Дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканд фаъолияти стансияи замонавии партовҷамъкунӣ, ки ба сокинони ҳудуди корхонаҳои тозакунии санитарӣ дар асоси созишнома дар бораи шарикии давлатию хусусии «Zero Waste» хидмат мерасонад, ба роҳ монда шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати экология, дар стансия зарфҳои алоҳида барои ба навъҳо ҷудо кардани партовҳо насб карда шудаанд. Инчунин як халтаи сафед барои партовҳои такрорӣ, як халтаи сиёҳ барои партовҳои коркарднашаванда ва халтаи қаҳваранг барои партовҳои хӯрокворӣ мавҷуд аст.
Ғайр аз ин, дар ин стансия таҷрибаи харидани партовҳое, ки дар ҷумҳурӣ бори аввал кор карда мешаванд, ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, ба аҳолӣ барои як халтаи сафеди партовдор 1500 сӯм ва барои халтаи қаҳваранг 500 сӯм пул дода хоҳад шуд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо як нуқтаи хурди савдо мавҷуд аст, ки дар он сокинон бо пули барои партов додашуда барои худ чизе харида метавонанд.
Бояд гуфт, ки дар сохтмони стансия асосан ашёи хоми коркардшуда, аз ҷумла зарҳои кашондани бор ва зарфҳои шишагӣ истифода мешуд. Барои таъмини неруи барқ панелҳои офтобӣ насб карда шудаанд. Дар пункт барои кору зиндагонии коргарон тамоми шароит мухайёст.