ДАР АНГУРПАРВАРӢ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁД ҲАСТАНД

Бо эътибор ва ҳавасмандгардонӣ соҳаро метавон мувофиқи талаби имрӯз инкишоф дод

Бо эътибор ва ҳавасмандгардонӣ соҳаро метавон мувофиқи талаби имрӯз инкишоф дод
Ба наздикӣ селектори видеоие, ки таҳти роҳбарии Президент гузашт, бо баррасии масъалаи муҳим, яъне парвариши ангур, коркарди саноатии он, дар ҳудудҳо ба роҳ мондани экотуризм пураҳамият буд. Зеро дар кишвари мо аз азал ангурпарварӣ ривоҷ дошт, имрӯз низ барои вусъат додани соҳаи мазкур имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Тавре ки роҳбари давлат таъкид намуд, ҳоли ҳозир аз ҷониби хоҷагиҳои фермерии мамлакат дар 90 ҳазор гектар майдон ток парвариш карда мешавад, дар онҳо 900 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мебошанд. Тавре ки гуфтем, барои боз ҳам беҳтар кардани ин нишондиҳанда дар мо имконият ва шароитҳои зарурӣ мавҷуданд. Чунончи, савдои ангури истеъмолӣ дар бозори ҷаҳон байни меваҷот дар ҷойи сеюм қарор дорад, талабот ба он ҳар сол ба ҳисоби миёна 350 миллион доллар меафзояд. Мувофиқи таҳлилҳо метавон салоҳияти содиротии кишварро тайи чаҳор соли оянда ба ҳадди ақалл ба 600 миллион доллар, фурӯши мавизро ба 500 миллион ва содироти винои табииро ба 100 миллион доллар расонид. Пас, чаро мо чунин салоҳиятро ба роҳ намемонем.
Ҳангоми муқоиса бо соҳаҳои дигар низ равшан мегардад, ки дар ангурпарварӣ салоҳият ва имкониятҳо зиёданд. Тавре ки дар селектори видеоӣ зикр гардид, дар 1 гектар ғаллазор 2 нафар кор карда, ҳамагӣ 20 миллион сӯмина маҳсулот мерӯёнанд. Дар ангурпарварӣ бошад вазъият куллан дигар аст. Бахусус бо усули шпалер метавон то 10 нафарро бо шуғл фаро гирифт, 300 миллион сӯмина маҳсулот ба даст овард ва ба ҳисоби миёна 25 ҳазор долларина ангурро содир кард.
Барои ин чи корҳоро бояд анҷом дод? Ба ин савол аз ҷониби Президент ҷавоби дақиқ дода шуд ва вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мо истодаанд, қайд гардид. Барои мисол, дар баъзе ҳудудҳо токзори васеъ тайи чаҳор соли охир 7 ҳазор гектар коҳиш ёфтааст, бинобар он ки дар соҳа корҳои селексионерӣ амалӣ намешаванд, то ҳол он навъҳои ток парвариш мегарданд, ки парвариши онҳо 40-50 сол муқаддам ба роҳ монда шуда буд. Ин яке аз муаммоҳои асосӣ аст. Бар замми ин низоми навсозии токзор истифода намешавад, эътибор ба илм ва технологияи парвариши кӯчат суст шудааст, олимон ва истеҳсолгарон бо касалиҳои кӯчат машғул намешаванд. Бинобар ин ҳосилдорӣ торафт коҳиш меёбад. Аксар ангуре, ки парвариш мешаванд, донак доранд ва ба содирот таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро ҳоли ҳозир дар олам талаб ба ангури бедонак баланд аст. Коркарди ангур низ ба дараҷаи сифат кардан нест.
Бо назардошти ҳамаи ин дар ҷамъомад вазифаи ҳамчун таҷриба дар 44 ноҳияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ташкил кардани токзори нави содиротӣ гузошта шуд, ки барои рушди соҳа аҳамияти рӯзмарра дорад. Аз ҷониби сарвари кишвар масъалаи чӣ гуна ба роҳ мондани парвариши ин токзор низ нишон дода шуд. Аввало, дар чунин токзор инфрасохтори хизматрасонӣ бояд ба роҳ монда шавад, бо ин мақсад дар бахшҳои ҳудудии Вазорати хоҷагии қишлоқ фаъолияти идораҳои лоиҳакашӣ бинобар инкишоф додани ангурпарварӣ, таъминот бо кӯчат ва ҳифз аз касалиҳо ташкил мегарданд.
Вобаста ба ин дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии боғдорӣ, ангурпарварӣ ва виносозии ба номи Академик Маҳмуд Мирзоев, ҳамчунин дар замини муассисаҳои дигари илмӣ кӯчат парвариш карда мешавад. Барои рағбатноксозии бунёди токзори нав ва навсозии плантатсияҳои пешина ба ҳар гектари онҳо 10 миллион сӯмина субсидия ҷудо карда мешавад. Баҳри бо маблағ таъмин кардани бунёди токзори нав бонкҳо бо 100 миллион долларина захира таъмин карда мешаванд.
Табиист, ки чун дар соҳаҳои дигар дар ҷанбаи мазкур низ илму фан ва инноватсияҳо васеъ ҷорӣ мегарданд. Дар ҷамъомад ба ин масъала эътибори махсус дода шуд, ба Вазорати рушди инноватсионӣ барои дар асоси таҷрибаи хориҷӣ бунёд кардани навъҳои серҳосил, бедонак ва ба хунукиву касалӣ тобовари ангур супоришҳои аниқ дода шуданд.
Ҳамчунин барои азнавкоркарди ангур ва фароҳам овардани силсилаи пурраи ба маҳсулоти тайёр баргардондани он зарурияти ба роҳ мондани кластерҳои вино таъкид гардид, ин хости дили онҳоест, ки дар соҳаи мазкур кор мекунанд.
Умуман, бояд гуфт, ки таҷриба ва салоҳияти халқи мо бобати ангурпарварӣ баланд аст. Имрӯз ин таҷриба ва салоҳиятро бояд ба кор андозем, зеро тақозои замони мост. Бинобар эътибори баланд ва рағбатноксозӣ, бешубҳа, ба ин муваффақ мешавем. Дар ин бобат мо, сенаторон бояд кӯмакрасони масъулони соҳа бошем.

Баҳодир ТОҶИЕВ,
раиси Кумитаи аграрӣ, масъалаҳои хоҷагии об ва экологияи Сенати
 Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: