Дар Анқара муҷассамаи Алишер Навоӣ кушода шуд

Дар ноҳияи Кечиӯрени шаҳри Анқара маросими ифтитоҳи муҷассамаи султони мулки сухан Мир Алишер Навоӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Туркия, созмони ТУРКСОЙ, ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳои Анқара, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, забоншиносону адабиётшиносон ва аҳли ҷомеа иштирок карданд.

Дар чорабинӣ сафир Алишер Аъзамхӯҷаев ба сухан баромада, ба онҳое, ки бобати гузоштани муҷассамаи бобои бузургворамон Алишер Навоӣ саҳм гузоштаанд, аз ҷумла ба ҳокимияти ноҳияи Кечиӯрен ва роҳбари Маркази таҳқиқотии Алишер Навоии Донишгоҳи Бошкент Абдураҳмон Гӯзал изҳори сипос намуд.

Мавсуф дар бораи шахсияти Алишер Навоӣ ва корҳое, ки тайи солҳои охир ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи бобои бузургамон анҷом дода шудаанд, ҳарф зад.

"То имрӯз дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Остона, Токио, Минск, Шанхай, Сеул ва Боку муҷассамаҳои Алишер Навоӣ гузошта шудаанд. Аз ин рӯ, дар Анқара ифтитоҳи муҷассамаи бошукӯҳи ниёгони бузургвор на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи бародарони мо дар Туркия, ҳатто барои тамоми ҷаҳони туркӣ шарафи бузург аст,” - гуфт сафир.

Дар чорабинӣ намунаҳо аз рубоию ғазалиёти Алишер Навоӣ қироат карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: