«ДАФТАРИ БОНУВОН» ВА «ДАФТАРИ ҶАВОНОН» – ТАҚОЗОИ ҲАЁТ

Бино ба фармону супоришҳои Президенти мамлакат ва ҳукумати кишвар баҳри дастгирӣ намудани бонувон ва ҷавонон як қатор ғамхориҳои назаррас пешбинӣ гардидаанд, ки бевосита ба ҳаллу фасли як қатор мушкилоти занон ва барои бо роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон нигаронида шудаанд.

Бино ба фармону супоришҳои Президенти мамлакат ва ҳукумати кишвар баҳри дастгирӣ намудани бонувон ва ҷавонон як қатор ғамхориҳои назаррас пешбинӣ гардидаанд, ки бевосита ба ҳаллу фасли як қатор мушкилоти занон ва барои бо роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон нигаронида шудаанд.
Суоле ба миён меояд. «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» чӣ маънӣ доранд? Умуман, бо кадом мақсад ба ин табақаи ҷомеа эътибор дода шудааст ва мақсад аз дастгирии бонувон ва ҷавонон чист?
Аён аст, ки дар кишварамон –Ӯзбекистони азиз барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани аҳволи иҷтимоии аҳолӣ, ёрӣ расонидан ба оилаҳои муҳтоҷи кӯмак рӯихати оилаҳо, яъне «Дафтари оҳанин» ташкил шуда буд. Алҳол дар ҳар маҳалла, ноҳия, шаҳр ва дар ҳудуди вилоят ташаккул додани «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» ба роҳ монда шуд. Ин рӯихат алоҳида берун аз «Дафтари оҳанин» амал хоҳад кард. Дар он эҳтиёҷ ва иштиёқи ҷавонон, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ, савияи дониш, омӯхтани касб барин вазифаҳои вобаста ба ҷавонписарон ва ҷавондухтарон дар назар дошта шудааст. Дар навбати аввал, пас аз натиҷагирӣ аз пурсишномаҳо дар чаҳор сектор фаъолиятҳои асосӣ оғоз мегардад. Яъне, аз онҳо фаъолони маҳаллаҳо ва роҳбарони чаҳор сектори ноҳия ба сифати дастури асосӣ истифода мебаранд. 
– Дар маҳаллаи мо тақрибан 4244 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, – мегӯяд раиси маҳаллаи «Меҳр-шафқат» Валиҷон Имомов. – То имрӯз дар байни қариб 2000 нафар аҳолӣ пурсишномаҳо гузаронида шуданд. Барои ба амал  татбиқ сохтани пурсишномаҳо фаъолони маҳалла ва вакилони дигар ташкилотҳо  аз наздик ёрӣ расониданд. Аз ҳама муҳимаш бояд ягон хонадон аз эътибор берун  намонад. Ба пурсишномаҳо посухи аниқ гирифта шавад. Баъди ба амал баровардани пурсишномаҳо «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон»-и мо боз мукаммал гардонида шуд. Зеро ҳангоми гузаронидани пурсишномаҳо нафақат ҳолати иҷтимоии шахс ё оила, балки завқу шавқи ҳар кадом ба касбу кор, кадом корро ӯҳда карда тавонистани онҳо муайян карда шуд. 
Гуфтан зарур аст, ки ба ин кор набояд ба беадолатӣ роҳ дода шавад. Дар навбати дигар ҳангоми ба рӯихат гирифтан касе набояд аз эътибор берун монад. Барои ба амал баровардани ин ҳолат ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор зарур аст. 
Бешубҳа, дар ҷойҳо гузаронида шудани тадбирҳои маънавию маърифатӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксар супоришҳои роҳбари давлат ва ҳукумат иҷро мешаванд.
Яъне ба таъбири шоир:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат 
баста гардад,
Агар хоре бувад,
 гулдаста гардад. 

Солеҳ МУҲАММАДҶОН, 
ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: