Дар Китобхонаи миллии Беларус расми ифтитоҳи ботантана намоишгоҳи аксҳои «Тошканд медурахшад»-и аксбардори белорус Александр Ченсов баргузор шуд.
Чорабинии мазкур ба таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон бахшида шуда, инчунин ба оммавӣ намудани иқтидори сайёҳии пойтахти мо нигаронида шудааст.
Меҳмонони он намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ, суратгирҳо, санъатшиносон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа буданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Намоишгоҳ тамошобинонро бо мероси бои маданию таърихии Тошканд ва дигар шаҳрҳои мамлакат шинос мекунад.
Намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар Беларус зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ба аҳамияти таҳкими равобити фарҳангии ду кишвар таъкид сохта, изҳори итминон намуданд, ки чунин чорабиниҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар намоишгоҳ беш аз 30 акс гузошта шудааст ва то нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.