ДАР АРАФАИ ҶАШН 16 ЗАНИ МАҲКУМШУДА ПЕШ АЗ МУДДАТ АЗ ҶАЗО ОЗОД КАРДА ШУД

Мо такрор намудани каломи «Зан ҳаст – ҷаҳон равшан аст»-ро хуш мебинем. Зеро зан бо меҳру муҳаббати модарона ба оила, тамоми ҷомеа гармӣ мебахшад.

Мо такрор намудани каломи «Зан ҳаст – ҷаҳон равшан аст»-ро хуш мебинем. Зеро зан бо меҳру муҳаббати модарона ба оила, тамоми ҷомеа гармӣ мебахшад.
Аммо заноне ҳастанд, ки надониста ба роҳи ҷиноят медароянд. Аммо ҳатто ба корҳои ношоям, ҷиноят даст задани онҳо, модаронро бахшидан мумкин  ва бояд бахшид. Зеро қалбҳои ба як даҳон сухани самимӣ, меҳри гарм муҳтоҷ ҳастанд.
Аз ин нуқтаи назар  дар ҷомеаи мо ҳамеша нисбат ба занон дар асоси меҳру шафқат инсонпарварӣ зоҳир карда мешавад. Ин далели он аст, ки заноне, ки ҷиноятҳои дорои хатари пасти иҷтимоӣ содир кардаанд, бо кафолати ташкилотҳои дахлдор зиндонӣ нашуда, аз ҷазо озод карда мешаванд.
Ба занони маҳкумшуда, ки дар натиҷаи чунин сиёсат гумроҳ шуда, вале иштибоҳи худро дарк карда, аз кардаашон самимона пушаймон мешаванд, инчунин сабукӣ дода мешавад. Онҳо пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод карда шуда, ба назди оила ва фарзандонашон бармегарданд.
Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шикояти ба тартиби назорат додашудаи 18 нафар занони маҳкумшударо, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, ниҳоят вазнин ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шудаанд, баррасӣ кард.
Дар ҷамъомади суди кушод таҳти раёсати муовини раиси Суди Олӣ Икром Муслимов аризаи ҳар як зан, ки таҳти тартиби назорат дода шудааст,  дар доираи қонун муфассал омӯхта шуд. Эътибори алоҳида ба он зоҳир карда шуд, ки занон қисми асосии ҷазоро адо намуда, аз кирдори содиркардаашон самимона пушаймон шудаанд, дар ҷараёни адои ҷазо тарафҳои мусбати худро нишон доданд ва аз ҷониби роҳбарияти муассиса сипоснома гирифтаанд.
— Соли 2012 барои надониста ба савдои маводи мухаддир даст заданам ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳкум карданд, — гуфт бо ашки шашқатор сокини 62-солаи Самарқанд Лолаапа. — Ман се фарзанд дорам, натавонистам дар рӯзҳои хуби онҳо ширкат варзам. Ҳазор бор аз кардаам пушаймон ҳастам. Ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ барнамегардам. Кирдорам бароям сабақ шуд. Ман ба Президент ва халқамон барои он ки маро бахшиданд, миннатдорӣ изҳор менамоям. Ҷойгоҳи зан дар оила будааст, хоҳиш дорам, ки дигар занҳо ба чунин ҷиноятҳо даст назананд.
Бо назардошти он ки қисми асосии ҷазои барои ҷинояти содиркардаашон аз ҷониби суд таъиншударо адо намудаанд,  аз кирдорҳои худ пӯшаймонанд, синну сол ва номаи кафолатӣ 16 нафар зан пеш аз муҳлат озод гардида, ба оғӯши наздикону оила баргаштанд. Муддати ҷазои боз ду нафар зан кӯтоҳ карда шуд.
Дар ин рӯзҳо, ки дар мамлакати мо нафаси ҷашни Истиқлолият мевазад, ин чорабинии наҷиб боз як намунаи дурахшони эътибор ба занон, инсонпарварии баланд ва таҳаммулпазирии ба халқамон хос гардид.

Н. АБДУРАИМОВА, 
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: