ДАР ҒАМИ МАКТАБУ ДЕҲУ МАРДУМ

Бачагии Боймурод дар ҳамин деҳаи кӯчаки Чаканд гузашт.

Мактаб сабаби виқору ҳилм аст,
Бозорчаи диёри илм аст.
Аз мактабу васфи ӯ чӣ пурсӣ,
К-он ҷо фалак асту лавҳу курсӣ...
(Бадриддини Ҳилолӣ).
Бачагии Боймурод дар ҳамин деҳаи кӯчаки Чаканд гузашт. Мисли  мардуми деҳа оилаи онҳо чорво, боғу токзор дошт. Боймурод ҳам бо ҳамроҳии ҳамсолонаш ба  саҳро рафта ғалла дарав мекард, барои чорво хошок ҷамъ меовард. Ба замини назди ҳавлиашон обчакорӣ мекард. Аммо он замон танқисии об баръало эҳсос мегардид. Баробари иҷрои ин корҳо барои тайёр намудани дарс вақт ҷудо мекард...
Падару модари Боймурод баробари кору ташвишҳои рӯзмарраи рӯзгор баҳри тарбияи фарзандон, хубтар хондани онҳо фурсат меёфтанд. Падараш Холмурод низ муаллимӣ кардааст. Баъдтар котиби колхози «Совет» буд. Модараш Инобат коркуни тиббӣ шуда фаъолият кардааст. Онҳо даҳ нафар фарзанд (шаш писару чаҳор духтар)-ро калон карданд. Ин буд, ки фарзандон ҳама соҳибмаълумот гардиданду домани касбеву пешаеро  сахт доштанд. Бародари калонӣ Бекмурод духтури ҳозиқ, Шомуроди раҳматӣ солҳои зиёд мухбир буд. 
Боймурод соли 1983 ба Донишкадаи муаллимтайёркунии Ленинобод (шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди ҳозира) ба факултаи физика-математика дохил мешавад. 
– Баъди хатми донишкада манро ба водии Вахш фиристоданд, – мегӯяд ҳангоми суҳбат Боймурод Ҷабборов, – зеро он солҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо ин тартиб ҷорӣ буд. Яъне, баъди хатми мактаби олӣ бояд се сол дар муассисаи таълимӣ – мактаб кор кунӣ. Ба як деҳа фиристоданд, баргашта омада бо мутасаддиёни шӯъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа вохӯрдам. Ба шаҳр омада се моҳ кор кардам. Аз он ҷо ба хидмати ҳарбӣ даъват намуданд. Хидмат дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон гузашт. Соли 1985 боз ба Чаканд – зодгоҳи худ омадам.
Камтар дарс доданд...
Дар бадали солҳо Боймурод донишу таҷриба андӯхт. Ба гуфтаҳои судманди устодон, ба мисли Султонхон Ҳасанхонов ва дигарон гӯш ниҳод. Аз соли 2010 то соли 2014 мудири қисми илмӣ, баъд сарварии мактабро бар ӯҳда дошт. Дертар ба Шӯрои намояндагони ноҳияи Янгиобод депутат интихоб карданд. Беҳ сохтани инфрасохтори деҳа, ҳал намудани  мушкилоти ҳаёти мардуми Чаканд, таъминоти оби ошомиданӣ, таъмири роҳҳову кӯчаҳо, гузаронидани хати шабакаҳои интернет масъалаҳои умдаест, ки Боймурод Ҷабборов дар ҷараёни фаъолияти намояндагии худ ба Шӯрои ноҳия барои матраҳ ва ҳал намудан дар даву тоз аст. Хулоса барои фаровонҳолии 146 хоҷагӣ (деҳа 850-900 нафар аҳолӣ дорад) кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба идораҳои масъул пурсишу мактубҳо ирсол менамояд. Бо роҳбарон гуфтугӯ мекунад...
Соли 2007 хидматҳои дар роҳи мактабу маориф ва ҳамдиливу ҳамҷиҳатии мардум кардаашро ба инобат гирифта ӯро бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардониданд.
– Соли 2018 гузаргоҳҳои ду ҷумҳурӣ боз шуданд. Орзуҳои ниҳоии мардуми ду тараф, ки ба ҳам дӯсту наздик ва қудову андаанд, амалӣ гардиданд. Дар маросимҳои кушодашавии посгоҳи «Қушканд» иштирок намуда, аз шодиву тараб дилашон  лабрез гардидани мардуми ҳар ду кишварро бо чашми  худ дидаам, – мегӯяд Боймурод Ҷабборов. – Дарк намудам, ки дӯстӣ неъмати бебаҳо будааст.
Боймурод Ҷабборов ҳамроҳи ҳамсараш Саодат Насруллоева ду духтару як писарро ба  камол расониданд. Ҳамсараш ҳоло дар маҳаллаи «Дӯстлик» котиба аст. Духтаронаш Дилафрӯз муаллимаи забони англисӣ дар шаҳри Хавос, Оқила ҳамшираи шафқат дар шаҳри Гулистон, писараш Улуғбек ходими бонк...

Анорбой НАЗАРОВ,
 хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ. 
Суратгир: Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: