ДАР АФҒОНИСТОН 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ӮЗБЕКИСТОНРО ҶАШН КАРДАНД

Дар меҳмонхонаи «Intercontinental»-и пойтахти Афғонистон бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолияти Ӯзбекистон пазироии мутантан баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи Президенти Афғонистон, Шӯрои амнияти миллӣ, аъзои ҳукумат, депутатҳои парлумон, роҳбарон ва кормандони ҳайатҳои дипломатӣ, вакилони доираҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва академӣ, ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ ширкат ҷустанд. 
Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Идрис Замон меҳмони асосии пазироӣ гардид. Вай таъкид намуд, ки дар Афғонистон ба ҷараёни дигаргуниҳое, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон бинобар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат татбиқ мешаванд, ҳамчунин ба муносибатҳои ӯзбекистониву афғонистонӣ, ки муттасил инкишоф меёбанд, баҳои баланд медиҳанд.
Сафари ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Мазори Шариф, ки моҳи июли соли равон баргузор шуд, барои таҳкими ҳамкориҳои тарафайни байни кишварҳо дар соҳаҳои савдову иқтисодиёт ва сармоя имкониятҳои навро боз карданд, гуфт дипломати афғонистонӣ. Баргузор намудани ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва навбати 2-юми мулоқоти секторҳои давлативу хусусӣ исботи ин гуфтаҳо мебошанд.
– Тӯли се соли охир фаъолшавии муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвари дӯст мушоҳида мегардад, – гуфт дар гузоришаш ба Оҷонсии иттилоотии «Дунё» вазири меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Анвар Содот. – Сиёсати сарвари Ӯзбекистон, ки ба истиқрори сулҳу салоҳ дар Афғонистон, ҳамчунин барқарории иқтисодиёти он нигаронида шудааст, аз ҷониби ҷомеаи Афғонистон дастгирӣ карда мешавад. Ин намунаи равшани муносибатҳои дӯстонаи байни ду халқи бародар мебошад. 
Вазири давлат оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, профессор Набӣ Фараҳӣ таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Афғонистон дар тамоми самтҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои ҳамкории маданиву инсонпарварӣ ва сайёҳӣ муттасил инкишоф меёбанд.
«Ҳангоми сафари Ӯзбекистон барои иштирок дар Анҷумани байналхалқии сайёҳӣ, ки моҳи ноябри соли 2018-ум баргузор шуд, ман аз ҳусни ҳам меъмории асрҳои миёна ва ҳам аз инфрасохтори замонавии шаҳрҳои Ӯзбекистон моту мабҳут гардидам», – изҳор дошт  вай. 
Н. Фараҳӣ зикр намуд, ки шаҳрвандони Афғонистон ба тамошои ҷойҳои таърихии шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хива, Шаҳрисабз, Тирмиз рағбати зиёд доранд. Бинобар ақидаи ӯ дар пешомади наздиктарин миқдори сайёҳони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ӯзбекистон меафзояд, ба ин муҳити мусоиде, ки дар ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудааст, инчунин ба роҳ монда шудани хатсайри бевоситаи авиатсионии «Кобул – Тошканд – Кобул» мусоидат хоҳад кард.
Муовини вазири ахбор ва фарҳанг, хонум М. Мустафавӣ гуфт, ки баргузор кардани чорабиниҳои муштараки илмиву академӣ ҳамкориҳои нави пурмазмун мегарданд. Анҷуманҳои байналхалқӣ ва машваратҳо бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Абӯрайҳон Берунӣ, Алишери Навоӣ ва Гавҳаршодбегим имкониятҳои ҷонибҳоро дар ин самт намоиш доданд.
«Гурӯҳи «Ҳафт гоҳ»-и Афғонистон дар Ҷашнвораи XII-и байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» воқеъ дар Самарқанд иштирок кард. Гурӯҳи ҳунармандон барои ширкат ба Ҷашнвораи байналхалқии санъати халқиву ҳунармандӣ ба Қуқанд омаданд. Чунин чорабиниҳоро ба роҳ монда, Ӯзбекистон дар рушди ҳамкориҳои маданиву башардӯстии минтақа ва умуман ҷаҳон саҳми муносиб мегузорад», – хулоса кард ӯ.
Муовини раиси иттиҳодияи занони соҳибкори Афғонистон – «Ойбегим» хонум Зебуннисо Хайрӣ эътибори ҳозиронро ба рушди ҳамкориҳои ӯзбекистониву афғонистонӣ дар соҳаи таълим ҷалб сохт. 
«Дар Тирмиз Маркази таълимӣ таъсис ёфт, ки дар он шаҳрвандони Афғонистон ихтисоси «Забон ва адабиёти ӯзбек»-ро меомӯзанд, ки дар мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле зарур аст. Моро он чиз хурсанд мекунад, ки ҳоли ҳозир дар маркази мазкур барои таълим бинобар ихтисосҳои дигар низ шароитҳо фароҳам оварда шудаанд», гуфт вай.
Дар тантана гурӯҳи мусиқии «Ҳафт гоҳ», ки ба вохӯрӣ муҳити идона бахшид, бо барномаи консертӣ иштирок кард.
Дар доираи чорабинӣ намоиши суратҳо низ ба роҳ монда шуд, ки дар бораи комёбиҳои Ӯзбекистон тӯли солҳои истиқлолият, имкониятҳои сармоявиву сайёҳӣ ва сарвати маънавиву фарҳангии мамлакат ҳикоя мекунанд.

ОИ «Дунё», 
шаҳри КОБУЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: