ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, РӮЗНОМА?

Ё худ андешаҳо доир ба обуна ба матбуоти даврӣ

Журналистӣ касби бошараф, пурифтихор ва дар навбати худ басо машаққатноку заҳматталаб. Чӣ будани матбуоту кӣ будани журналистро танҳо кормандони соҳа беҳтар медонанд.
Аз чопи нахустин хабарам дар рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») аллакай беш аз ним аср сипарӣ шудааст. Баъдтар аз Насриддин Зайниев, Абдусалом Муҳаммадалиев, Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, Муҳсин Умарзода, Нор Остонзода, Ҷонибек Қувноқов, Аҳмадҷон Мухторов, Акбар Усмонов (Худо охирати онҳоро обод карда бошад) ва дигарон асрори соҳаи матбуотро омӯхтам. 
Бо амри тақдир дар идораҳои симо ва садои вилоят, рӯзномаҳои «Шарқ тонги», «Овози Самарқанд» ифои вазифа доштам ва ҳоло беш аз 10 сол аст, ки хабарнигори рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» дар Самарқанд мебошам.
Дар давоми кор бо ҳолатҳои гуногун рӯ ба рӯ шудам. Аммо бояд гуфт, ки ду соли охир матбуоти даврии мо куллан дигар шуд. Сарвари давлат дар маросими тантанавии бахшида ба 26-солагии қабули Қонуни Асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон нутқ эрод намуда, дар назди мо, журналистон низ вазифаҳои таъхирнопазир гузошт, ки иҷрои бечунучарои он барои аҳли қалам ҳам қарзу ҳам фарз аст. Мо, албатта кӯшиш мекунем мақолаҳои таҳлилӣ-танқидӣ, баҳсу мунозиравӣ, проблемавӣ нависем, хуллас он масъалаҳоеро, ки мардумро ба ташвиш мегузоранд, рӯйи коғаз оварем.
Вале  ин ҷо гап дар сари он аст, ки оё рӯзномаҳо сари вақт ба дасти муштариён мерасанд? 
Хушбахтона, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ҷамъомади роҳбарону масъулон борҳо равшану возеҳ гуфт, ки «рӯзнома – минбари халқ аст. Онро дастгирӣ кардан лозим». Ин иқдоми некро ҳокимони ноҳияҳо дастгирӣ намуданд. 
Дар шабакаҳои интернет ва нашрияҳои онлайн интишори хабарҳо аз «нимҷонӣ»-и матбуот аз он далолат медиҳад, ки фарқияти ба худ хоси интернет ва воситаҳои ахбор (аз ҷумла нашрияҳои чопӣ) ҳанӯз муайян нашудааст. 
– Дар саҳифаи рӯзномаҳои чӣ ҷумҳуриявӣ, чӣ вилоятиву ноҳиявӣ маводе, ки ягон муаммои рӯзгорро ба миён гузошта бошад, хеле кам ба назар мерасанд, – мегӯяд корманди рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Шуҳрати Ҳусейн. – Аксарияти материалҳо таҳрирталабанд ва ба талаботи жанрҳои журналистика ҷавоб намедиҳанд. Нигоранда фикрашро равшану возеҳ баён карда наметавонад ва аз ин беҳунарии муаллиф хонанда дилгир мешавад. Хулоса ба аксар ходимони рӯзномаҳо маҳорати касбӣ намерасад, ки ин ба баланд шудани обрӯву эътибори нашрия, ба таври дигар гӯем – афзудани адади нашр бетаъсир намемонад. Дар бисёр рӯзномаҳо ба ҷойи он, ки матолиби хонданиву таҳлилии хабарнигорони хуби ҷамоатӣ бештар ба табъ расанд, нигоштаҳои хоми  ходимони ҳамон рӯзномаҳо гаштаву баргашта ва саҳифа-саҳифа дарҷ меёбанд, ки ин ҳаргиз ба манфиати кор нест. Сармуҳаррирони рӯзномаҳо бояд барои зиёд кардани сафи мухбирони ҷамоатӣ ҳамаҷониба кӯшиш кунанд. Зеро маҳз онҳо бо нигоштаҳои худ рӯзномаро хонданӣ ва обрӯву эътиборашро дар байни халқ баланд менамоянд, ба зиёд шудани теъдоди нашрияҳо  ҳисса мегузоранд.
Аз нигоҳи ороиши техникӣ низ рӯзномаҳо зебо нестанд. Дар ҷобаҷогузории мавод камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, маводи саҳифаи ду – дар саҳифаи се, ё баръакс материале, ки бояд дар қисми болои саҳифа ҷой гирад, дар поён ҷой дода мешаванд. Гузашта аз ин дар саҳифабандӣ аз ҷониби саҳифабандон комбинатсияҳо, ки метавонанд маводи саҳифаро ҳамчун ҳалқаҳои занҷир ба ҳамдигар бипайванданд, истифода намешаванд. Дар натиҷа саҳифаҳо ба се ё чор қисм ҷудо мешаванд. Хулоса, котибони масъули рӯзномаҳо бояд ҳангоми кашидани тарҳ (макет)-и саҳифаҳо матолибро дар онҳо аз рӯйи мазмуну мундариҷа ҷо ба ҷо гузоранд.
Агар дар бораи рӯзномаҳои тоҷикӣ ҳарф занем, бояд гуфт, ки забони онҳо равон нест, сактагиҳо доранд. 
Шояд рӯзномаҳои хусусӣ аз байн раванд, лекин нашрияҳои давлатӣ дар асоси қонуни дар амалбуда фаъолият хоҳанд бурд. Зеро дар моддаи 14-уми қонун «Дар бораи воситаҳои ахбори оммавӣ» ба зиммаи муассисон вазифа гузошта шудааст, ки онҳо бояд ба чопи нашри худ ёрӣ расонанд.
Мо дар навбати худ бояд кӯшиш кунем, ки дар саҳифаҳои рӯзнома реклама ва эълонҳои тиҷоратиро бештар ҷой диҳем. Дар хориҷа ин аз воситаҳои асосии маблағёбӣ аст.
Итминони комил дорем, ки бо дастгириву мадади инсонҳои саховатманд, худшиносу равшанфикр ва ватанпарвар рӯзномаҳо, аз ҷумла «Овози тоҷик» солҳои дароз арзи ҳастӣ хоҳанд кард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: