«COVID-19 ВАБОИ АСРИ XXI...»

Имрӯз коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, ки бо гумони ғолиб дар ин солҳои охир ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд.

Имрӯз коронавирус ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, ки бо гумони ғолиб дар ин солҳои охир ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд. Дар тамоми мамлакатҳои дунё ин вирусро ба қайд гирифтанд, ки яке аз онҳо Ӯзбекистон аст. Дар мамлакати мо бемороне, ки аз ин вирус сироят ёфтанд, аз чор ҳазор гузашт. Аз он рӯзе, ки дар мамлакат коронавирус аниқ карда шуд, бо ташаббуси сарвари давлат Шавкат Мирзиёев аз 16 март карантинкунонӣ оғоз ёфта, барои пешгирӣ аз ин офати ба чашм ноаён ва дастгирии халқ ҳама имконият ва чораҳо дида шуданд. Ҳоло сир нест, ки миқдори беморони шифоёфта низ зиёд мебошад. Суоле пайдо мешавад: чаро олимон бо вуҷуди ҳамин қадар талошҳо пеши роҳи ин касалиро пурра гирифта наметавонанд? 
Мутахассисон вируси тоҷдорро бори аввал дар шаҳри Ухани вилояти Хубейи Чин аниқ карданд. Олимон ҳайвонотро манбаи коронавирус ва паҳншавии он меҳисобанд. 
Соvid-19 аввал роҳи нафасро аз кор мебарорад. 
Саъдии бузург гуфтааст: 
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор. 
Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, 
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Аз нигоҳи Саъдӣ ҳамаи инсонҳо аз ҷавҳари ягонаи илоҳӣ офарида шудаанд. Ӯ ягонагии аъзои инсонҳоро таъкид намуда, зарурати ҳамдарду ҳамғам будани онҳоро таъкид менамояд. Ин мисраъҳо ягонагии зоҳиру ботин, хубиҳои табиати атроф, некию накӯкорӣ, ахлоқи неки инсонӣ, адлу инсоф, ишқи пок, донишандӯзӣ, ростгӯӣ ва ёриву бародарӣ барин мавзӯъҳои асосиро дар худ муҷассам сохтаанд. Фармудаҳои бемисли шоир инсониятро ба якдилию ҳамнафасӣ даъват мекунанд. 
Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар чунин ҳолати пуртаҳлука ҳам ба давлатҳои ҳамсоя дасти ёрӣ дароз намуда, барои шаҳрвандони Ватан низ шароити иқтисодиву маънавиро фароҳам овард. Соvid-19, гарчи беморист, дар чунин як вазъияти эпидемиологӣ ҳам дар мамлакатамон дарсҳои масофавӣ, тадбиркории масофавӣ идома дорад ва бе ҳеҷ шубҳа гуфта метавонем, ки мардум мувофиқи Стратегияи амалиёт фаъолияти худро дар ҳолати карантин низ идома медиҳанд.     
Инсон дар рӯйи замин манбаи ҳамаи ободӣ, озодӣ ва пешравию комёбиҳои ҳаёт аст. Тамоми мавҷудоти олам маҳз тавассути меҳнати фидокоронаи инсон арзи ҳастӣ мекунанд. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардҳои асилу пурарзиш аст, инсоне, ки гулу гиёҳро ҳастӣ мебахшад, инсоне, ки ҳайвоноту набототро нигаҳбон аст, инсоне, ки муҳиту ҷомеаро созгор мебошад, инсоне, ки дар ҳама соҳаҳо пешрав гардидааст, ниҳоят, инсоне, ки созандаву ҳаётофарин асту қудрати бузург дорад, созандаи муҳити солим, тарбиятдиҳандаи фарзандони баркамол ва нишондиҳандаи сифатҳои олии инсонӣ аст. Инсон бо чунин сифатҳояш аз чунин як санҷишоти вазнин сарбаландона мегузарад. Коронавирус сабабгори пешгирии касалиҳои сирояткунандаву тозагист. Зеро, “тозагӣ аз имон аст”. Инсон тавассути ақли бузургаш муҳитро тозаву озода нигоҳ медорад. Аз ифлосиву нопокиҳо полуда месозад. Покии ҳар як гӯшаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилаву фарзандони солим маҳз ба инсоният вобаста аст. 

Меҳрангез МУТИНОВА,
донишҷӯйи Донишгоҳи
 давлатии Тирмиз.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: