ДАР АСОСИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШРАФТИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ САМТИ ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТИРО ҚАТЪИЯН ИДОМА МЕДИҲЕМ

Ассалому алайкум, ҳамватанони муҳтарам!

Ассалому алайкум, ҳамватанони муҳтарам!
Аъзои муҳтарами Сенат!
Депутатҳои муҳтарами Палатаи қонунгузорӣ!
Вакилони ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама ба тамоми ҳамдиёронамон, ки боварии бузург изҳор карда, бори дигар маро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб карданд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам, ба халқи меҳнаткаш, олиҷаноб ва кушодадиламон бо меҳр ва садоқати фарзандӣ сари таъзим фуруд меоварам.
Ба шумо, азизон, аз тариқи шумо ба кулли халқи кишвар оромиву осудагӣ, саломатӣ, бахту саодати оилавӣ ва фаровонҳолӣ орзу менамоям.
Ба парчами давлатӣ, суруди миллӣ ва герби кишвар, ки рамзи истиқлолияти Ватани азизамон мебошанд, ба Нишони олии президентӣ, ки ба ман супурда шуд, боэҳтиромона арҷ мегузорам.
Ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шудани худро ба сифати эътирофи баланди сиёсатамон бинобар бунёди Ӯзбекистони Нав қабул менамоям.
Иштирокдорони муҳтарами ҷамъомади тантанавӣ!
Дар интихоботи баргузоршуда халқи сермиллати мо фаъолона иштирок карда, хоҳишу иродаи озоди хеш, шуури баланди ҳуқуқӣ ва маданияти сиёсии худро равшан намоиш дод.
Натиҷаҳои интихобот дурустии роҳи пешрафти моро, ки якҷо бо халқамон интихоб карда, амалӣ менамоем, бори дигар тасдиқ карданд. Ин ба ҳамаи мо нирӯи нав, рӯҳ ва эътимоди баланд мебахшад.
Дар муҳити озод ва демократӣ, рӯшод ва ошкоро, бо рақобат ва талошҳои солим гузаштани интихоботро мушоҳидони байналмилалӣ ва хориҷӣ низ эътироф карданд.
Ҷараёни интихоботи президентиро ҳайатҳои дарозмуҳлати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бевосита назорат карданд. Бахусус якҷо бо Бюрои идораҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, инчунин Ассамблеяи парлумон бори аввал шоҳидон аз Парлумони Аврупо ҳам ширкат варзиданд.
Умуман дар интихобот намояндагони 18 созмони байналмилалӣ ва 45 давлати хориҷӣ ҳамчун нозир иштирок намуданд. Баробари ин тақрибан 1700 нафар журналистони маҳаллӣ ва хориҷӣ ҷараёни интихоботро бевосита равшан карданд. Ҳамаи онҳо махсус эътироф намуданд, ки интихобот дар пояи қонунгузории миллӣ ва тамоилҳои байналхалқӣ, дар савияи баланд гузашт.
Ҳамдиёрони азиз!
Он эътимоди баландеро, ки дар интихобот нисбати ман зоҳир гардид, шарафи бузург ва вазифаи муқаддас меҳисобам, дар айни замон дақиқ эҳсос менамоям, ки ин эътимод ба зиммаи ман масъулият ва ҷавобгарии бузург мегузорад.
Ба аъзо ва фаъолони Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон, ки номзадии маро пешбарӣ ва дар маъракаи интихобот маро дастгирӣ карданд, тамоми ҷонибдорон ва вакилони боэътимоди худ изҳори миннатдорӣ баён мекунам.
Ба номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон – Мақсуда Ворисова, номзад аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров, номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Нарзулло Обломуродов ва номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» Баҳром Абдуҳалимов, ки дар интихобот фаъолона ширкат ҷустанд, миннатдории махсус изҳор менамоям. Ба корҳои минбаъдаи онҳо барор мехоҳам.
Агар мо дар ҷараёни интихобот байни ҳам рақобат дошта бошем, минбаъд тамоми орзуву омол ва ҳаракатҳои худро муттаҳид карда, бо ҳизбҳои сиёсӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоем. Ғоя ва пешниҳодоти муҳиму амалии онҳо дар барномаҳои пешазинтихоботиашон аз фаъолияти минбаъдаи мо берун нахоҳанд монд.
Тамоми нирӯ ва салоҳияти худро ба ҳадафи ягона – бунёди Ӯзбекистони Нав сафарбар хоҳем кард.
Имрӯз аз ин минбари баланд ба аҳолии тамоми ҳудудҳои мо – Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд;
ба фаъолони маҳаллаҳо, ба вакилони идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва арбобони дин, ки дар роҳи мустаҳкам кардани сулҳу салоҳ ва муҳити дӯстии кишварамон аз таҳти дил хидмат мекунанд;
ба собиқадорони муътабарамон, ки бо дуоҳои нек, маслиҳатҳои ҳаётии худ баҳри самарабахшии кор ва баракаи фаъолияти мо саҳм мегузоранд;
ба занони муҳтарами мо, ки дар ҳаёти ҷамъиятиамон мавқеи беқиёс доранд;
ба коргарону хидматчиён, тадбиркорону фермерон, бинокорону бунёдкороне, ки баҳри пешрафти иқтисодиёт, саноат, соҳаҳои аграрӣ ва иҷтимоии мо фидокорона меҳнат мекунанд;
ба устодону мураббиҳо, зиёиёни илмӣ ва эҷодкор, аҳли маданият ва санъат, ки тамоми ҳастии худро ба пешрафти илму фан ва маънавият, тарбияву таълими насли наврас нигаронидаанд;
ба ходимони тиббӣ, ки бо мақсади нигаҳдории сиҳҳату саломатии халқи кишвар фидокоронаву мардонавор меҳнат мекунанд;
ба хидматчиёни мард ва ҷасури ҳарбӣ, ки анъанаҳои аҷдоди бузургамон чун Ҷалолиддини Мангубердӣ, Соҳибқирон Амир Темур, Бобур Мирзоро идома медиҳанд;
ба варзишгарони пурматонати мо, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ парчами Ватани моро баланд мебардоранд;
ба Комиссияи марказии интихоботӣ, ба аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва минтақавии интихоботӣ, ба ваколатхонаҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба ходимони ҳокимиятҳои маҳаллӣ;
ба вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ, журналистон ва блогерҳо, ки ҷараёни интихоботро васеъ ва холисона равшан карданд, аз таҳти дил миннатдорӣ баён мекунам.
Мехоҳам ба насли наврас – ба писарону духтарони худ бигӯям:
Фарзандони азизи ман, ки дар шарёнатон ғайрату шуҷоати ниёгони бузургамон ҷӯш мезанад, эътимод дорам, ки барои бунёди Ӯзбекистони Нав шумо дар сафи пеш хоҳед буд.
Ба тамоми шаҳрвандони кишварамон, ба роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, арбобони сиёсӣ ва ҷамоатӣ, ки ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуданам табрикоти самимии худро ирсол кардаанд, эҳтироми амиқи хешро изҳор менамоям.
Аз фурсат истифода бурда, ба кулли мушоҳидони байналхалқӣ, ки дар интихобот ширкат ҷустанд, аз номи худ ва аз номи халқамон ташаккур мегӯям.
Иштирокдорони муҳтарами маросими тантанавӣ!
Ин маъракаи тантанавӣ дар бинои муҳташами Сенат, ки дар маркази пойтахти мо бунёд шудаасту дорои тамоми шароитҳои замонавӣ мебошад, баргузор мегардад, ки бешубҳа, маънои амиқи рамзӣ дорад.
Бовар дорам, ки ин маскани муборак дар роҳи пешрафти мамлакати мо ба даргоҳи бонуфузи қабул кардани қонун ва қарорҳои муҳим, ба оинаи давлатдории миллии замонавӣ, ба мактаби бузурги демократӣ табдил меёбад.
Бинои нави Сенат, ки тимсоли Ӯзбекистони Нав аст, барои ҳамаамон муборак бод!
Дӯстони азиз!
Ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки панҷ сол муқаддам якҷо бо халқамон Стратегияи амалиётро қабул карда будем. Дар давраи сипаришуда дар пояи ин Стратегия корҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд.
Ман ба сифати Президенти аз нав ба вазифа таъиншуда барои имрӯзи Ватани азизамон ва ояндаи он бо дарки амиқи масъулият ва ҷавобгарӣ мехоҳам изҳор намоям: мо роҳи ислоҳоти демократиеро, ки якҷо бо халқамон оғоз намудем, қатъиян давом медиҳем ва аз ин роҳ ҳаргиз бозпас намегардем!
Ӯзбекистони Навро ҳамҷиҳатона бунёд мекунем!
Иҷрои бечунучарои талаботи Сарқонун ҳамчун кафили Қомуси Асосӣ ва қонунҳоямон, пурра ба амал татбиқ намудани тамоили устувори «Барои қадри инсон» минбаъд низ мизони асосии фаъолияти ман хоҳад буд. 
Бешубҳа, қадри инсон барои мо мафҳуми мавҳум ва баландпарвоз нест. Ҳангоме ки мо қадри инсон мегӯем, пеш аз ҳама, зиндагии орому осудаи ҳар як шаҳрванд, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии ӯро дар назар дорем.
Вақте ки қадри инсон мегӯем, мо фароҳам овардани шароитҳои муносиби ҳаёт ва инфрасохтори замонавӣ, хидматрасонии мукаммали тиббӣ, таълими хушсифат, низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муҳити солими экологиро тасаввур мекунем.
Иштирокдорони муҳтарами маросими тантанавӣ!
Дар ин ҷамъомади мо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар мамлакатамон фаъолият доранд, сафирони давлатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд, ки ба мо мамнунияти бузург илқо менамояд.
Фикр мекунам, аз корҳои мо бобати татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ тӯли солҳои охир дар кишварамон, аз ҷумла таъмин сохтани устувории ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пойдории қонун шумо, дипломатҳои боэҳтиром низ огоҳӣ доред.
Ба сифати эътирофи амалии фаъолияти мо дар ин соҳа зикр кардани бори аввал узви Шӯрои ҳуқуқҳои инсони Созмони Милали Муттаҳид интихоб шудани Ӯзбекистон кофӣ мебошад.
Айни замон мо хуб дарк менамоем аз корҳое, ки бинобар ҳифз ва таъмин кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон амалӣ шуданд, вазифаҳои дар пешамон истода зиёдтаранд.
Равшан аст, ки ба маънои пурра татбиқ намудани ин суннати олӣ мазмуни ба манзил расиданро надорад. Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ҷараёни мунтазам ва муттасил аст, инро ҳамаи мо амиқ дарк менамоем. Таърихи ҷаҳон ва таҷрибаи давлатҳои демократӣ низ аз ин далолат медиҳанд.
Ба ин муносибат барои ба амал татбиқ намудани вазифаҳои соҳаи мазкур мо ба ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла ба ҳамкории қарини Шумо, вакилони ҳайатҳои муҳтарами дипломатӣ бовар дорем.
Сенаторон ва депутатҳои муҳтарам!
Ҳамватанони мо ба ислоҳоте, ки оғоз кардаем, эътимод доранд ва дастгирӣ менамоянд, мехоҳанд, ки натиҷаҳои амалии онро ҳарчи зудтар бубинанд. Мо бо назардошти ин талаботи одилона Стратегияи рушди Ӯзбекистони Навро кор карда баромадем ва онро якҷо бо халқамон дар ҷараёни маъракаи интихобот васеъ баррасӣ намудем. Дар ин ҳуҷҷати аз ҳар ҷиҳат муҳим ба мақсади мустақимӣ ва муттасилии ислоҳоти мо ғояи «Аз Стратегияи амалиёт – ба Стратегияи пешрафт» ҳамчун ғояи асосӣ пешбарӣ гардид. Дар стратегияи мазкур мо ҳуқуқ ва озодӣ, манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрванди кишварро ба сифати ҳуввияти олӣ муайян кардем.
Бояд таъкид намуд, ки Стратегияи рушди Ӯзбкистони Нав ба даврони нави пешрафти миллии мо оғоз мебахшад. Минбаъд мо фаъолияти худро дар пояи раванди нав: «инсон – ҷамъият – давлат» ба роҳ мемонем.
Бо назардошти ақидаҳое, ки ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон баён шуданд, бо таклиф ва ташаббусҳои амалӣ мо барои минбаъд такмил додани Стратегияи пешрафт кор мебарем. Ин ҷараён идома меёбад, зеро ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳои аввалиндараҷае, ки ба тақдир ва ояндаи Ватани мо дахл доранд, фикру ақидаи ҷомеаи васеъ, ҳар як шаҳрванд бароямон бағоят рӯзмарра мебошад.
Вобаста ба ин мехоҳам эътибори шуморо боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.
Самтҳои бартаринокро барои панҷ соли минбаъда муайян намуда, мо баробари комёбиҳое, ки дар давраи сипаришуда ба даст омадаанд, бояд камбудӣ ва нуқсонҳоеро, ки ба он роҳ додем, амиқ ва аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил кунем. Зеро халқе, ки ояндаи хешро бо дастони худ, нирӯи хеш бунёд мекунад, танҳо он вақт ба ҳадафҳои пешгузоштааш мерасад, ки аз гузашта хулосаҳои дуруст бароварда тавонад.
Дар ҷараёни мулоқоти пешазинтихоботӣ мо нақшаҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву башардӯстонаи ҳар кадом шаҳр ва ноҳияи мамлакатро тартиб додем. Ҳоли ҳозир ин пешниҳодотро муттаҳид намуда, барномаҳои махсусро барои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд кор карда мебароем ва онҳоро тайи солҳо амалӣ мекунем.
Ба ин муносибат мехоҳам суханони панҷ сол муқаддам, дар рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Президентӣ гуфтаамро бори дигар такрор кунам: ба ман суханони сохтаву бофта даркор нестанд. Бо суханони хушку холӣ ва норост, рақамҳои  бофта мо танҳо худро фиреб медиҳем. Ин ба кори мо зарар мерасонад.
Ба мо ғоя ва ақида, таклиф ва ташаббусҳои амалие, ки ба кори умумиамон фоида меоваранд, натиҷаҳои дақиқ заруранд. Барои ман маъқултар аз ин роҳе нест.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи мо мебинем, ки алҳол инсоният давраи фавқулодда мураккаби таърихи худро аз сар мегузаронад. Мо бо таҳдид ва хурӯҷҳои наву пештар номаълум рӯ ба рӯ мешавем.
Дар сайёра ҳанӯз пандемияи коронавирус, ки ба ҳаёти миллионҳо одамон зомин гардид ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, ки ба сабаби пандемия рух дод, идома дорад. Коронавирус кай қатъ меёбад ва ҳаёт пас аз он чӣ гуна хоҳад шуд, инро ҳанӯз касе дақиқ пешгӯӣ карда наметавонад.
Мутаассифона, таъсири манфии пандемия дар Ӯзбекистон низ эҳсос мешавад. Мубориза ба муқобили ин бемории хавфнок, зарурияти дар чунин шароити мураккаб зиндагӣ ва кор кардан аз мо нирӯи бузург ва маблағҳои зиёд, иродаи қавӣ ва интизоми қатъиро тақозо дорад.
Бо вуҷуди тамоми саъю кӯшишҳоямон пандемия ба ҳаёти бисёр ҳамватанонамон, аз ҷумла чандин сенаторону депутатҳо, ҳамкорон – роҳбарони мо зомин гардид.  Мо онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.
Алҳол дар олам муқобилият ва зиддияти байни нирӯҳои мухталиф рӯзафзун мегарданд, муборизаи шадид барои захираҳо идома дорад. Дар минтақаи мо таҳдидҳои нав ба сулҳу амният таҳдид мекунанд.
Даврони ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадид, ҳаёти зудтағйирёбанда дар назди мо вазифаҳои ногузир, фавқулодда муҳим ва рӯзмарра мегузоранд.
Дар чунин вазъи мураккаб бояд ҳамаи мо беш аз пеш муттаҳид, барои ҳифзи ҳаёти орому осудаи худ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ҳушёр бошем, қотеъона ва боэътимодона ҳаракат кунем.
Бо ин мақсад мо роҳи стратегии худро, ки ба таҳкими сулҳу салоҳ дар ҳар кадом хонаву маҳалла, дар тамоми мамлакат, баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти аҳолӣ, вусъат додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ нигаронида шудаанд, мустақимона идома диҳем.
Ҳамватанони муҳтарам!
Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав аз ҳафт самт иборат хоҳад буд. Иҷозат диҳед бинобар вазифаҳои муҳиму бартариноке, ки бояд мо дар доираи татбиқи он ҳаллу фасл намоем, мухтасар таваққуф намоям.
Якум, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба бунёди давлати ҷонибдори шаъну шараф, таъмин сохтани манфиатҳои қонунӣ ва некӯҳолии ҳар як шаҳрванди худ, новобаста аз миллат, забон ва дини ӯ, дар пояи рушди минбаъдаи ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, ба дараҷаи нав бардошта хоҳад шуд.
Дар ин бобат мо ба татбиқ кардани ғояи «Ӯзбекистони Нав – давлати халқӣ ва инсонпарвар» эътибори махсус медиҳем. Барои ин мо нақш ва масъулияти идораҳои мақомоти маҳаллиро дар ҳаллу фасли мушкилоти маҳалҳо баланд мебардорем. Дар оянда қисмати зиёди вазифаҳои давлат аз марказ ба минтақаҳо дода мешавад.
Ба мақсади алоқаи тарафайни низоми маҳалла, ки ҳалқаи такягоҳии идораи ҷамъият ва инъикоси натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшудаистода ба шумор меравад, дар ҳокимияти ҳар як маҳалла вазифаи ёвари ҳоким ҷорӣ карда мешавад. Вай ба масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани нодорӣ ҷавоб медиҳад. Татбиқ кардани корҳои маънавию маърифатӣ, ташаккул додани  муҳити солим дар оилаҳо ва маҳалла ба зиммаи раиси маҳалла гузошта мешавад.
Дар маҳаллаҳо низ намояндагии Оҷонсии оид ба корҳои ҷавонон амал мекунад, ки мунтазам бо масъалаи ҷавонон машғул мегардад.
Баробари ин ба мақсади вусъат додани имкониятҳои молиявии ҳокимият ва маҳаллаҳо ба буҷаи ноҳия маблағ аз манбаъҳои иловагӣ ворид мегардад, барои ҳар кадом маҳалла бунёдҳои махсус ташкил карда мешаванд.
Вазифаи муҳими навбатӣ ин аз тариқи бекор кардани идораҳои марказӣ созмон додани низоми ихчам ва самарабахши идоравӣ мебошад, ки ба эҳтиёҷоти шаҳрвандон нигаронида шудааст. Барои ин, пеш аз ҳама, тартиби мушаххаси вазорату идораҳо, вазифаҳое, ки ваколатҳои онҳоро маҳдуд мекунанд, талабот ба сохтор ва руйхати штатии онҳо андешида мешаванд. Идораҳои вазифаҳояшон такрорӣ муттаҳид карда хоҳанд шуд.
Мо аз усулҳои куҳнашудаи бюрократӣ даст мекашем, муносибатҳои навро ба ҳамкории тарафайни идораҳои марказӣ бо сохторҳои ҳудудии онҳо ҷорӣ мекунем. Дар ин маврид ваколати вазорату идораҳо бинобар ҳаллу фасли мустақилу таъҷилии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳо зиёд карда мешаванд.
Низоми ҳисоботдиҳии роҳбарон дар бораи иҷрои барномаҳое, ки бинобар ҳар як соҳа ва минтақа қабул шудаанд, ба роҳ монда хоҳад шуд.
Баробари ин ташкил кардани асосҳои иловагии ҳуқуқӣ барои ба сохтори ифодакунандаи афкори ҷамъият табдил додани Қабулхонаҳои халқӣ зарур аст.
Ҳамзамон дар ҷараёни интихоб кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо муносибатҳои нав ва замонавӣ истифода мешаванд. Кадрҳо ба хидмати давлатӣ дар асоси озмун қабул мегарданд, барои онҳо маҳаки мунтазам баланд бардоштани ихтисос муайян карда мешавад, натиҷаи кор сабаби болоравӣ бинобар хидмат мешавад.
Минбаъд ба рушди ҳар як минтақа, соҳа ва ҷанба бо назардошти он, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар қитъаи дахлдори кор чӣ гуна таъмин мегардад, баҳо дода мешавад.
Вобаста ба ин ба раванди асосии «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд», мехостам суханони: «Роҳбарон бояд нафақат ба давлат, пеш аз ҳама, ба инсон ва оилаи ӯ, таъмин сохтани манфиатҳои қонунии онҳо хидат кунанд»-ро илова намоям.
Бинобар ҳамин ҳам ҳар як шахси мансабдор вазифадор аст, ки ҳама чиз, кӯчактарин масъалаи ҳаёти маҳалла ва ноҳияро донад. Тавре ки гузаштагони мо фармудаанд, роҳбар бояд бори гарони халқ нагардад, балки бори ҳаёти ӯро сабуктар кунад. Роҳбареро, ки талаботи рӯзмарратарини замонро идрок карда наметавонад, имрӯз халқи мо, худи ҳаёт низ қабул намекунад.
Дар татбиқи Стратегияи нави Ӯзбекистони Нав ба зиммаи сенаторон ва депутатҳо, ки намояндагони халқ мебошанд, нақши бахусус муҳим гузошта шудааст.
Ба коркард ва татбиқ намудани консепсияи фаъолияти қонунгузорӣ, ки ба минбаъд такмил додани кори Олий Маҷлис, рушди ҳарчи зудтари Ӯзбекистони Нав, тавре ки халқи мо интизор аст, демократикунонии ҷараёни эҷоди қонун ва пурзӯр кардани назорати парлумонӣ барои иҷрои қонунгузорӣ эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Вобаста ба ин мувофиқи мақсад мебошад, ки парлумон корро бо муроҷиати шаҳрвандон дар миқёси умумиҷумҳурӣ, ҳамчунин шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар маҳалҳо бо қабул кардани чораҳои муассир бинобар хулосаи онҳо таҳти назорати худ бигирад.
Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешқадами демократӣ идораи ҷамъиятӣ ва давлатӣ бояд на дар пояи ақидаи шахсии роҳбарони алоҳида, соддатар гӯем, хосту кайфияти онҳо, балки баръакс аз тариқи фаъолияти идораҳое, ки пойгоҳи мустаҳками ҳуқуқӣ доранд, татбиқ карда шавад.
Фикр мекунам, замони ҳаллу фасли боз як масъалаи муҳим, ки дар назди мо истодааст, яъне қонунан муайян кардани ваколати мушаххаси Шӯроҳои халқии депутатҳо ва ҳокимони маҳаллӣ  фаро расидааст.
Дар маркази эътибори мо фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти озоди идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, иштироки фаъоли онҳо дар идораҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, минбаъд такмил додани механизми дастгирии давлатии онҳо қарор хоҳад дошт. Бо ин мақсад кор бинобар созмон додани Палатаи ҷамъиятӣ тезонида хоҳад шуд.
Вазифаҳои рӯзмарра бобати пурзӯр кардани иштироки идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқ намудани назорати ҷамъиятӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар маркази эътибори мо қарор хоҳад дошт.
Барои  дар мамлакатамон боз ҳам амиқтар намудани ҷараёнҳои навсозии демократӣ, таъмин кардани озодии сухан ва матбуот, дастрасии шаҳрвандон ба ахбор ва паҳн намудани он, озодона баён кардани фикр ва нуқтаи назар чорабиниҳои муҳим ба ҳаёт татбиқ мегарданд.
Табиист, ки дар чунин шароити шаффофона ва ошкорбаёнӣ кор кардан, дуруст қабул намудани фикрҳои танқидие, ки нисбати фаъолияташон баён мегарданд, ба баъзе амалдороне, ки ба тарзи кӯҳна зиндагӣ мекунанд, эҳтимол мақбул нагардад. Лекин қатъи назар аз ин, мо ин роҳро яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ мешуморем ва онро батадриҷ давом медиҳем. 
Ба ин мақсад, пурзӯр намудани қонунҳои ҷорӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсҳои мансабдори мақомот ва ташкилотҳои  давлатие, ки ба фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ мамониат мекунанд, сензура ҷорӣ мекунанд, ба ходимони идораҳои воситаҳои ахбор фишор ва тазйиқ меоваранд, ба тарзи ғайриқонунӣ аз пеши онҳо мавод ва воситаҳои техникиро мегиранд, дар назар дошта шудааст.
Хуллас, тамоми журналистон ва блогерҳое, ки фаъолияти қонунӣ мебаранд, пас аз ин низ зери ҳимояи қонун ва Президент қарор мегиранд.
Дуюм, таъминсохтани адолат ва волоияти қонун шарти асосӣ ва зарурии бунёди давлати халқпарвар, эҳтироми шаъну шарафи инсон мебошад. 
Дар Ӯзбекистон тӯли давраи гузашта дар ин бобат корҳои зиёд ба амал татбиқ гардиданд.
Дар айни вақт бобати таъмин намудани мустақилӣ ва шаффофии воқеии низоми суди одил, такмил додани фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот, пурзӯр намудани институти адвокатура, рақамисозии фаъолияти ин соҳаҳо дар наздамон вазифаҳои зиёд қарор доранд.
Дар оянда оид ба такмил додани фаъолияти суди маъмурӣ бино бар андозаҳои байналхалқӣ чорабиниҳои дахлдор ба амал татбиқ мегарданд.
Зарур аст, ниҳоде ба вуҷуд оварда шавад, ки суд дар мавқеи ҳимояи мулки хусусӣ қарор гирифта, ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкоронро барқарор намояд, мақомоти иҷроияро вазифадор созад, ки дар доираи қонун кор баранд. Ин дар навбати аввал барои тараққиёти ҷамъият ва равнақи иқтисодии он хидмат мекунад.
Мо ҳуқуқи соҳибкорон ва мулкдороне, ки дар рушди мамлакат, таъмини фаровонии аҳолӣ мавқеи ҳалкунандаро ишғол менамоянд, аз ҳар ҷиҳат ҳимоя мекунем. Дар ин бобат қонуншиканиро ҳолати фавқулодда роҳдоданашаванда мешуморем.
Ба ин муносибат устувории мулки хусусӣ дар қонунҳоямон ба сифати тамойили асосӣ муайян карда мешавад. Шахсе, ки ба маълумоти идораи давлатӣ бовар карда мулк харид намудааст, поймол нагардидани ҳуқуқаш таъмин карда мешавад.
Боз як масъалаи муҳим – дар панҷ соли охир муборизаи зидди коррупсияро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардоштем. Бо ин мақсад зери раёсати раиси Сенат Шӯрои миллии мубориза бар зидди коррупсия ташкил гардид. Ғайр аз ин, Агентии мубориза бар зидди коррупсия низ фаъолона кор мебарад.
Пас аз ин низ барои барҳам додани ин иллати боздорандаи тараққиёт тамоми нерӯву воситаҳои давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамоем.
Дар ин бобат фақат бо ҷалб намудани айбдорон ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ иктифо накарда, чораҳои низомноки пешгириро андешидан зарур аст. Дар асоси ин нафақат оқибатҳои коррупсияро бартараф намудан, балки барои сабабҳои онро пешакӣ бартараф сохтан чораҳои таъсирбахш ба амал оварда мешаванд.
Аммо ҳамаи мо хуб медонем, ки бар зидди балои коррупсия  танҳо бо чораҳои ҳуқуқиву давлатӣ мубориза бурда намешавад. Барои ин дар шуури ҷомеа, пеш аз ҳама дар шуури ҷавонон, муносибати номуросокоронаро ташаккул дода, муттаҳид намудани қувваҳои солим аҳамияти бузург дорад.
Дар барпо намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати мардумсолор баланд бардоштани маданият ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, ба мардум фаҳмондани моҳият ва маънои қонун ва қарорҳои қабулгардида аҳамияти муҳим касб мекунад.
Аз ин рӯ, ташаккул додани муносибати боэҳтиромона ба қонун ва риояи қонун ба вазифаи аввалдараҷаи ҳар як оила, тамоми муассисаҳои таълимӣ – аз кӯдакистон то мактабу муассисаҳои таълими олӣ бояд гардад.
Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!
Зимни вохӯриҳои пешазинтихоботии тамоми номзадҳо аз ҷониби вакилони интихобкунандагон боз як пешниҳоди муҳим гузошта шуд, ки имрӯз онро худи ҳаёт ва мантиқи ислоҳотамон тақозо менамояд. Ин ҳам бошад, дар мамлакатамон ба амал овардани ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. 
Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар андозем, дар даврони гардишҳои куллӣ дар бисёр давлатҳо ба амал татбиқ намудани ислоҳоти конститутсионӣ ба назар мерасад. Аз ин сабаб, пеш аз ҳама, бо сенаторон ва депутатҳо, ҷамъияти васеъ, халқ бори дигар машварат намуда, таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонро омӯхта, хеле пухтакорона андешида, масъалаи такмил додани Қонуни Асосиро, ки тараққиёти ояндаамонро муайян менамояд, бояд баррасӣ намоем.
Сеюм, дар дараҷаи талабот рушд бахшидани иқтисодиёти миллӣ, суръати он аз вазифаҳои устуворамон ба шумор меравад.
Дар ҳоле ки захира ва имконоти мавҷудаи мамлакатро сафарбар менамоем, мақсад гузоштем, ки минбаъд низ маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ба ҳар сари аҳолӣ зиёд намоем. Дар натиҷа то соли 2030 Ӯзбекистон ба қатори давлатҳое дохил гардад, ки даромадаш ба ҳар сари аҳолӣ аз дараҷаи миёна баланд мебошад. Ба ин мақсад даст ёфтан, пеш аз ҳама, аз ҳисоби рағбатноксозии сектори хусусӣ ва афзудани саҳми он ва ҳамчунин ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои мисол, дар асоси принсипи «аз ашёи хом то маҳсулоти тайёр» мо низоми кластерро дар соҳаҳои таҳрикбахшанда инкишоф медиҳем.
Барои даст ёфтан ба суръати баланди иқтисодиёт чорабиниҳои аввалдараҷа ба заминаи таъмини суботнокии макроиқтисодӣ ва паст намудани дараҷаи инфлятсия то панҷ фоиз андешида мешаванд.
Инчунин, мо ба таъмини суботнокии буҷа ва қарзи хориҷӣ, васеъ намудани имконоти буҷаҳои маҳаллӣ аҳамияти афзалиятнок медиҳем.
Мо дар бобати минбаъд дастгирӣ намудани соҳибкорӣ, кам кардани бори андоз, ба вуҷуд овардани шароити ягона барои аҳли тиҷорат ва инфрасохтори ногузир ислоҳоти оғознамударо шадидан идома медиҳем.
Яке аз вазифаҳои бартариноки ислоҳоти иқтисодиёт тезонидани ҷараёнҳои гузариш ва хусусӣ гардондани корхонаҳои давлатӣ боқӣ мемонад.
Аз ҳисоби ба вуҷуд овардани бозоре, ки ба рақобати озод асос меёбад, ба таъмини кафолатноки аҳолӣ ва соҳибкорон бо захираи энергия ноил гардида мешавад.
То соли 2026 аз тариқи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, аз ҳисоби давлат таълим додани ҷавонон ва шаҳрвандони бекор ба касбҳои бозоргир, инкишофи соҳибкории оилавӣ, ном ба ном дастгирӣ намудани қишри аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор ба ду баробар кам кардани қашшоқӣ дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, бо роҳи ислоҳсозии низоми идораи ҳимояи иҷтимоӣ, сифати он баланд гардида, домани мадади хидматрасонии иҷтимоӣ васеъ мегардад.
Боз як вазифаи муҳим – ҳалли масъалаи манзил, ба вуҷуд овардани фазои муносиби аҳолӣ дар маркази диққати мо хоҳад буд.
Дар панҷ соли охир дар асоси барномаҳои қабулнамудаамон, аз он ҷумла, дар бобати сохтмони иморатҳои арзон, беш аз 140 ҳазор хона ва ҳавлиҳои хусусӣ ба баҳрабардорӣ супорида шудааст. Ин нисбат ба панҷ соли пештар аз ин 10 баробар зиёд аст.
Мо домани ин корҳоро васеъ намуда, дар минтақаҳо мавзеъҳои «Ӯзбекистони Нав»-ро бо тамоми қулаӣ ва инфрасохтори иҷтимоиаш барои зисти беш аз 1 миллион нафар барпо менамоем. Татбиқи барномаҳои «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» муттасил идома дода мешавад.                
Ҳамзамон лоиҳаҳои бузург дар бобати таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, кушодани роҳҳои замонавӣ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ, беҳсозии кори нақлиёти ҷамъиятӣ, инчунин равуои муттасили автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоии байни минтақаҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Барои мо рушди суръатнок, куллан баланд бардоштани самаранокӣ ва диверсификатсияи хоҷагии қишлоқ чун соҳаи стратегӣ аҳамияти фавқулодда муҳимро молик аст. Дар ин ҷанба азнавкоркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар заминаи кластерҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти мо – баланд бардоштани сифат ва дараҷаи ҳаёти аҳли қишлоқ аст. Бо ин мақсад мо барои ду баробар афзудани даромади фермер ва деҳқонон шароити ногузир ба вуҷуд оварда, афзоиши солонаи суръати инкишофи хоҷагии қишлоқро ба на камтар аз панҷ фоиз мерасонем.
Чорум, минбаъд низ татбиқи сиёсати адолатноки иҷтимоӣ, таъмини таълим ва тарбияи босифат чун омили муҳимтарини рушди сармояи инсонӣ дар маркази диққати мо қарор хоҳад гирифт.
Барои дар мамлакати мо ташаккул додани пояи Ренессанси Сеюм мо ба дониши замонавӣ ва тарбия ниёз дорем. Такрор мекунам: дониш ва тарбия. Ба мо муаллимону мураббиёни баландихтисос, профессору омӯзгорон, зиёиёни ҳақиқӣ лозим аст, ки қодиранд барои тараққиёти имрӯза ва фардои мо, тақдири ҷавонон масъулиятро ба души худ гиранд.
Бояд рӯирост иқрор шуд, ки ҳамаи мо аз ин одамони меҳнатдӯст ва фидокор қарздорем. Дар ин бобат ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо тамоми қувваю имкониятҳоро ба кор мебарем, ки меҳнати муаллимону профессоронро ба таври бояду шояд ҳавасманд гардонем. Барои то соли 2025 ба муодили 1 ҳазор доллар расондани музди меҳнати омӯзгорони тоифаи олӣ чораҳо андешида мешаванд.
Дар ин роҳ мо пеш аз ҳама бо роҳи ба ҳам мувофиқ кунондани системаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ тайёрии бачагонро ба мактаб беҳтар мегардонем. Дар тамоми минтақаҳои кишвар даҳҳо муассисаҳои нави таълимии томактабӣ сохта мешаванд. Масалан, ҳар сол ба кӯдакистон 2 миллион нусха адабиёти муосири таълимӣ дода мешавад.
Баланд бардоштани тайёрии касбӣ ва маҳорати коркунони кӯдакистон  аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Бо ин мақсад ихтисоси зиёда аз 160 ҳазор нафар кадрҳои педагогии соҳа  такмил дода мешавад.
Бо назардошти афзудани шумораи кӯдакон Барномаи миллии таълим, ки ба сохтани мактабҳои нав, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии мавҷудаи онҳо, таъмин кардани равобити бефосилаи байни тамоми зинаҳои соҳа нигаронда шудааст, таҳия хоҳад гардид.
Аз 62 фоизи ҳозира камаш ба 80 фоиз расондани дараҷаи фарогирӣ бо таълими томактабӣ, дар низоми таълими олӣ бошад, ба 50 фоиз, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар мактабҳоро вазифаи аввалиндараҷа мешуморем.
Мо дар баробари барпо намудани муассисаҳои нави таълими олӣ, корҳои оиди бо ҷойи зист таъмин кардани донишҷӯён оғоз намудаамонро идома медиҳем. 
Таъмини саломатии мардумамон минбаъд низ дар стратегияи рушди мо вазифаи асосӣ боқӣ мемонад. Ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи ба ин соҳа равонкардашуда ду баробар афзоиш дода, аз ҷумла дар панҷ соли оянда маоши шифокорони тоифаи олӣ ба муодили 1000 доллар расонда шавад.
Мақсади асосӣ аз ба низоми ҳақиқие, ки ба дарди мардум шифо мебахшад, бо самараи баланд кор мекунад, табдил додани соҳаи тиб иборат аст. 
Ба воситаи зинаи ибтидоии тиб ба профилактикаи тиббӣ, баланд бардоштани нақши шифокорони оилавӣ эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҷумла, барои барвақт ошкор намудани бемориҳое, ки дар байни аҳолӣ бештар паҳн шуда, сабаби асосии марги бармаҳал мебошанд, гузарондани чорабиниҳои мушаххаси скринингӣ, ройгон бо доруҳои махсуси профилактикӣ таъмин кардан ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чораҳо андешида мешаванд.
Дар ин бобат аз ҳисоби ҷорӣ кардани технологияҳои ахбор пешгирии ҳолатҳои коррупсия, аз ҳама муҳимаш, розӣ кардани аҳолӣ вазифаи асосӣ боқӣ мемонад.
Дар вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо доираи хидматҳои тиббии ихтисосонидашуда васеъ гардонда мешаванд. Низоми суғуртаи давлатии тиббӣ ба роҳ монда шуда, маблағ бо пайвастан ба бемори аниқ ҷудо карда мешаванд.
Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, қарор додани тарзи ҳаёти солим барои мо самти муҳим боқӣ мемонад. Дар баробари ин мо аввал низоми оммавии варзишро мефаҳмем, ки он дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ хидмат мекунад.
Бо ин мақсад дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба рушди варзиши оммавӣ, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ, роҳравҳо барои пиёдагардон ва велосипедронҳо, паркҳои экологӣ, толорҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин барои рушди ҳаракати Олимпӣ ва Паралимпӣ шумораи мактабҳои варзиширо зиёд карда, иншоотҳои нави варзишӣ месозем. Дар ин бобат барои рушд ва тарғиби ҳар як намуди варзиш, ки ба Бозиҳои олимпӣ ворид карда шудаанд, барномаҳои ҳамаҷониба амалӣ карда мешаванд.
Дӯстони азиз!
Эътибор додан ва ғамхорӣ зоҳир намудан, ба намояндагони насли калонсол ҳамаҷониба гиромӣ доштани онҳо арзиши азалии халқамон маҳсуб меёбанд. Нигоҳ доштани чунин фазилати беназир, дар ҳамин руҳ  тарбия намудани фарзандонамон вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, шароити мураккабе, ки пандемия ва буҳрони иқтисодӣ ҳукм меронад, дар баъзе ҳудудҳои ҷаҳон пиронсолон дар гирдоби мушкилоти худ танҳо мемонанд. Барои ин мо бояд кори оид ба пурмазмун ва файзбор гардондани ҳаёти бобоён ва момоёни муҳтарамамон, собиқадорони меҳнат, барои онҳо офаридани шароити муносиби зиндагӣ, мустаҳкам намудани саломатӣ оғоз намудаамонро пурзӯр гардонем. То ки ин инсонҳои муҳтарам ҳамеша эҳсос кунанд, ки дар оила ва ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи арзанда доранд. 
Бо ин мақсад зиёд гардондани чорабиниҳои маънавию маърифӣ ба монанди «Вохӯрии се насл», «Ҳафтаи пиронсолон», ки руҳияту табъи нурониҳоро баланд мебардоранд, дар ҳар ноҳия барои васеъ гардондани корҳои дастгирии собиқадорон барномаҳои алоҳида тартиб дода, амалӣ намоем ба мақсад мувофиқ хоҳад шуд.
Ба мақсади дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкам намудани тамоюлҳои меҳру оқибат, меҳрубонӣ ва саховат ба таъмин кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ногиро эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҳама муҳимаш, ин низом бояд дар амал кор кунад ва ин тоифа одамон худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунанд.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ барои бо ҷойи кафолатноки корӣ ва манбаи даромад таъмин кардани шаҳрвандони ногироӣ дошта оид ба квотаҳои амиқ муайян намудан ба онҳо ба қонунгузории амалкунандаи мо тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд.
Маълум аст, ки дар мамлакати мо ба дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор, таълиму тарбия додан ба онҳо, омӯзиши касб ва таъмин кардан бо ҷойи зист, дарёфти ҷойи сазовор дар ҷамъият эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Баҳри дар муҳити наздик ба оила, бомаърифату соҳиби касбу ҳунар тарбия намудани кӯдаконе, ки дар «Хонаҳои меҳрубонӣ» ва мактаб-интернатҳои махсус зиндагӣ мекунанд, корҳои дар доираи «Дафтари меҳр» оғоз намудаамонро пайваста идома додан вазифаи ҳар яки мост.
Мехоҳам ҳамчун натиҷаи амалии кори мо дар ин соҳа як мисол оварам. Дар давоми се моҳи минбаъда даҳҳо кӯдакони дар ин гуна муассисаҳо тарбияёфтаро инсонҳои наҷиб ба фарзандӣ гирифтанд. Ҷолиби диққат аст, ки ба туфайли ин се «Хонаи меҳрубонӣ», як «Шаҳраки кӯдакона» фаъолияташонро қатъ карданд. 
Ба чунин ҳамватанони меҳрубон, фарзанддӯсту кушодадил, ки фазилати баланди инсонии халқи ӯзбекро намоиш медиҳанд, соҳибкорону зиёиёни саховатманд, ходимони Гвардияи миллӣ, ки хонаҳои бачаҳоро ба васоят гирифта, корҳои некро амалӣ менамоянд, аз номи худам ва халқамон миннатдории беандоза изҳор менамоям. 
Имрӯзҳо бонувони мо, ки фариштаи файзи хонадонамон буда, дар ҳамчун инсони баркамол тарбия намудани фарзандонамон саҳми арзанда мегузоранд, дар тамоми ислоҳоти мо фаъолона ширкат меварзанд. Шумо хуб медонед, ки таваҷҷӯҳи доимӣ ва ғамхорӣ нисбати модарону хоҳарони азиз ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатиест, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ба мақсади таъмини шуғли занон, минбаъд баланд бардоштани нақш ва мақоми онҳо дар идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, васеъ гардондани шароит барои зоҳир намудани иқтидори онҳо, ба дараҷаи нав баровардани кор дар соҳаи баробарии гендерӣ, ҳифзи оила, модар ва кӯдак Барномаи миллии дахлдор қабул хоҳад шуд.
Ташаккул додани авлоди солим ва ҳамаҷониба баркамол, махсусан духтарон, рӯйи об баровардани қобилият ва истеъдоди онҳо, дар руҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумбашарӣ тарбия намудани онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор хоҳанд ёфт. 
Оид ба дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳамватанонамон, ки дар хориҷа таълим мегиранд ё кор мекунанд, инчунин аъзои оилаи онҳо дар кишварамон чораҳои иловагӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла ба воситаи фонди ҷамъиятии «Ватандошлар» алоқаҳои ҳамватанонамон, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, бо оилаҳояшон мустаҳкам карда мешавад. Кори низомнок оид ба ваҳдати шаҳрвандонамон дар хориҷ дар асоси забони модарӣ, фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳо, инчунин баҳри самаранок равона намудани донишу неруи онҳо ба рушди кишварамон идома дода мешавад. 
Панҷум, дар Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав дар баробари дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба ислоҳот дар соҳаи маънавию маърифатӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. 
Мо хуб дарк менамоем: агар ҷисми ҳаёти ҷомеа иқтисодиёт бошад, қалб ва руҳи он маънавият аст. Дар бунёди Ӯзбекистони нав мо ба ин ду омили муҳим такя мекунем, яъне ба иқтисодиёти тавоно, ки ба тамоюлҳои бозор асос меёбад ва маънавияти мустаҳкам, ки асоси онро мероси ғании таърихии халқи мо, арзишҳои миллӣ ва умумбашарӣ тартиб медиҳад.
Ба ин мақсадҳо консепсияи «Ӯзбекистони Нав - ҷамъияти маърифатнок» татбиқ хоҳад шуд.
Ба тарғиби моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддас — ислом, тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон, дар онҳо ташаккул додани мавқеи қатъии ҳаётӣ ва эътиқоди солим дар асоси тамоюли «Маърифат — бар зидди ҷаҳолат» таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунем. 
Шумо медонед, ки Ӯзбекистон давлатест дорои  сарвату имкониятҳои бузург. Вале, фикр мекунам, агар гӯям, ки сарвати бузургтарини мо тинҷию осудагӣ, ҳурмати тарафайн ва ҳамҷиҳатии намояндагони миллату халқиятҳои гуногун ва конфессияҳои динист, ҳамаатон маро дастгирӣ менамоед.
Имрӯз, хоссатан, дар мамлакатамон чун дар як оила аҳлу тифоқ ба сар бурда, бо меҳнати фидокоронаи худ ба рушди Ӯзбекистони азизамон саҳми сазовор гузошта истодани намояндагони беш аз 130 миллату халқият мояи дилхушист.
Бо ин сарвати бебаҳо ифтихор менамоем ва тамоми неруву имкониятҳои давлату ҷамъиятамонро ба таҳким бахшидани фазои дӯстиву аҳлӣ дар мамлакатамон сафарбар менамоем.
Ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаминро алоҳида таъкид намуданиям, ки дар сиёсати давлатии мо минбаъд низ ба ҳифзу рушди худшиносӣ, забону маданият, дин, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳо рӯйи эътибор гардонда мешавад.
Шашум, имрӯз инсоният ба мушкилоти зиёди умумибашарӣ рӯ ба рӯ меояд, ҳаллу фасли онҳо аз вазифаҳои рӯзмарра маҳсуб меёбад.
Мо дар замони  ҷаҳонишавӣ ва дигаргуниҳои шадид ба сар мебарем. Имрӯз  таҳдидҳое, ба мисли тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ, радикализм, экстремизм ва терроризм, савдои одам, нашъаҷаллобӣ дар мамлакати мо низ аз вазифаҳои рӯзмарраест, ки бояд ҳаллу фасл гарданд.
Барои ҳаллу фасли ин мушкилот бояд неруву имкониятҳо якҷо ва саъю ҳаракатҳо ҳамоҳанг карда шаванд. Ин дар навбати худ маънои онро дорад, ки бояд мушкилоти глобалӣ дар дараҷаи милливу минтақавӣ, ки қиёфаи ояндаи моро муайян месозад, ҳаллу фасл гардад.
Дар мамлакатамон таъсири манфии таҳдидҳои экологӣ меафзояд. Тӯфони регии дирӯз содиргардида низ ин гуфтаро собит намуд.
Вазъияте, ки ба хушкшавии баҳри Арал иртибот дорад, торафт шиддат пайдо мекунад. Дар ин хусус мо бояд оиди ба ҳаёт татбиқ намудани қарори Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид, ки соҳили баҳри Аралро минтақаи инноватсия ва технологияҳи экологӣ эълон кардааст, чораҳои маҷмӯӣ андешем. Ҳамчунин, мо бояд фаъолиятамонро доир ба коркарди Хартияи умумиҷаҳонии экология, ки асосҳои сиёсати нави экологии Созмони Милали Муттаҳидро ташкил медиҳад, пурзӯр намоем.
Барои пайгирона ба амал татбиқ намудани қарору асноди конфронсе, ки дар мамлакатамон моҳи августи соли равон таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: вобастагии минтақавӣ. Таҳдид ва имкониятҳо» баргузор шуд, бо ҳамкорони байналхалқиамон чорабиниҳои зарурӣ меандешем.
Ҳафтум, боз ҳам афзун гардондани қудрати Нируҳои Мусаллаҳамон, ки кафолатгари муътамади таъмини сулҳу салоҳ дар мамлакатамон мебошад, аз мақсадҳои устувори мост. 
Дар вазъияти мураккабу муҳлике, ки имрӯз дар дунё ва минтақаамон ба вуҷуд омадааст, пурзӯр намудани омодагирии ҷангӣ, ҷисмонӣ ва маънавии ҳарбиён — ифтихори халқамон, ки ҳаёти худро ба кори мушаррафи ҳимояи Ватан бахшидаанд, вазифаи муҳим мебошад.
Мо барои дастгирии аъзои оила, беҳсозии таъминоти моддӣ, бо хонаву ҷой таъмин кардан, соҳиби донишҳои замонавӣ ва касбу ҳунар гардидани фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони соҳа ҳамаи чораҳои заруриро меандешем.
Мо муносибатҳоямонро доир ба сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодии прагматикӣ ва амиқ андешидашуда минбаъд низ ривоҷ медиҳем.
Минбаъд низ, қабл аз ҳама, тақвият бахшидани муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақсади асосии мо хоҳад шуд. Барои барқарор намудани ҳаёти тинҷу осоишта дар Афғонистон, роҳ надодан ба инқирози иқтисодиву гуманитарӣ дар ин мамлакат, ки ҳамсояи мо ва қисми ҷудонопазири минтақа аст, ба халқи  афғон кӯмак хоҳем кард. Мо аз ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нақлиётию коммуникатсионӣ бо Афғонистон манфиатдорем.
Ба вусъат додани робитаҳои серҷанбаву судбахш бо Русия, Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар шарикон эътибори алоҳида медиҳем.
Муносибатҳои серҷанбаамонро бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои ихтисосонидашудаи он, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, институтҳои байналхалқии молиявӣ ва созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории ислом, Шӯрои туркӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо мазмуну маънои нав ғанӣ мегардонем.
Бояд дари мо ба дунё, дари дунё ба мо боз бошад. Дар асл талаби ҳаёт ва рушд ҳамин аст. Мо ана ҳамин тамоюли ҳалкунандаро ба қоидаи ҳаётамон табдил медиҳем.
Ҳамватанони азизу гиромиқадр!
Мо дар тӯли панҷ соли гузашта, дар давраи басе мураккаби санҷишҳо таҷрибаи зиёд андӯхтем. Бо вуҷуди гарон будан, марраро баланд гирифта кору зиндагӣ карданро омӯхтем. Табиист, ки дастовардҳои халқе, ки марраро калон гирифтааст, назаррас мегардад.
Дар назди худ, бо назардошти таҷрибаҳои андӯхта дар роҳи рушди миллӣ, дар стратегияи рушди Ӯзбекистони нав   бино ба ҳамаи самту соҳаҳо, минтақаву ҳудуд, хусусан, ҳар як маҳалла  вазифаҳои баландтар гузошта истодаем.
Ҳамаамон шоҳидем, ки имрӯз замон бошиддат тағйир меёбад. Биноан, мо бояд суръати ислоҳотро паст накарда, танҳо ба пеш равем, аз ҳар соат, ҳар рӯз пурсамар истифода барем. Зеро тавре ки ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд фармудаанд: «Ҳар кӣ вақтро зоеъ гардонад, вақт ба душмани ӯ табдил меёбад».
Мо бояд ин ҳикматро ҳеч гоҳ фаромӯш накунем.
Дар ҳамин дақиқаҳои ҳаяҷонбахш фикреро алоҳида таъкид кардан мехостам: ман ба сифати Президент дар роҳи осудагии мамлакат, фаровонии халқ, рушди Ватан тамоми ҳастиямро мебахшам ва ба халқам содиқона хидмат карданро мазмуну маънои ҳаётам меҳисобам. Барои ман, ба ҷуз ин, мақсад ва бахту саодати олӣ вуҷуд надорад.
Дастгирии таҳтидилонаи шумо, ҳамватанони гиромиқадр, дуои падару модарони нуронӣ ва боварии ҷавонони азиз ба ман ғайрату нерӯ мебахшад.
Биноан, аз меҳнат кардан бо шумо ва халқамон ҳеч гоҳ хастагиро ҳис намекунам.
Дар поёни суханам мехостам орзуҳои некамро изҳор намоям.
Ватани азизу муътабарамон ҳамеша тинҷ бошад!
Ба халқамон бахту иқболу омад ёр бошад!
Ба ҳама сиҳату саломатӣ, бахти оилавӣ, комёбиҳои нав ба нав таманно дорам!
Дар ба амал татбиқ гардидани ниятҳои поку бузургамон Офаридгор мадад бахшад!
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: