Маркази маъмурии ноҳияи Данғара дар роҳи калони Тошканд – Қӯқанд воқеъ гаштааст.
Маркази маъмурии ноҳияи Данғара дар роҳи калони Тошканд – Қӯқанд воқеъ гаштааст. Дар чаҳор соли охир ин ноҳия ҷилои нав касб намудааст. Барпо шудани минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи мазкур шаҳодат медиҳад, ки оҳиста ба манфиати мардуми он корҳои азиму бузург амалӣ карда хоҳанд шуд. Ҳоло дар ноҳияи Данғара бештар аз чиҳил лоиҳа мавриди тадқиқ қарор гирифтааст, ки тамоми соҳаҳоро дар худ гунҷондааст.
Ҳокимият ба 45 нафар ҷавонон нӯҳ гектар майдони корамро ҷудо кардааст. Ҳоло ҳар кадоми ҷавонон дар майдони бист сотихӣ ба кишт ва парвариши маҳсулоти зироат шурӯъ хоҳанд кард ва дар таъмину фаровонии бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми худро хоҳанд гузошт. Ин низ як усули хуби кор аст, ки ҷавонони бекор ба шуғл фаро гирифта мешаванд, бевосита дар меҳнат обутоб меёбанд, ҳамзамон маишати хонаводагии худро таъмин мекунанд. Як гурӯҳ ҷавонон дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти бофандагии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Мусаввартекс” ба кор фаро гирифта шудаанд. Интизор меравад, ки ин корхона доираи фаъолияташро боз ҳам васеъ менамояд.
Ҳар як меҳмоне, ки ба ноҳияи Данғара меояд, ҳатман аз зиёратгоҳи “Хоббува”, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Истиқлол” боздид менамояд. Дар ин зиёратгоҳ корҳои ободонӣ босуръат идома доранд. Гуфта мешавад, ки таърихи зиёратгоҳи мазкур тақрибан ба ду аср баробар аст. Шахсияте, ки зиёратгоҳ ба номи ӯ номгузорӣ гардидааст, Ҳабибуллоҳ буда, аз валиҳои замони худ муаррифӣ шудааст.
– Мақбараи “Хоббува” дар замони салтанати Худоёрхон арзи вуҷуд намудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ободу зебо намудани ин қадамҷои маъруф қадршиносии одамони шӯҳратманди диёр мебошад. Мо ба ин васила ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ноҳияи Данғара низ муваффақ хоҳем шуд, – гуфт ҳокими ноҳия Шӯҳратҷон Тоҷиҳакимов.
Дар масъалаи тарғиби китобу фарҳанги қироати он, маънавияту маърифат, ҳамчунин ташкили озмунҳои фарҳангӣ ва амсоли он дар ноҳияи Данғара як қатор корҳои хуб амалӣ гардидаанд. Ба манзури таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат “Дар бораи боз ҳам такомул бахшидани хизматрасонии ахбори китобхонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон” аз 7 июни соли 2019 аз намунаи ҳамин корҳо мебошад. Қобили зикр аст, ки дар назди Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Алишери Навоӣ 186 маркази ахбори китобхонаҳо ташкил карда шуданд. Бар пояи қарор сарвари мамлакат дар ноҳияи Данғара як бинои боҳашами бо тамоми шароит ва ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз арзи ҳастӣ намудааст, ки он “Маркази ахбори китобхона” мебошад. Сохтмони ин бино дар арафаи ташрифи як соли қабли сарвари давлат ба вилояти Фарғона ба анҷом расидааст.
Бинои мазкур аз се қабат иборат мебошад ва бо гунҷоиши дусад нафар сохта шудааст. Аз хизмати китобдорони ин китобхона, компутерҳо ва курсиҳои нарми он шахсони имкониятҳояшон маҳдуд низ фаровон истифода мебаранд. Гузашта аз ин, дар бинои китобхонаи замонавӣ хазинаи бузургу ғанӣ, толори қироат ва маркази IT низ ҷойгир шудааст. Имкониятҳои дигари ин китобхонаро ташкил шудани курсҳои “Китобхонҳои ҷавон”, ”Speking English”, “Биёед ба забони чиноӣ ҳарф мезанем”, омӯзиши забони русӣ, маҳфилҳои санъати тасвирӣ, риёзиёти менталӣ, саводи компутерӣ ва амсоли он боз афзоиш додаанд.
– Дар китобхонаи мо 36 ҳазор нусха китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, сиёсӣ, адабиёти бачагона ва адабиёти хурдсолон, ҳамчунин 12 ҳазору 435 адад адабиёти электронӣ мавҷуданд. 28 нафар мутахассисон, ки аксарияти онҳо маълумоти олӣ ва миёнаи махсус доранд, ба 7 ҳазору 240 муштарӣ хизмат мерасонанд. Ногуфта намонад, ки аъзои бештари ин китобхона кормандони соҳаҳои таълими халқ, томактабӣ, бахши тандурустӣ, намояндагони ташкилоту созмонҳои мухталиф, донишомӯзону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ мебошанд, – мегӯяд мудири он Сайёра Тӯйчиева.
Вай тавре илова кард, ин махзани илму дониш ва маърифат шабакаи хусусии худро дар телеграм дорад ва теъдоди муштариёни он аз севуним ҳазор нафар гузаштааст. Китобхона аз хизматрасонии онлайн низ истифода мекунад. Гуфта мешавад, дар айни ҳол теъдоди муштариёне, ки аз ин тариқ бо китобхона робита барқарор кардаанд, тақрибан 7 ҳазору 250 нафарро ташкил менамояд.
– Яке аз чорабиниҳои доманфарох ва хотирмоне, ки дар китобхона баргузор шуд, таҷлили 580-солагии арбоби давлатӣ ва адибу олим Алишери Навоӣ мебошад. Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ бори нахуст марҳилаи аввали озмуни “Гултоҷи мероси маънавии аҷдод” ба роҳ монда шуд. Ин озмун аз рӯи номинатсияҳо ба тариқи саволу ҷавоб, ифоданок хондани шеъру ғазалҳои Навоӣ ва сураткашӣ гузашт, – иброз дошт Сайёра Тӯйчиева.
Ғолибони марҳилаи ноҳиявӣ аз тарафи ҳокимияти ноҳия ба мукофотҳои хотиравӣ ва рағбатноккунӣ сазовор гардиданд.
Дар ноҳия ба масъалаи беҳбуди хизмати нақлиёти мусофиркашон ва маишӣ низ аҳамияти хос дода мешавад. Метавон гуфт, ки ноҳияи Данғара сол аз сол обод ва маркази маъмурии он зебоӣ касб менамояд.
Маъруфа Солиева.
Вилояти ФАРҒОНА.