Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш гуфт, ки офати иқлимӣ ба кишварҳои ҷазираи Уқёнуси Ором таҳдид мекунад, зеро онҳо аз гармшавии глобалӣ бештар азият мекашанд.
Дабири кулли СММ қайд кард, ки бар асари офати ҷаҳонии иқлим сатҳи баҳр ба сатҳи бесобиқа боло меравад. Гутерриш дар гузориши худ гуфт, ки ҳарорати об дар наздикии ҷазираҳои уқёнуси Ором нисбат ба дигар қисматҳои ҷаҳон се маротиба тезтар боло меравад.
"Сабаб маълум аст - инҳо асосан газҳои гулхонаӣ мебошанд, ки дар натиҷаи сӯзондани сӯзишвории истихроҷшаванда тавлид мешаванд" гуфт Дабири кулли СММ дар суханронии худ дар Тонга.
Вай ҳушдор дод, ки гармшавиҳо барои ҷазираҳои Уқёнуси Ором мушкилоти бештаре ба бор хоҳад овард ва бо обхезии шадид ба киштзорҳо, моҳидорӣ ва захираҳои оби тоза таҳдид мекунад.
Гутерриш ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки "маблағгузорӣ ва пуштибонӣ ба кишварҳои ниёзманд" дар ҳавзаи Уқёнуси Оромро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд, хабар медиҳад interfax.ru.