Дар маркази бизнеси «Кен Дала»-и шаҳри Алмаато маросими ифтитоҳи ваколатхонаи биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон дар Қазоқистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси биржаи молу ашёи хом Зиёвиддин Бадриддинов, намояндагони доираи соҳибкорони Қазоқистон, кормандони консулгарии мамлакатамон дар ин шаҳр ширкат варзиданд.
Раиси Биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон ба иштироккунандагон оид ба корҳои вусъат додани ҳаҷми савдо дар биржаи мол, таҳкими робитаҳо бо шарикони хориҷӣ, биржаҳои пешрафтаи ҷаҳон, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва сохторҳо, инчунин васеъ намудани шабакаи майдончаҳои савдои беруна ва биржа маълумот дод.
«Ифтитоҳи ваколатхонаи Биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон дар шаҳри Алмаато ба мусоидат намудани дастрасии мутақобилаи соҳибкорон ва истеҳсолкунандагони мол ба бозорҳои ду кишвари бародар, бо истифода аз имкониятҳои механизми савдои биржа нигаронида шудааст», – гуфт ӯ.
Директори иҷрокунандаи ширкати «Cargill» Юрий Иоффе бо ифтитоҳи намояндагии биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон дар Алмаато, ки маркази молиявию иқтисодии Қазоқистон ба шумор мераванд, истиқбол кард.
Вай изҳор намуд, ки тамоюлҳои ошкорбаёнӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати баробар барои мизоҷон, ба афзоиши минбаъдаи тиҷорати мутақобила мусоидат намуда, ба тоҷирони ду кишвар имкон медиҳад, ки дар тиҷорат ширкат варзанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории амалӣ, аз ҷумла табодули таҷриба барои ташкили савдои биржа дар платформаҳои электронӣ, масъалаҳои ёрӣ ба ташаккул ва такмил додани шаклу усулҳо ва технологияҳоро баррасӣ карданд.
АИ «Дунё»,
АЛМА-АТО.