Дар ҳафт моҳи соли равон 3,4 миллион нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 890,5 ҳазор нафар, яъне 35,7 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин бора Агентии омор хабар дод.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳҳои январ-июли соли 2024 шаҳрвандони Ӯзбекистон асосан ба кишварҳои зерин сафар кардаанд:
- Ҷумҳурии Қирғизистон – 1,6 миллион нафар;
- Тоҷикистон – 676,4 ҳазор нафар;
- Қазоқистон – 526,4 ҳазор нафар;
- Русия - 159,7 ҳазор нафар;
- Туркия - 123 ҳазор нафар;
- Арабистони Саудӣ - 106,5 ҳазор нафар;
- АМА – 70,6 ҳазор нафар;
- Миср — 22,2 ҳазор нафар;
- Кувайт — 16,7 ҳазор нафар;
- Кореяи Ҷанубӣ - 12,3 ҳазор нафар;
Мамлакатҳои дигар — 91,5 ҳазор нафар.