ДАР ҒАРБ – РУМ, ДАР ШАРҚ – САМАРҚАНД

Бо салоҳдиди ташкилотҳои байналхалқӣ Самарқанд маркази сайёҳии ҷаҳон эълон гардид, ки барои шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони мо ифтихор аст.

Бо салоҳдиди ташкилотҳои байналхалқӣ Самарқанд маркази сайёҳии ҷаҳон эълон гардид, ки барои шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони мо ифтихор аст. 
Воқеан, Самарқанд аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна ва аз гаҳвораҳои тамаддуни тоҷикон буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Дар гузашта маркази он – Мароқанд пойтахти давлати Суғд буд, ки дар аҳди Кушониён хеле нашъунамо ёфт. Ҳоло дар шаҳри бостонӣ якчанд ёдгории таърихӣ мавҷуд, ки барои боздиди онҳо ҳар рӯз фавҷ-фавҷ сайёҳони хориҷӣ омада, бо завқ тамошо мекунанд.
Мо хостем доир ба якчанд ёдгории машҳуру муътабари шаҳр маълумоти мухтасар бидиҳем.

Маҷмӯаи Имом Бухорӣ

Ёд дорам, солҳои 70-80-уми асри гузашта сарвазири Индонезия, ки ба осори олими ҳадисшинос Имом Бухорӣ таваҷҷуҳи беандоза дошт, қабл аз ба Маскав омадан нақшаи хатсайри хешро маълум карда гуфтааст, ки ба Самарқанд рафта, қабри Имом Бухориро зиёрат мекунад.
Пӯшида нест, ки он айём дар як гӯшаи харобу назарногири деҳаи Хартанги ноҳияи Пайариқ гӯристони қадимае буд, ки муҳаддиси маъруфу машҳур Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ дар он манзили охират дошт. Бо баҳонаи он ҷойро зиёрат кардани меҳмони олимартаба дар ин мавзеъ корҳои ободонӣ оғоз ёфтанд.
Аммо барои ба зиёратгоҳи муқаддасу муътабар табдил ёфтани он баъди ба истиқлол расидани Ӯзбекистон корҳои ободонӣ авҷ гирифтанд. Дар арафаи 1225 солагии таваллуди алломаи ҳадисшинос мақбараи муҳташам қад афрохт. Баландии он 7 метр аст. Дар шафаташ масҷиди ҷомеъ барои қариб ду ҳазор нафар сохта шуд, ки меҳмонону мизбонон намоз мегузоранд.
Имрӯзҳо дар атрофи он меҳмонхона, боғу хиёбонҳо бо суръат бунёд мегарданд.

Майдони Регистон

Сайёҳони хориҷӣ ба Самарқанд ташриф фармуда, аввало ба маркази шаҳр – майдони Регистон меоянд ва се ёдгории таърихии он – мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокориро тамошо мекунанд. «Мадраса» калимаи арабӣ буда, маънояш «ҷойи дарс, таълимгоҳ» аст. Мадрасаҳо ҳамчун таълимгоҳи олии динӣ дар замони таҷаддуди маданияту фарҳанг ва адабиёт рӯйи кор омада, асосан ба анъанаҳои таълимии маҳаллӣ такя доштанд. Дар аҳди Сомониён қариб 20 мадраса амал мекардааст. 

Мадрасаи Улуғбек

Як ҷузъи маҷмӯаи Регистон аст, ки бо фармони набераи Амир Темур, олими ситорашинос Мирзо Улуғбек сохта шуда, даромадгоҳаш бо пештоқи муҳташами мунаққаш зиннат ёфтааст. Дар гирдогирди ҳавлии мураббаи мадраса ҳуҷраҳои дуқабатаи пешайвондор сохта шудаанд, ки сайёҳон онҳоро бо таваҷҷуҳи хосса тамошо мекунанд. Кошикории девору манораҳо, гаҷкориҳои олии ёдгории мазкур аз завқи баланди бунёдкоронаш гувоҳӣ медиҳанд. Алалхусус, катибаҳои он ниҳоят назаррабо буда, бо як маҳорати том ва ба забони тоҷикӣ сабт гардидаанд. Роҳбаладон ба меҳмонони хориҷӣ мазмуну мундариҷа ва ба қалами кӣ мансуб будаи онҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд. Дар ҳавлӣ ва айвонҳои мадраса фурӯши тӯҳфаҳо, аз ҷумла ороишоту зеварҳои қадима, ҳайкалчаҳои гуногуни миллӣ ба роҳ монда шудаанд.

Мадрасаи Шердор

Ёдгории мазкур солҳои 1619-1635 дар рӯ ба рӯйи мадрасаи Улуғбек бунёд гардида, аз рӯйи сохт ба он шабоҳат дорад. Дар пештоқи он  офтоби нурафшон ва шери ба ғизол ҳамлавар тасвир ёфтааст, ки диққати тамошобинро ба худ мекашад. Аз ин ҷост, ки мадраса номи Шердорро гирифтааст. Ҳавлии мадраса 70х57 метр, яъне чоркунҷа буда, 52 дарсхона дорад. Манора ва гунбазҳои он ба мадрасаи Улуғбек шабоҳат доранд, аммо аз пас бо манорачаҳои муъҷази мисли гулдаста иҳота шудаанд.
Дар ин ҷо ба муносибати 660-солагии соҳибқирон Темур корҳои таъмиру тармим иҷро шуданд. Ҳоло дар саҳни он анҷуман ва тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ доир мегарданд.

Мадрасаи Тиллокорӣ

Пас аз 10 соли он, ки Ялангтӯш Баҳодур мадрасаи Шердорро бунёд кард, барои сохтани карвонсарои Мирзо Улуғбек имконият намонд. Аз ҳамин сабаб ӯ дар болои таҳкурсии он Тиллокориро сохт. Ин ёдгории таърихӣ солҳои 1647-1659 қад афрохт. Бояд таъкид кард, ки мадрасаи Тиллокорӣ мадрасаҳои Бухорои шарифро ба хотир меоварад. Дар паси намои асосӣ ҳуҷраҳои дуошёна ва дар паҳлӯйи ғарбии ҳавлӣ ҳуҷраҳои пешайвондори равоқбандӣ ҷой доранд. Дар мобайни қатори ҳуҷраҳо толори гунбазпӯши пештоқдор қомат афрохтааст. Дохили иморатро зарҳалкорӣ кардаанд ва ба таъкиди баъзе мутахассисон барои он беш аз як пуд тилло сарф шудааст. Аз ин ҷост, ки мадраса Тиллокорӣ ном гирифта, як ҷузъи маҷмӯаи Регистонро ташкил медиҳад.
Пешгаҳи мадрасаро меҳроби мармарӣ зеб медиҳад.
Дар омади гап бояд зикр кард, ки солҳои истиқлол сатҳи атрофи мадрасаҳо ду-се метр паст карда шуд. 

Шоҳи Зинда

Доир ба ин ёдгориҳои давраи қадим ривоятҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар вай, ки гӯё ба амакбачаи Пайғамбарамон (с.а.в.) Қусам ибни Аббос тааллуқ дорад, тамоми комёбиҳои санъати меъморӣ ва тасвирӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин ҷо боз мақбараи Хоҷа Аҳмад ҷойгузин буда, он дар асри XIV бунёд шудааст. Устоҳои гулдаст дар ороиши Шоҳи Зинда аз рангҳои гуногун истифода бурдаанд. Дар маҷмӯаи Шоҳи Зинда мақбараҳои усто Алии Насафӣ, Ширинбека, Ҳаштарк, Қозизодаи Румӣ ва ғайра мавҷуданд.
Рост гуфтаанд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан». Муштариёни «Овози тоҷик» ба дурдонаи Шарқ – Самарқанди бостонӣ ташриф фармуда, инчунин ёдгориҳои Бибихонум, расадхонаи Мирзо Улуғбек, мақбараи Гӯри Мир, қабри Дониёрпайғамбар, масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ, мақбараи Абумансур Мотрудӣ, ҳазрати Хизр ва ғайраро дида, аз таърихи шаҳри бостонӣ огоҳ шуда метавонанд. 
Сарвари давлатамон таъкид карда буд, ки «Агар дар Ғарб – Рум машҳур бошад, дар Шарқ – Самарқанд маъруф аст!» 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: