«CNN»: МУШТАРАКОТИ АНЪАНАВӢ ВА ЗАМОНАВӢ БА ЗУДӢ МЕТАВОНАНД ТОШКАНДРО БА ҶОЙИ ҲАТМИИ ЗИЁРАТИ САЙЁҲОН ТАБДИЛ ДИҲАНД

Хидмати ахбори «CNN»-и Амрико дар сомонаи худ мақолаи сармуҳаррири ширкати телевизионӣ Том Буше-Хейсро, ки моҳҳои ноябр-декабри соли равон барои омодагӣ ба навори лоиҳаи телевизионии «TheGenerationNext» ба Ӯзбекистон омада буд, ҷой додааст.

Хидмати ахбори «CNN»-и Амрико дар сомонаи худ мақолаи сармуҳаррири ширкати телевизионӣ Том Буше-Хейсро, ки моҳҳои ноябр-декабри соли равон барои омодагӣ ба навори лоиҳаи телевизионии «TheGenerationNext» ба Ӯзбекистон омада буд, ҷой додааст.

Дар мақола таъкид мегардад, ки солҳои охир Ӯзбекистон пешрафти иқтисодиро аз сар мегузаронад, иқтисодиёти худро диверсификатсия мекунад, Тошканд бошад, метавонад боз як нуқтаи муҳими таъинот барои сайёҳони Ғарб гардад.
«Аксарияти зоирони Ӯзбекистон, чун одат ба Тошканд чандон эътибор намедиҳанд ва зуд ба шаҳрҳои куҳна, аз ҷумла Самарқанд ва Бухоро, ки аз қисматҳои Шоҳроҳи абрешим – роҳи бостонии тиҷорат аз Чин ва Ҳиндустон то Баҳримиёназамин ба шумор мераванд, мешитобанд. Ҳол он ки баробари вусъат пайдо кардани пойтахти Ӯзбекистон вай беш аз пеш нуқтаи мустақили таъинот барои сайёҳон мегардад», – менависад муаллиф.
Вай тозагиву озодагии хиёбонҳои пойтахти вусъат пайдокарда, ҳамоҳангии меъмории анъанавиву ҳозиразамон, ҳамчунин ҳусни метрои Тошкандро қайд менамояд.
«Истгоҳҳои метро ҷойҳои тамошобоби ғайриинтизор, вале ҳатмии сайёҳии Тошканд ба шумор мераванд, – таъкид мегардад дар мақола. – Дар тамоми ҷаҳон нақлиёти зеризаминӣ, пеш аз ҳама, бинобар таъиноти худ, яъне мусофиркашонӣ истифода мешаванд ва чандон ороиши зебо надоранд. Дар Тошканд, ки истгоҳҳои қадимитарини зеризаминии Осиёи Марказӣ мебошанду ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта кушода шуда буданд, онҳо ба сифати нигористонҳои бостонӣ ба назар мерасанд. Асарҳои бадеӣ, нақшҳо ва ороишот маданияти мамлакат ва гузаштагони машҳури онро шуҳратёр мекунанд».
Гуногунрангӣ ва махсусияти ошхонаҳои миллӣ, ки таоми асосии онҳо палав ба шумор меравад, ба журналисти амрикоӣ таассуроти хуб гузоштаанд. Муаллиф дар мақолаи худ ба ин таом, дар Маркази палави пойтахт аз он чошнӣ бурдааст, эътибори махсус медиҳад.
Фаровонии бозорҳо, бахусус бозори «Чорсу», ки аз ҷумла бо таърихи худ тафриқа дорад, низ эътибори муаллифро ба худ ҷалб сохтааст.
«Дар байни марказҳои нави тиҷоратӣ ва биноҳои баландошёна дар бораи он ки шаҳр пештар чӣ гуна буд маълумот камтар аст, – менависад ӯ. – Дар ҳама ҷо масҷид ва мадрасаҳо мавҷуданд. Чунончи, дар Маҷмӯи Ҳазрати Имом дастнависи нодир – нусхаи ҳақиқии Қуръони Усмон, ки бисёр мутахассисон онро ба сифати нусхаи қадимитарини Қуръон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, нигаҳдорӣ мешавад. Ҳарчанд Ӯзбекистон аз рӯзи дарёфти истиқлол давлати дунявӣ ба шумор меравад, тақрибан 80 фоизи аҳолии мамлакат мусалмон мебошанд».
Саёҳати худро хулоса карда, Том Буше-Хайс таъкид менамояд, ки барои гурӯҳи куллан нави сайёҳон муштаракоти анъанавиву замонавӣ ба зудӣ метавонад Тошкандро ба ҷойи ҳатмии зиёрат табдил диҳанд.

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: