Дар Аврупо штамми нави коронавирус паҳн мешавад

Олимон варианти нави СOVID-19-ро муайян карданд. Ин мутатсия, ки XEC номида шудааст, тахмин меравад, ки дар моҳҳои оянда ба штамми бартаридошта дар саросари ҷаҳон табдил ёбад.

Дар ин бора Хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Ин версияи коронавирус бори аввал дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Олмон ба қайд гирифта шуд. Баъд дар Британияи Кабир, ИМА, Дания ва дигар кишварҳо аниқ гардид.

Бино ба андешаи профессори Донишгоҳи Лондон Франсуа Баллу вируси гепатити С метавонад сирояти ин вирусро осон кунад. Инчунин, ваксинаҳо барои мубориза бо эпидемияҳо ва пешгирии ҳолатҳои вазнин мусоидат мекунанд.

Дар навбати худ, доктори Донишкадаи тадқиқотии Скриппс Эрик Топол пешгӯӣ кард, ки барои доминант гардидани вируси XEC мумкин аст чанд моҳ лозим шавад.

Аломатҳои штамми нав ба версияҳои қаблии СOVID-19 монанд аст. Табларза, хастагӣ, сулфа ё дард дар гулӯ ва дигар қисмҳои бадан аз ин ҷумлаанд. Аз тарафи дигар, раванди барқароршавии бадан пас аз беморӣ чанд ҳафта давом мекунад.

Тибқи хулосаи Агентии бехатарии тандурустии Бритониё, мутатсияи коронавирус муқаррарӣ аст. Агентӣ вобаста бо вазъи феълии эпидемиологӣ шаҳрвандони аз 65-сола боло ва кормандони соҳаи тибро ба эмкунии такрорӣ даъват кардааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: