Далер НАЗАРОВ: ...ДАР ҲАР ЛАҲЗАИ ЗИНДАГӢ ОШИҚЕМ

Овозхони маъруф, оҳангсози бомаҳорат Далер Назаров, ки ҳоло чанд даҳсола инҷониб маҳбуби қалбҳо ҳасту миллионҳо мухлисонаш дар ҳар гӯшаи дунё аз эҷодаш ҳаводорӣ мекунанд, дар арафаи зодрӯзи 65-уми худ барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ гардид. Фикр кардем ин ҳарду рӯйдоди хеле масарратбахш ваҷҳ ва мавриди муҳим аст, ки ба ҳунарманд муроҷиат кунем, то ки барои мухлисонаш аз тариқи рӯзномаи «Овози тоҷик» арзи дил намояд ва табиист, ки аз номи хонандагони рӯзнома табрик ҳам гуфте

– Шуморо ба муносибати зодрузатон ва ҳам Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ аз номи мухлисонатон, аз ҷумлаи хонандагони «Овози тоҷик», табрик мегӯям. Ба ин муносибат чизи гуфтание барои онҳо доред?
– Ташаккури зиёд барои табрикоти шумо, ман аз ҳаёт барои ҳама чизе, ки ба ман додааст, хеле миннатдорам. Беш аз он мамнунам, ки бо чунин Мукофоти давлатӣ мушарраф гардидам ва ин хушҳолии худро бо тамоми мухлисонам, дар ҳар куҷои ҷаҳон, бо ҳам мебинам.
– Дар ду соли охир дар Тошканд ду консерти калон дар толорҳои бузург гузоштед. Шумо аз ҷумлаи тоҷикистониҳо ягона чунин ҳунарпешаед. Аз консертҳо таассурот чӣ хел?
– Ҳар як консерт махсус аст, ки онҳо имкони вохӯрӣ бо тамошобинон дар сатҳи хеле эҳсосотӣ мебошанд. Бисёр мехостам, ки дар Ӯзбекистон консертҳои ҳунармандони тоҷики мо ва ҳунармандони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон бештар шавад, ки барои ин мақомоти расмии ҳарду ҷумҳурӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардаанд. Вохурӣ барои ҳамаи мо хурсандии калон хоҳад буд.
– Барои Шумо то чӣ андоза либоси саҳна муҳим, зеро дар ин консертҳо дар Тошканд аз аввал то охир бо як либос баромад кардед?
– Агар ин як навъ маҳсули саҳнавӣ бошад, ки дар он либоси ман метавонист ба тамошобинон чизи бештаре бигӯяд, пас ман эҳтимол дар ин бора фикр мекардам. Консерти мо танҳо суҳбат бо дусти азиз аст.
– Оё ҳамеша консертҳои Шумо «бо як нафас» мегузарад, вақте ки ҳунармандон маъмулан дар байни консерташон чандин бор танаффус мекунанд?
– Шояд, ба назари мо, танаффус метавонад ин қиссаи дӯстонро ҷудо кунад...
– Мухлисони Шумо дар Ӯзбекистон на камтар аз Тоҷикистон асту маҳбубияти зиёд доред. Ҳеч фикр мекунед, ки рӯзе ба ягон унвон ва ё ҷоизаи Ӯзбекистон мушарраф мегардед?
– Ман кайҳо боз бо меҳру муҳаббати тамошобинон мукофотонида шудаам.
Бо вуҷуди ин ҳар як сафари ҳунариамро ба ин кишвар бо гармӣ ва пазмонӣ ёд мекунам. Ҳар дафъа – ман дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон консертҳои зиёд гузоштаам – маро мухлисонам муштоқона мепазиранд ва ин барои ман ва эҷодам болу пар мебахшад. Табиист, ки довари ҳунари ҳар як ҳунарманд бинанда ва шунавандагонаш мебошанд. Аз ин ки мухлис ҳунари воқеии овозхон ё оҳангсозро дарк мекунад ва сазовор баҳо мегузорад, домани маънӣ ва ҳувияти ҳунари санъаткор густурдатар мегардад. 
– Ҳоло дар ин синни камолот аз чӣ ҷанбаҳои ҳунари овозхонӣ ва умуман ҳунари дӯстдоштаи худ мулоҳиза мекунед?
– Худи ҳаёт ҳамеша зеботарин офариниш аст ва мо ҳамеша меомӯзем. Дар худи эҷодкорӣ синну сол вуҷуд надорад. Мо минбаъд низ дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ ошиқем.
– Шумо маҳз барои мусиқиатон ҳамчун оҳангсоз, ки барои филм офаридаед, соҳиби Мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ гардидед. Ҳанӯз бо синамогарон ҳамкорӣ доред ва агар ҳамкорӣ дошта бошед, рӯйи кадом лоиҳаҳо?
– Дар айни замон кор кардан бо кино дар назар нест. Ҳоло мехоҳам бештар ба сурудҳо таваҷҷуҳ кунам. Фикр мекунам, ба андозаи зиёд барои филмҳо оҳанг офаридаам ва ин як ҷанбаи муҳими эҷодиёти маро фаро мегирад. Муҳим ин ки аз ҳамкорӣ бо киносозон шавқманд мегардам ва ин бароям илҳом мебахшад.
– Ташаккур барои фурсат ва ҷавобҳои Шумо, бори дигар зодрӯзатон ва мукофоти давлатӣ  муборак бошад!
– Ташаккури зиёд барои таваҷҷуҳатон ба ман ва ташаккури зиёд ба хонандагони «Овози тоҷик», ки ба қарибӣ ба нашраш 100-сол пур шуд ва ин санаи фархундаро барои ҳаводорони рӯзнома табрик мегӯям.

Суҳбатнигор 
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: