ДАР АМРИКО БА КУШОИШИ РАСМИИ МАРКАЗИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ БОФАНДАГИИ ӮЗБЕКИСТОН ТАЙЁРӢ МЕБИНАНД

Дар ИМА маркази оид ба пеш бурдани содироти маҳсулоти миллии бофандагии Ӯзбекистон ба кор оғоз менамояд.

Дар Филаделфия (иёлоти Пенсилвания) хонаи савдои «Gulnor»-и ҳунарманди машҳури ӯзбекистонӣ аз Шаҳрисабз Гулнора Одилова кушода мешавад.
Чӣ хеле ки намояндагони сафоратхонаи мамлакатамон дар ИМА таъкид менамоянд, хонаи савдои мазкур барои ташкил кардани фурӯши маҳсулоти бофандагии абрешимини Ӯзбекистон  таҳти бренди «Gulnor», инчунин барои баргузор намудани намоишгоҳу ярмаркаҳои мухталифи молҳои бофандагии истеҳсолгарони ӯзбекистонӣ ҳамчун майдонча хидмат хоҳад кард.
Бо ин мақсадҳо, дар иёлоти Пенсилвания ширкати «GULNOR LLC» дар ҳамкорӣ бо ширкати амрикоии US Financial and Consulting Services ба қайд гирифта шудааст, ки он агентиҳои савдо, инчунин  биноҳои идоравӣ ва савдоро барои ташкил кардани фурӯш ва намоиши маҳсулоти бофандагӣ медиҳад. Кушоиши расмии хонаи савдо моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иштироки соҳибкорони амрикоӣ, намояндагони ВАО, ритейлерҳо ва дизайнерҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар намоишгоҳи байналхалқии «New York now: Market for Home and Lifestyle», ки моҳи август дар Ню-Йорк баргузор гардид, маҳсулоти хонаи савдои мазкур низ васеъ намоиш дода шуд. 
Таъкид менамоем, ки намоишгоҳи мазкур, ки дар як сол ду маротиба гузаронда мешавад, оид ба намоиш ва фурӯши маҳсулоти бофандагии истеҳсолгарони се намуди коллексия – Home, Lifestyle ва Handmade дар ҷаҳон майдони бузургтарин ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии ҳозира беш аз 2 ҳазору 300 бренд аз 80 мамлакат иштирок кард. Дар байни онҳо Ӯзбекистон, ИМА, Фаронса, Италия, Чин, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Австралия ва дигарҳо маҳсулоташонро намоиш доданд.

ОИ «Дунё». 
ВАШИНГТОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: