ДАР АКС – ЗАН ВА МАНЗАРАҲОИ НОТАКРОРИ БАҲОР

Дар арафаи ҷашни байналхалқии занону духтарон–8 Март дар Хонаи фотосуратҳои пойтахт дари ду намоишгоҳ боз гардид.

Дар толори якум суратҳои аксбардорони варзида ва ҷавон — аъзои фотошуъбаи Иттиҳодияи эҷодкорони бадеии Ӯзбексистон  ба маъраз гузошта шуд.
Беш аз 80 асари баргузида аз намоиш ҷой гирифтааст. Мавзӯи аксҳо гуногун буда, дар аксарияти онҳо гул бо зан дар канори ҳам қарор доранд. Лаҳзаҳо ва манзараҳои нотакрори фасли гул дар дили бинанда ҳисси зебоипарастиро меангезанд.
Осору тасвирҳои гуногуне, ки дар онҳо чеҳраҳои зебову назаррабои занону духтарон ва духтаракони кӯчак тасвир ёфтаанд (В. Соколов. Н. Илина, Е. Володина) манзараҳои фусункори фасли гулафшон (Н. Деҳқонов, И. Шур, Е. Бриксина), натюртмортҳое, ки кайфияти баҳорӣ мебахшанд (С. Канаки, Н. Павленко), фотосуратҳое, ки ҳамоҳангии зану табиатро ифода менамоянд (М. Фадеичева, И. Лушевский) ба тамошобинон як олам таассурот бахшиданд.

****
Дар доираи намоиши дигаре, ки таҳти мавзӯи «Занони Ӯзбекистон–нафосати дирӯз, рамзи оянда» ба муносибати Иди занону духтарон ба маъраз гузошта шудааст, суратҳои таърихӣ намоиш дода шуданд. 
Намоишгоҳро агентии «Ӯзархив», Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, Бойгонии миллии асноди Кинофотофонои Ӯзбекистон ва Хонаи фотосуратҳои Тошканд созмон додаанд.
Қариб 160 сурат ва асноде, ки дар Бойгонии давлатӣ ва миллии Ӯзбекистон нигоҳдорӣ мешаванд, дар се бахш: кишвари Туркистон (солҳои 1860 - 1923), Ӯзбекистони қарни ХХ (солҳои 1924-1990) ва солҳои истиқлолияти Ӯзбекистон (1990-2021) ба маърази намоиш гузошта шуда буданд.
Мақсади асосии фотонамоишгоҳ дар мисоли суратҳои таърихӣ, ки рӯзгори мозиро дар хотираҳо зинда мекунанд,  тарғиби пешравии занон дар ҷабҳаҳои гуногун мебошад.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.

 


Эҳтиром ба бонувон
Дар Бухоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон – 8 Март бо ҳамкории садоратҳои таълими халқ, дастгирии маҳалла ва оила, инчунин ташкилоти вилоятии иттифоқи касабаи кормандони таълим ва илм таҳти унвони «Мунавварии олам – аз пушти зан» шабнишинӣ баргузор гардид. 
Ба ин тадбир, ки дар доираи ҳафтавории «Гиромидошти бонувон» моҳиятан ғояи эҳтироми бонувонро ҳамчун мизони некию адолат талқин месозад, устодон – бонувон – собиқадорони меҳнат – соҳибони унвони «Муаллими халқии Ӯзбекистон», онҳое, ки ба равнақи таълими халқи вилояти Бухоро саҳми арзанда гузоштаанд, таклиф гардиданд. Ин омӯзгорони сарбаланд дар давоми мулоқот дар бораи лаҳзаҳои ибратбахши зиндагӣ, заҳматҳои касбиашон, имкониятҳои бемисли имрӯз аз тарафи давлат фароҳамовардашуда ҳарф зада, ба наврасону ҷавонон маслиҳатҳо доданд.
Ба шабнишинӣ барномаҳои мусиқию бадеии иштироккунандагони маҳфили рақсу суруди мактаби бачагонаи вилоятии «Баркамол авлод» ҷозиба бахшид.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: