ДАР АШҚОБОД МУҶАССАМАИ АЛИШЕРИ НАВОӢ ГУЗОШТА ШУД

Моҳияти мероси маънавии Алишери Навоӣ нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар бисёр кишварҳои хориҷи наздику дур низ эътироф карда мешавад.

Тӯли солҳои гуногун гузошта шудани муҷассамаҳои Алишери Навоӣ исботи равшани ин гуфтаҳост.
Дар пойтахти Туркманистон маросими тантанавии кушоиши Боғи маданият ва истироҳати ба номи шоир ва мутафаккири машҳури туркман Махтумқулии Фароғӣ ба вуқӯъ омад.
Дар доираи чорабинӣ бо иштироки Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ҳамчунин ба тарзи тантанавӣ ҳайкали шоири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ гузошта шуд.
Тавре ки меҳмонони маросими кушоиши ёдгорӣ қайд намуданд, мероси нодири эҷодии шоири бузург, ки қисмати ҷудонопазири маънавияти халқи ӯзбек ба шумор меравад, ба шеърияти асрҳои баъдина таъсири бузург расонидааст.
Ҷамоаҳои эҷодӣ асарҳои Алишери Навоиро ба забонҳои ӯзбекӣ ва туркманӣ иҷро карданд.
Бояд зикр кард, ки маҷмӯи нави маданият ва истироҳат 24 ёдгории нависандагон ва шоирони шинохтаро муттаҳид намуд. Дар қисмати марказии боғ ҳайкали Махтумқулии Фароғӣ гузошта шудааст.
Дар атрофи боғ ёдгориҳои Оноре де Балзак, Иоҳанн Волфганг Гёте, Робиндранат Тагор, Уилям Шекспир, Фёдор Достоевский, Данте Алигери, Соят-Наво ва бисёр намояндагони дигари адабиёти ҷаҳон қомат афрохтаанд. Дар байни онҳо ёдгории мутафаккир ва шоири беназири халқи ӯзбек Алишери Навоӣ низ ҳаст.
Аъзои ҳукумати Туркманистон, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ба пояи ёдгориҳо гулдастаҳо гузоштанд.

Б. ХУДОЙБЕРДИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: