ДАР АНҶУМАНИ ТИҶОРАТИИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ ТОҶИКИСТОНӢ МУОҲИДАҲОИ МУФИДИ ТАРАФАЙН ИМЗО ШУДАНД

16 август дар Тошканд анҷумани тиҷоратии ӯзбекистониву тоҷикистонӣ баргузор шуд.

Дар он беш аз 400 нафар намояндагони вазоратҳо, ширкатҳо ва фирмаҳои ду мамлакат, ки дар соҳаҳои савдо, саноат, иқтисодиёт, саноати сайёҳӣ, электроэнергетика, сохтмон, саноати кимиё, мошинсозӣ, филизот, автомобилбарорӣ, электротехника, нақлиёт ва логистика, хоҷагии қишлоқ, саноатҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ ва сабук, дорусозӣ ва сектори бонку молия фаъолият доранд, иштирок карданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Отаҷонов, раиси Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ҳамроҳализода ва дигарон қайд намуданд, ки дар натиҷаи муоҳидаҳое, ки ҳангоми гуфтушунидҳои сарони ду давлат ба имзо расидаанд, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба дараҷаи нав бардошта шуд.
Сафари давлатии Президенти мо Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-10 марти соли равон ба вуқӯъ омад, дар рушди муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав боз кард. Дар ҷараёни ташрифи мазкур бинобар таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳои мо шартномаҳои муҳим имзо шуданд. Дар муддати кӯтоҳи гузашта бо мақсади ба роҳ мондани мулоқоти намояндагони доираҳои корчаллони ду мамлакат, кӯмакрасонӣ ба татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак анҷуманҳои тиҷоратии дараҷаҳои гуногун, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ва бозорҳо ташкил гардиданд. 
Бояд зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯрӣ ва мулоқот ин мустаҳкам кардани робитаҳои кооператсионии байни соҳибкорони ду кишвар, ба дараҷаи назаррас зиёд намудани мубодилаи мол аз ҳисоби пурра ба роҳ мондани иқтидорҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, баромадан ба бозори кишварҳои савум туфайли истеҳсоли молҳои саноатӣ дар доираи лоиҳаҳои муштарак ба шумор меравад.
Дар ҷараёни анҷуман ба меҳмонон дар бораи соддатар кардани истеҳсолот дар кишвари мо, маҳсулоти истеҳсолшуда, рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ, минтақаҳои озод ва кӯчаки саноатӣ, дар онҳо барои сармоягузорон фароҳам оварда шудани имтиёзҳои андоз ва мусоидати дигар  маълумоти муфассал пешниҳод гардид, муаррифии имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ ба амал омад. Намояндагони соҳаҳои бинокорӣ, сайёҳӣ, нақлиётиву логистикии Тоҷикистон бо имкониятҳои мамлакати мо дар соҳаҳои мазкур шинос шуданд.
Алҳол ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои мо бо суръатҳои нав пеш мераванд. Дар нимаи аввали соли равон ҳаҷми мубодилаи мол 35 фоиз афзуд. Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон автомобилҳои сабукрав, мошинҳои боркашон, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти филизот ва электротехникӣ, маводи сохтмон, маҳсулоти озуқаворӣ ва саноати бофандагӣ содир мешаванд, аз Тоҷикистон ба мамлакати мо симон, арзиз (алюминий), маводи бинокорӣ ворид мегарданд.
Тавре ки дар чорабинӣ қайд шуд, ҳарчанд дар ҳамкории соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоявӣ афзоиши назаррас мушоҳида мегардад, ин ба имкониятҳои мавҷуда пурра мусоидат намекунад. Бинобар ҳамин ҳам, пешбинӣ шудааст, ки то соли 2020-ум мубодилаи моли байни кишварҳои мо ба 500 миллион доллар расонида шавад. Барои ин тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо мавқеи ҷуғрофии кишварҳои мо, муоҳида дар бораи ҳифзи тарафайни сармояҳо, ҳамкорӣ оид ба кам кардани боҷҳои андоз, сарҳадҳои умумӣ, қоидаҳои савдои озод, имкониятҳои ягонаи нақлиётиву коммуникатсионӣ, транзитиву логистикии давлатҳои минтақа низ мавҷуданд.
– Ба шарофати қатъият ва иродаи Президентҳои мо ҳамкориҳои ду давлат ба сатҳи нав бардошта шуданд, – мегӯяд директори генералии корхонаи муттаҳиди давлатии «TAJinvest» Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ. – Аз ҷумла дар соҳаҳои савдо ва сармоя як қатор лоиҳаҳо татбиқ мешаванд.  Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим ҷойгиранд. Ин ба коркард ва татбиқи муштараки барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика мусоидат менамояд. Умумияти таърихӣ, қаробати анъанаҳои фарҳангӣ ва маънавии халқҳои мо имкон медиҳанд имкониятҳоямон дар соҳаи сайёҳӣ муттаҳид карда шаванд. Бинобар саъю кӯшишҳои муштарак метавон истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба роҳ монд. Дар доираи анҷумани тиҷоратӣ оид ба масъалаҳои мазкур табодули афкор ба амал омад, нақшаҳо барои оянда муайян карда шуданд.
Дар ҷараёни анҷумани тиҷоратӣ дар ҳаҷми умумии 103,3 миллион доллари ИМА бинобар самтҳои ҳамкории молиявӣ, транзит, электроника, дорусозӣ, содирот ва воридоти маҳсулоти қаннодӣ шартномаҳо имзо гардиданд. 
Ғайр аз ин, мулоқоти соҳибкорони ду кишвар дар шакли B2B баргузор гардид. Дар анҷоми гуфтушунидҳо муоҳидаҳое ба имзо расиданд, ки татбиқсозии лоиҳаҳои муштараки сармоявиро пешбинӣ менамоянд, ҳамчунин шартномаҳои муфиди тарафайн имзо шуданд. 
Худи ҳамон рӯз намояндагони доираҳои корчаллони Тоҷикистон аз як қатор корхонаҳои пойтахт, аз ҷумла, «Artel», «Gold Dried Fruits Export», «Uztex Tashkent» боздид ба амал оварда, бо ҷараёнҳои технологии онҳо шинос гардиданд. Барои муқаррар кардани ҳамкориҳои пешомаднок вохӯриҳои дуҷониба баргузор шуданд.

Улуғбек ШОНАЗАРОВ, хабарнигори ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: