Дар Ўзбекистон ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев чорабиниҳои ҷамъомади 22-юми Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай юаргузор мегардад.

Дар ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои узви СҲШ – Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин кишварҳои нозири назди Созмон – Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муғулистон иштирок мекунанд.

Сарони Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Арманистон, инчунин роҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳайси меҳмонони фахрӣ даъват шудаанд.

Мувофиқи рӯзномаи ҳамоиши Самарқанд масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба, ҷанбаҳои амалӣ ва вазифаҳои устувори рушди СҲШ бюаррасӣ хоҳанд шуд.  Доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат мегирад.

Бинобар ҷамъбаст, қабули бастаи устувори ҳуҷҷатҳо ҷиҳати тавсеаи фаъолияти Созмон ва амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар самтҳои афзалиятнок дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки мулоқоти дарпешистода нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои СҲШ дар се соли охир аз оғози пандемияи коронавирус дар соли 2020 хоҳад буд.

Ин чорабинӣ ҳамчунин раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин Созмонро ба анҷом мерасонад, ки дар доираи он беш аз 80 чорабинии бузург баргузор шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: