Моҳи феврали соли равон Фармони сарвари давлат «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ кардани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» интишор ёфт, ки аз ҷумла, ба пешбурди нигаҳдории тандурустӣ нигаронида шудааст.
Суҳбати мо бо сардухтури Иттиҳодияи нигаҳдории тандурустии ноҳияи Самарқанд Тӯлқин СУВОНОВ бинобар ин масъала ҷараён гирифт.
– Ба мақсади ба ҳаёт татбиқ намудани ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар «Стратегияи Ӯзбекистон-2030» муайян шудаанд, мунтазам кор мебарем, – мегӯяд Тӯлқин Абдуллоевич. – Бояд таъкид намуд, ки ноҳияи Самарқанд мувофиқи аҳолӣ дар вилоят ҷойи аввалро ишғол мекунад, дар ин ҷо тақрибан 300 ҳазор вакилони миллатҳои гуногун чун аъзои як оила аҳлу тифоқ кору зиндагӣ доранд. Танҳо дар панҷ моҳи охир 92,8 фоизи аҳолиро аз назорати тиббӣ гузарондем. Ҳоло беморон бо навбат дар шифохонаҳои ихтисосонидашуда даво мегиранд.
Дар ноҳия 2652 зани ҳомила ба қайд гирифта шудааст, ки ҳама солиманд ва дар ин бешубҳа, хидмати лоиқи таҳсини табибон ҳам ҳаст.
Аммо афсӯс, ки солҳои охир дар байни занҳои синнашон 45-65 бемории саратони қафаси дил (сина) афзудааст. Ба 19 нафар хастаи ин беморӣ барои табобат ба шуъбаи вилоятии маркази махсуси илмиву амалии онкология ва радиологияи ҷумҳурӣ роҳхат дода шуд.
– Тӯлқин Абдуллоевич, дар урфият «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», мегӯянд...
– Ҳақ асту рост. Академик Пирогов башорат кардааст, ки рушди тиббиёти оянда дар пешгирии беморӣ мебошад. Танҳо дар 4 моҳи соли равон 1836 тадбири тарғиботӣ гузаронда шуданд. Дар мо ҳар рӯзи ҳафта ном дорад, масалан рӯзи душанбе «Мубориза бар зидди стресс, яъне асабвайроншавӣ», сешанбе «Мубориза бар зидди тамокукашӣ», чоршанбе – «Пешгирии одатҳои бад», панҷшанбе – «Истеъмоли хӯроки солим», ҷумъа – «Пиёдагардӣ», шанбе – «Рӯзи саломатӣ» ва якшанбе – «Рӯзи гимнастика» эълон шудааст, ки дар онҳо пиру барно ширкат меварзанд. Тадбирҳои «Олимпиадачиён дар байни мо», «5 ҳазор қадам», «Оилаи варзишгар» низ ба анъана табдил меёбанд.
– Ҳоли ҳозир дар ноҳияи Самарқанд чанд табобатхона амал мекунад?
– Ҳоло дар қаламрави мо поликлиникаи марказии бисёрсоҳа, 4 поликлиникаи оилавӣ, 8 нуқтаи шифокорӣ, 14 бунгоҳи тиббии маҳалла мавҷуд буда, ба интернет пайваста шудаанд. Алалхусус, дар ҳудудҳои дурдасти ноҳия – маҳаллаҳои Миронқул, Оҳалик, Арабхона, Ширинобод, Бадал ва ғайра нуқтаҳои табобатӣ ва мутахассисони баландихтисос посбонони саломатии аҳолӣ мебошанд.
Мувофиқи ҷадвал қабули сайёр ташкил мешавад. Чанде пеш он дар маҳаллаи Янгиариқ гузаронида шуд ва дар он роҳбари Садорати тандурустии вилоят Суҳроб Зайниев иштирок кард. Ба ноҳияи мо аз пойтахт низ табибони соҳибтаҷриба ташриф меоваранд.
Дар иттиҳодия ҳоло 366 шифокор ва 1833 ҳамшираи тиббӣ фаъолият доранд. Боиси хушнудист, ки аксари шифокорон соҳибтаҷриба ва аз санъати тиббӣ бохабаранд. Соҳиби чанд мукофоти давлатӣ Замирахон Маъмурова беш аз 50 сол кор карда, аз духтури одӣ то ба дараҷаи ҷонишини сардухтур расидааст. Мудири шуъбаи таваллудхона Нилуфар Асророва, табиби кӯдакон Гулнора Юсуфова, роҳбари поликлиникаи оилавӣ Мавлуда Очилова, шифокорони ҷавон Зарринахон Эламова, духтури бемориҳои асаб Фаррух Обидов, мудири шуъбаи ташхис Бону Раҳматова, терапевт Шаҳзода Абдуллоева, кардиолог Мартаба Абдусаломова, эндокринолог Фармон Очилдиев, дояҳо-гинекологҳо Муҳаббат Шарифова, Лола Тошпӯлодова ва дигарон бо кори неку амали нек ба ҳурмату эҳтироми халқ соҳиб шудаанд.
Муҳаррам Амонова ва Саноат Абдураҳмонова чун сардори ҳамшираҳои шафқат вазифаи худро ба дараҷаи аъло иҷро мекунанд.
Хуллас, ҷамоаи мо барои ба ҳаёт татбиқ сохтани Барномаи давлатӣ оид ба Стратегияи «Ӯзбекистон - 2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» камарбаста ҳастанд.
Мусоҳибон
Нозимҷон ФАЙЗИЕВ,
котиби матбуоти Иттиҳодияи нигаҳдории тандурустии ноҳияи Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.