Мутаассифона, пандемияи коронавирус дар кишвари мо дубора авҷ гирифт.
Мутаассифона, пандемияи коронавирус дар кишвари мо дубора авҷ гирифт. Шумораи беморон чун дар Тошканд дар Самарқанд низ рӯз то рӯз меафзояд.
– Сабаби мавҷи нави вирус, ҷараёни шадиди беморӣ ва зиёд шудани миқдори фавтидагон он аст, ки мардуми мо ба маҳдудиятҳои карантин риоя намекунанд, ба талабҳои он бепарвоёна муносибат мекунанд, – мегӯяд сардухтури шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд, номзади илмҳои тиб Аҳмадҷон Бобоҷонов. – Соли гузашта ман дар маркази табобатгоҳ – толори варзиши шаҳрамон адои вазифа доштам ва шоҳиди шодӣ аз шифо ёфтану дареғу ҳасратхурӣ аз марги бемаҳал будам. Барои мо вируси «Covid-19» як падидаи номаълум буд, вале шифокорон ба савганди хеш содиқ монданд.
Роҳбари кишвари мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин иллат чораҳои таъхирнопазир андешид, шифохонаҳои махсуси замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, воситаҳои ҳаводиҳии сунъӣ, ниқоб, дастпӯшак, ҷомаҳои ҳимоякунанда пурра таъмин гардиданд.
– Бинобар маълумотҳо бештар ҷавонон ба гирдоби беморӣ афтодаанд? Чаро?
– Афсӯс, ки ин касалии сирояткунанда синну солро намедонад. Барои мо, шифокорон бемори солхӯрда ё ҷавон нест. Лекин, бояд эътироф кард, ки маҳз ҷавонон ба қоидаҳои карантин беэътиноӣ мекунанд. Ваксинаро бояд ҳама қабул кунанд.
– Оё баъди гирифтани ваксина низ бемор мешаванд?
– Сад фоиз кафолат нест. Аммо пешгирӣ зарар надорад. Аз таҷрибаи кор мегӯям, ки агар беморӣ ба шахси эмгирифта сироят кунад, табобаташ сабуктар мегузарад.
– Баъзе шахсон табобатро дар хона афзал медонанд...
– Бемороне, ки дар шароити хона табобат мегиранд, бо хидмати тиббию дорувор ва ғайра таъмин карда мешаванд. Фақат ба қоидаҳои карантин бояд қатъиян амал кард.
«Covid-19» бемории хавфноку бераҳм аст. Дар урфият «эҳтиёт – ними ҳаёт!» мегӯянд, бинобар ин бояд ба қоидаҳои карантин аз пандемия қатъӣ риоя карда шавад.
Мусоҳиб
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.