоро» соли 1989 ҳамчун ҷамоаи касбӣ (он гоҳ «Нурафшон» ном дошт) ташкил ёфтааст.
Аз соли 1992 инҷониб ҳамчун намояндаи лигаи олӣ дар чемпионат иштирок дорад. Натиҷаи баландтарини команда дар ин қувваозмоиҳо соли 1994 ҷойи дуюм буд. Ҷамоа соли 2010 лигаи олиро тарк намуда, як сол дар лигаи якум фаъолият нишон дод. Тайи солҳо дар ин ҷо футболбозон ва мураббиёни шинохта, аз қабили Усмон Тошев (ҳоло сармураббии командаи яккачини Тоҷикистон), Муҳсин Муҳаммадиев (ҳоло сармураббии ҷа-моаи «Бухоро»), Улуғбек Бақоев (ҳоло сармураббии «Суғдиён»), Шуҳрат Файзиев (мураббии «Суғдиён») ва ғайра ба воя расидаанд.
Футболбозони «Бухоро» соли гузашта мавсимро дар ҷойи шашум ҷамъбаст намуда, мухлисони худро хурсанд карда буданд.
Имсол шогирдони Бахтиёр Ашурматов аз вохӯрӣ то вохӯрӣ мухлисонро ранҷонда, давраи аввали мусобиқаҳоро дар ҷойи 12-ум ҷамъбаст карданд. Ба маъмурияти даста лозим омад, ки чораҳои зарурӣ бинад. Аз ҷумла сармураббии ҷамоа иваз карда шуд. Ба ин вазифа футболбози машҳур, Мураббии шоистаи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев таклиф гардид.
Вай соли 1999 муддате ин ҷо бозӣ карда буд ва моҳи июни соли ҷорӣ боз ба даста баргашт.
Ба ӯ дар қатори дигар мураббиён Олег Ширинбеков низ кӯмак мерасонад.
Мутаассифона, вазъи имрӯзаи «Бухоро» ташвишовар аст. Мағлубият аз «Пахтакор» ба ҳисоби 5:0, ҷойи охирин дар ҷадвали чемпионат, хавфи дуюмбора тарк кардани суперлига ба ҷамоа таҳдид мекунад.
Вазъи молиявии даста чӣ гуна бошад? Кадом омилҳо боиси нобарории бозии ҷамоа мегарданд?
– Директори генералии даста ба Тошканд рафтааст, агар рӯзи қувваозмоии «Бухоро» – «Суғдиён» (17 август) барвақттар оед, бо Шуҳрат Ҳамроев вохӯрда метавонед, – маслиҳат дод котиба дар қабулгоҳи идораи ҷамоа.
Фурсатро ғанимат дониста, ба машқгоҳи команда рафтам. Хушбахтона сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев он ҷо буд. Мухлисони футбол ӯро хуб медонанд. Падараш Муслим Муҳаммадиев когонӣ аст. Бобояш Раҷаб Муҳаммадиев дар давраи Ҳукумати халқии Бухоро вазири заминдорӣ будааст.
Муҳсин дар Душанбе таваллуд ёфта, ба воя расид. Донишкадаи тарбияи ҷисмониро хатм кард. Дар командаҳои машҳури Тоҷикистону Русия, Туркияву Австрия – «Помир», «Спартак», «Торпедо», «Рубин», инчунин «Анқарагюджю», «Аустрия» бозӣ карда, дар ҳайати «Спартак» ва «Рубин» борҳо чемпиони Русия ва соҳиби ҷом гардидааст. Ӯ мураббӣ, сармураббии якчанд ҷамоа буд. Муҳсин Муслимович ба пурсиши мо оид ба аҳволи имрӯзаи «Бухоро» чунин гуфт: «Дар мо ҷамоаи нав ташаккул меёбад. Аз ин рӯ якдигарфаҳмии бозингарон хуб не. Норасоии ҳуҷумгари ҳақиқӣ ҳоло камбудии асосӣ аст. Барои ислоҳи ин вақт лозим. Нӯҳ бозии пешистода тақдири моро бобати дар суперлига мондан ё намондан ҳал мекунад. Бепарво шудан мумкин нест. Ҳар як вохӯрӣ барои мо ҳамчун бозии охирин ва ҳалкунанда қимат дорад».
Баъди чанде интизорӣ ба қабули сардиректори даста Шуҳрат Ҳамроев даромадам.
– Ду сол боз дар ин вазифа кор мекунам, – гуфт вай. – Бо сабабҳои гуногун бештар аз панҷ миллиард сӯм қарз доштем. Хушбахтона, онро бартараф кардем. Ҳоло вазъи молиявии «Бухоро» бад не. Барои табъи дил гузаронидани вохӯриҳо ба варзишгарон шароити мусоид фароҳам овардаем. Рости гап, аз берун даъват кардани футболбозони лаёқатнок чандон судовар нест, зеро онҳо муваққатианд ва харҷи зиёдро талаб мекунанд. Азбаски командаи ҷавонони «Бухоро» мавсими гузаштаро дар ҷойи дуюм ҷамъбаст карда буд, мо бо чанд андеша – рӯҳбаланд кардани наврасони худ ва сарфаи маблағ ба онҳо такя кардем, вале «гапи хона ба бозор рост наомад» – рақобат бо футболбозони суперлига барои ҷавонони мо осон намегардад. Аз ин рӯ бо мақсади ислоҳи вазъият даҳ бозингари нав – Фатҳулло Фатҳуллоев (Тоҷикистон), Капор Милован (Канада), Ҷова Липартиа, Вилӣ Исианӣ (Гурҷистон) ва бозингарони собиқи «Бухоро» Беҳрӯз Саъдуллоев («Сурхон»), Бобурҷон Амонов, Сардор Сулаймонов («Андиҷон»), инчунин Аббосбек Ҷумъақулов, Ҷавоҳир Ҷумъаев ва Оғабек Чориев (аз ҷавонони «Бухоро»)-ро ба ҷамоа ҷалб кардем. Гуфтан ҷоиз аст, ки масъулияти ҷараёни бозӣ ва интихоби варзишгарон ба зиммаи сармураббӣ буда, мо ба он дахолат намекунем, – хулоса намуд Ш. Ҳамроев.
Азбаски фурсати вохӯрии «Бухоро» бо «Суғдиён» фаро мерасид, мо низ вориди варзишгоҳ шудем. Дар варзишгоҳ ҷамъ 5560 нафар тамошобин буд. Дар шафатам мухлиси деринаи «Бухоро», корманди ДДБ Шавкат Эшовро пурҳаяҷон дидам. Аён буд, ки вазъи имрӯзаи ҷамоаи дӯстдоштааш ӯро низ ба ташвиш овардааст. Вай афсӯс мехӯрд, ки баъзе бозингарони хуб аз қабили Шавкат Саломов аз команда рафтанд. Ҳоло тақрибан ҳафтод фоизи варзишгарон нав шудаанд. Бояд вазъият тағйир ёбад.
Ниҳоят вохӯрии «Бухоро» – «Суғдиён» оғоз ёфт. Ҳар ду ҷамоа дар майдон эҳтиёткорона ҳаракат намуда, назди дарвозаҳо вазъиятҳои хавфнок ба вуҷуд оварданд, вале дар нимаи аввали вохӯрӣ зарбае ба нишон нарасид. Қисми дуюми бозӣ шиддатноктар гузашт.
Дар дақиқаи 70-ум зарбаи Фатҳуллоев бо гол анҷом ёфта, дили мухлисони «Бухоро»-ро ба хурӯш овард. Ин хурсандӣ дер давом накард – зарбаи нишонраси меҳмонон дар дақиқаи 82-юм, гӯё болои сари ҳаводорони «Бухоро» оби сард рехт. Ҳарчанд «Бухоро» бештар ҳуҷум карда, дар назди дарвозаи ҳариф лаҳзаҳои умедбахшро ба вуқӯъ овард, вохӯрӣ 1:1 анҷом ёфт.
Дар охир аз муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи вилояти Бухоро Бобур Қодиров хоҳиш намудем, ки бобати ҳолати ҳозираи «Бухоро» изҳори ақида кунад.
– Давраи дуюм дар бозии ҷамоа пешравиҳо эҳсос мегардад. Бовар дорам, ки саъю кӯшиши команда дар нӯҳ бозии боқимонда самара дода, «Бухоро» мавқеи худро дар суперлига беҳтар месозад, – гуфт вай.
Вохӯрии навбатӣ дирӯз дар Самарқанд бо «Динамо» барпо гардид ва он...
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.