ДАР АЁДАТИ МОМОИ САДСОЛА

Синни сокини маҳаллаи «Пилол»-и шаҳраки Варзики ноҳияи Чуст Зумрадҷонмомо Абдураззоқова ба 100 наздик аст.

Синни сокини маҳаллаи «Пилол»-и шаҳраки Варзики ноҳияи Чуст Зумрадҷонмомо Абдураззоқова ба 100 наздик аст. Дар арафаи ҷашни Наврӯз барои аёдати момо рафтем. Моро духтарони момо Роҳат ва Мағфират бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд.
Маълум шуд, ки ҳар сол дар фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз меҳмонони бисёр ба зиёрати момо меомадаанд. Он рӯз ҳам зиёраткунандагон зиёд буданд.
Соли 1945 баъди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон Шарофбой Абдураззоқов аз як пояш ҷудо шуда ба зодгоҳаш – Варзик бармегардад ва ба Зумрад хонадор мешавад. Онҳо аҳлу тифоқ зиндагӣ карда, соҳиби 8 фарзанд мешаванд. Ҳоло духтарону писарони момо Инобатҷон 75-сола, Ҳанифахон 72, Сайфулло 70, писари хурдӣ Маъруфҷон 52-сола мебошанд. Набераю абера ва чабераҳои Зумрадҷонмомо аз 100 нафар зиёд аст.
– Ҳеҷ кас аз кор пир намешавад. Баръакс, меҳнат одамро аз бемориҳо халос карда, қувваташро дучанд мекунад, – мегӯяд момо. – Ба ин зиндагии ман гувоҳ аст. Як умр меҳнат кардам. Баробари кори саҳро бо кирмакпарварӣ машғул шудам. Он солҳо ҳаётамон чун ҳозира осоиштаву дастархонамон пурбор набуд. Вале шукр мекардем. Зеро мардон ба ҷанг рафта буданд, ҳамаи корҳои саҳроӣ бар дӯши мо – занон гузошта шуда буд, – ба хотир меоварад Зумрадҷонмомо.
– Тамоми фарзандони ӯ соҳибони касбу кори худ мебошанд. Бо меҳнати шоён дар маҳалла намунаи ибратанд. Набераҳои момои муборак Аҳадҷон ва Баҳодур сарварони хоҷагиҳои фермерии боғу токпарварии «Нурҳаёт – Исломбек» ва «Азизӣ» ба шумор мераванд. Бинои маҷмӯи тантанаҳои «Лабисой»-ро набераи дигари вай Ботирҷон бунёд кардааст. Кӯпруки таъмирталаби маҳаллаи Майдон низ аз ҳисоби маблағи Ботирҷон пурра аз таъмир баромад, – гуфт яке аз ҳамсоягони Зумрадҷонмомо Сабоҳат Валиева.
Ҳангоми бозгашт момо даст ба дуо бардошта, ниятҳои нек карданд, аҳли кишварро бо ҷашни Наврӯзи дилафрӯз табрику муборакбод намуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
шаҳраки Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: