ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ ЧАНДИН ОБЪЕКТ БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

Дар ноҳияи Пайариқ бинои нави Маркази хидматҳои давлатӣ ба истифода супурда шуд.

Дар ноҳияи Пайариқ бинои нави Маркази хидматҳои давлатӣ ба истифода супурда шуд. 
Дар тадбире, ки ба ин муносибат ташкил гардид, ҳокими вилоят Э. Турдимов, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони соҳа, собиқадорон иштирок карданд. 
– Шиори «На халқ ба идораҳои давлатӣ, идораҳои давлатӣ бояд ба халқ хидмат расонанд» имрӯз ба мизони асосии фаъолияти роҳбари ҳар як корхонаву ташкилот табдил ёфтааст, – гуфт роҳбари Маркази хидматҳои давлатии ноҳия Дилшод Сувонов. – Маркази хидматҳои давлатӣ ва дигар мақомоти мутасаддӣ бо мақсади пурзӯрсозии ҳамкории байни ташкилотҳои ҷамоатӣ ва мардум, ҳалли саривақтии муаммо ва мушкилиҳои онҳо ва бо ин роҳ беҳсозии шароити рӯзгори халқ чорабиниҳои заруриро меандешанд. Дар ноҳия ба фаъолият сар кардани бинои замонавии Маркази хидматҳои давлатӣ барои хидматрасонии босифат ба аҳолӣ, дар фурсати кӯтоҳ ҳал кардани мушкилоти онҳо, дастгирии соҳибкорон хидмат мекунад. Бинои нав аз тарафи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қобил қурувчи сервис» бар ивази 3,2 миллиард сӯм қад  рост кард. Марказ дар як вақт дар 16 нуқта ба аҳолӣ хидмати саривақтӣ ва босифат мерасонад. 
Дар бинои навбунёд барои кормандони соҳа ва аҳолӣ тамоми шароит  муҳайё карда шудаанд. Дар он майдончаи бачагон, китобхона, ӯтоқҳо барои инвесторон мавҷуд. Шаҳрвандон тавассути панҷ монитор метавонанд навбати электрониро мушоҳида кунанд. 
Дар марказ инчунин, фаъолияти Қабулхонаи Сарвазир барои соҳибкорон, маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ, нотариус, шӯъбаи мигратсия ва расмигардонии шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. 
Баъд аз тадбир бинои нави қабул-диагностика ва маъмурии Иттиҳодияи тиббии ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. 
Инчунин, дар маҳаллаи «Янги ҳаёт»-и ноҳия дар асоси барномаи инвеститсионӣ бинои панҷошёнаи дорои 72 хонадон бунёд гардида, ба соҳибони худ супорида шуд. 
Нотиқон иштирокдоронро бо фарорасии Соли нав табрик намуда, ба шароитҳое, ки фароҳам оварда шудааст, шинос ва ба хурсандии умум шарик шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: